Парҳез аз осеб ба зиндагии муштарак

210

Агар мехоҳед робитаи шумо дар зиндагии муштарак осеб набинад ва ҳамеша эҳсоси хушбахтӣ кунед аз анҷоми бархе корҳо парҳез кунед.

Хонумҳо ҳамеша ба думболи роҳкоре ҳастанд то хушбахтӣ ва шириниро дар зиндагии заношуӣ таҷриба кунанд ва як издивоҷи муваффақ дошта бошанд.

Агар шумо қасд доред то зиндагии муштараки худро бо хушбахтӣ ва саодат ҳамроҳ кунед яке аз беҳтарин роҳкорҳо шиносоии сабабҳои вайронкунандаи зиндагии заношуиӣ аст, мо дар инҷо ба чанд нукта, ки душмани зиндагии муштарак ба ҳисоб меоянд, ишора мекунем.

Телевизион ва телефони ҳамроҳ зиндагии муштаракатонро нишона мераванд

Ҷоолиб аст бидонед, ки телевизион ва телефони ҳамроҳ қотили ишқ маҳсуб мешаванд ва робитаи завҷайнро сард мекунанд ва зиндагиро бо мушкил мувоҷеҳ мекунанд, тавсия мешавад, ки шом хӯрдан ҷилави телевизионро манъ кунед, вақте аъзои хонавода мудом ҷилави телевизион ба тамошои филм машғул ҳастанд дигар бо ҳам сӯҳбат намекунанд ва аз ҳоли якдигар бохабар намешванд.

Агар хомӯшии телевизион ё канор гузоштани телефони ҳамроҳ ба вижа дар шабҳо барои аъзои хонавода душвор аст ин қарорро байни худатон бигузоред, ки ҳаддиақал 2 то 3 шаб дар ҳафта телевизион ва телефон ҳамроҳро канор бигузоред ва ба дарди дилҳои якдигар гӯш диҳед.

Изофакорӣ, ишқ ба ҳамсаратонро кам мекунад

Агар шоғил ҳастед саъй кунед ҳамеша изофакор намонед, чароки соатҳои кори боло сабаби хастагӣ ва асабонӣ шумо мешавад ва бо интиқоли он ба фарзанд ва ҳамсаратон конуни гарми хонавода осеб мебинад.

Саъй кунед зуд ба хона баргардед ва қабл аз шом каме вақти худро барои сӯҳбат кардан бо ҳамсаратон ихтисос диҳед дар ин замон тамоми машғалаҳои фикриро аз худ дур кунед ва ҳамаи таваҷҷуҳатон ба ҳамсаратон бошад.

Бетаваҷҷӯҳӣ, самме, ки зиндагии муштаракро талх мекунад

Яке аз бузургтарин душманони зиндагии муштарак бетаваҷҷӯҳӣ аст, ҳеҷ чиз монанди нигоҳ кардан ба ҳамсар ва таваҷҷӯҳ ба ӯ зиндагиро ширин намекунад; агар ҳамсаратон либосе пӯшид, ки ӯро бисёр мураттаб ва ороста нишон медод ҳатто вокуниш нишон диҳед ва мавриди тамҷид ва таъриф қарор диҳед чароки таъриф ва тамҷид дар сурате, ки баҷо ва андоза бошад ишқи шумо ва ҳамсаратонро зиёд мекунад.

Саволпеч кардан мамнуъ

Бояд бидонед, ки мардон аз саволпеч кардан бадашон меояд, бархе занон билофосила пас аз инки касе занг мезанад ё ҳамсарашон ба масъалае ишора мекунад мехоҳанд бо саволҳои зиёд ҷузъиёти тамоми масоилро бифаҳманд аммо мардон аз саволпеч кардан безор ҳастанд, пас муроқиб бошед ишқатонро ба дасти худатон нобуд накунед.

You might also like
1 Comment
  1. […] Парҳез аз осеб ба зиндагии муштарак […]

Leave A Reply

Your email address will not be published.