Нигоҳубинии пӯсти рӯй дар шароити хона

60

Барои солиму зебо нигоҳ доштани рӯй дар шароити хона чанд қоидаи маъмуле вуҷуд дорад, ки дар ҳолати риояи нодурусти ин қавоид пӯсти рӯй метавонад осеби ҷиддӣ бинад. Пок ва рутубатсозӣ, ғизодиҳӣ ва муҳофизаткунии пӯсти рӯй новобаста ба намуди он рукнҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Дар интихоби малҳамҳо мебояд аз эҳтиёт кор гирифт, зеро дар ҳолати мувофиқ наомадани малҳам ба пӯст на суд, балки зарар хоҳед дид.

Марҳилаи аввали нигоҳубини рӯй – бо об шустани он аст. Агарчи саҳл намояд, вале баъзе нозукиҳо дорад. Об чанд навъ аст: хунук, гарм, ҷӯш, ширгарм, нарм ва дурушт, оби борон, оби барф ва амсоли инҳо. Новобаста аз навъи пӯст мутахассисон тавсия медиҳанд, ки рӯйро бо оби нарм, ба мисли оби борон ва барф шустан муфид аст. Агар чунин имконият даст надиҳад, барои нарм кардани об онро ҷӯшонида, баъдан дар 2 литр 1 қошуқча танакор (бура) илова месозанд. Аксарияти пардозгарони рӯй тавсия медиҳанд, ки субҳгоҳон рӯй ва гарданро бо ях молиш додану шустан нафъовар аст. Ях рӯйро зебо сохта, сӯрохиҳои пӯстро танг ва тобиши онро беҳтар мегардонад. Буғдиҳии рӯй низ барои беҳтар шудани гардиши хун ва ҳаворасии он муфид аст. Барои ҳама навъи пӯст ҳафтае як маротиба буғдиҳӣ кифоя мебошад ва ба нафарони бемориҳои пӯстдошта тавсия дода намешавад. Барои буғдиҳии рӯй ба мо сачоқи нарм ва тағорача лозим аст. Барои буғдиҳӣ чойи аз лимӯ ва гиёҳҳоро дам кардан зарур аст. (гиёҳҳо: бобуна, пудина, мармарак, чойкаҳак, эвкалипт, лимӯгиёҳ, зерфун ва ғ.) Ба 1 л об 2 қошуқ гиёҳ ва 1 қошуқча оби лимӯ ҳамроҳ месозанд. Рӯйро қаблан шуста, болои зарф хам шуда, бо сачоқ сарро панаҳ кардан зарур мебошад. 10 дақиқа кифоя аст. Сипас, бо сачоқ рӯйро оҳиста-оҳиста тоза карда, бо оби ширгарм чайқонидан лозим аст.

Дар фасли сармо, ки пӯсти рӯй аз норасоии рутубат танқисӣ мебинад, (дар натиҷаи дурудароз ҳозир будан дар хонаҳои гарму ҳавои хушки он) истифодаи малҳами бананагӣ муфид мебошад. 1 адад бананро пӯст канда, дар зарфе мегузорему лат мезанем, то мисли кашк гардад. Ба он 1 қошуқча шир илова карда, меомезем. Боэҳтиёт ба рӯй молида, муддати 10–15 дақиқа нигоҳ медорему баъдан бо оби ширгарм мешӯем. Сипас, як пораи яхро ба рӯй мемолем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.