Ҳидоят ва ҳимояти ҳамсар

69

Бо тааммули андак, дар сохтори руҳӣ ва ҷисмии зану мард, бахубӣ мушоҳида мекунем, ки миёни ин ду қишр, муштаракот ва имтиёзоте вуҷуд дорад. Ин муштаракот ва имтиёзот аз сӯе сабаби пайванду иртиботи ногусастанӣ миёни онҳо шуда ва аз сӯи дигар, онҳоро аз якдигар мутамоиз сохтааст.

Шариати муқаддаси ислом низ бо таваҷҷӯҳ ба ваҷҳи муштарак ва имтиёз, вазифаи муштарак ва хоссеро бар ӯҳдаи зану мард гузоштааст, аз ҷумла сарпарастии хонаводаро ба мард супурдааст.

Супурдани чунин масъулияте ба мард, дар ҳақиқат, масъулиятҳои ӯро нисбат ба хонавода афзоиш додааст ва бояд гуфт, ин ҳукми исломӣ зимни ин ки воқеъгароёна ва ҳакимона аст, одилона ва барҳақ низ ҳаст ва на танҳо ҳаққеро аз зан поймол накардааст, балки бар каромат ва амнияту оромиши ӯ низ афзудааст.

Дар ин ҷо бахше аз ин масъулиятро бо унвони ҳидоят ва ҳимоят ба ихтисор баён мекунем.

а) Ҳидоят

Аз назари ислом ҳамаи инсонҳо нисбат ба якдигар масъул ҳастанд. Ҳар кас бояд дар ҳадди тавони хеш дар беҳбуди вазъи ҷомеаи исломӣ бикӯшад. Ҳеч гуна илму огоҳӣ ва тарҳу пешниҳодеро аз дигарӣ дареғ наварзад ва ҳама якдигарро дар роҳи хайру салоҳ ва ба таъбири Қуръон, бар “бирру тақво” кӯмак намоянд.  Ин матлаб дар хонаводаҳо ва ба вижа нисбат ба сарпарасти хонавода, намуди бештаре меёбад ва ӯ бояд бо тамоми тавон бикӯшад то хонаводаро аз ҷанбаҳои гуногуни фикрӣ, ақидатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ибодӣ, ахлоқӣ ва ғайра бо шариати муқаддаси ислом ҳамоҳанг созад то худ ва аъзои хонавода ба саодати зиндагӣ ноил шаванд. Агар марде ба ин вазифаи муҳим иқдом кунад, ба хушбахтии дунё ва охират даст хоҳад ёфт; чунон ки Имом Содиқ(а) фармуд: “Аз хушбахтии мард аст, ки сарпарасти хонаводааш бошад”.

Барои таҳаққуқи ин мавзӯъ бояд ду иқдоми асосӣ анҷом гирад: тавҷеҳ ва иршод.

Сарпарасти хонавода бояд бо тадбиру андеша, барномаҳои кӯтоҳмуддат ва баландмуддати зиндагиро дар ростои хушбахтии аъзои он тарроҳӣ кунад ва зимни роҳнамоиҳои дақиқ ва ҳисобшуда бо кирдори худ низ нақши улгуи дилсӯзу содиқро ифо намояд.

Таъбири амиқ ва ҳамаҷонибаи Қуръони Маҷид дар ин робита чунин аст: “Хонаводаи худро ба намоз фармон бидеҳ ва бар анҷоми он шикебо бош, аз ту рӯзӣ намехоҳем, (балки) мо ба ту рӯзӣ медиҳем ва оқибати нек барои тақвост” – (Тоҳо, ояти 132).

Идома дорад…

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.