Робитаи сард дар зиндагии муштарак

63

Иттифоқе, ки дар аксари зиндагиҳои заношуӣ меафтад ин аст, ки зан ва шавҳар ба ҷойи таваҷҷуҳ ба лаҳзоти отифӣ ба масоили дигаре монанди сохтани манзил, чидамон васоил ва дигар масоили ҳошияӣ мепардозанд, ки ба назарашон зарурӣ аст ва ғарқи дар корҳои рӯзона мешаванд. Дар натиҷа кам-кам аз ҳузури отифӣ ғофил ва дучори фаромӯшӣ мешаванд ва сафо ва самимият дар конуни хонавода камранг мешавад.

Агар зиндагӣ бо ҳушёрӣ ҳамроҳ набошад, афрод нисбат ба аҳамият додан ба равобит бетаваҷҷуҳ мешаванд. Яке аз пояҳои ҳушёрӣ эҷоди ҳузури отифӣ дар абъоди мухталиф аст. Дар ин сурат пайвандҳо бо ҳам муртабит хоҳад шуд. Бархурдҳои отифии муносиб ҳамроҳ бо иртиботи муносиб метавонад яке аз аслитарин пояҳои гуфтугӯ бошад. Онқадр бояд ҳушёр бошем, ки аз навъи нигоҳ ва лаҳни садои ҳамсарамон, ҳоли ӯро дарк кунем ва лозимаи ин шинохт ин аст, ки ӯро бубинем; ба маънои воқеӣ рӯзҳои аввали издивоҷатонро ба ёд биоваред, ки соатҳо бо ҳамсаратон қадам мезанед ва вақте нигоҳе ба соат меандохтед, бовар намекардед, ки ин муддати тӯлониро гарми гуфтугӯ будаед, иллат ин буд, ки тамоми таваҷҷуҳи шумо ба ҳамсаратон буд, ин ҳолат ҳамеша бояд дар зиндагӣ вуҷуд дошта бошад ва вақте аз байн рафт, гуфтугӯ бо шикаст рӯбарӯ мешавад. Аммо чӣ сабабҳои дигар боис мешавад, ки ин сардӣ дар зиндагии муштарак ба вуҷуд ояд?

Ҳал накардани ихтилофҳо дар замони муносиб

Зан ва шавҳар ҳар чиқадар ҳам, ки зиндагии хубе дошта бошанд билохира гоҳе ихтилоф пайдо карда ва мумкин аст дар ҳайни бигӯмагӯ ҳарфҳоеро, ки набояд бигӯянд нохудогоҳ мегӯянд. Баъзе аз ҳамсарон кинаҳоро аз байн намебаранд, роҷеъ ба он бо якдигар ҳарф намезананд ва ба ин сурат гиреҳҳои кӯчакро табдил ба гиреҳои кӯр мекунанд, ки дигар ба осонӣ қобили гушӯдан нест ва ҳамин боис мешавад то ҳаргоҳ ба зиндагии муштаракашон фикр мекунанд, ёди номулоимот ва хотироти талхашон биафтанд.

Тағйир дар тӯли замон

Байни ду нафар, ки тасмим ба издивоҷ мегиранд нуқоти муштараки зиёде вуҷуд дорад, вале аз он ҷо, ки инсонҳо дар тӯли замон тағйир мекунанд ҳар кадом аз ҳамсарон ҳам дар тӯли солиён тағйир карда, аммо бо ҳам ва ба як самт тағйир намекунанд. Ба ҳамин далел баъд аз даҳ сол ҳар кадом километрҳо аз нуқтаи оғоз ва дар масирҳои мухталиф фосила гирифтанд.

Ҳеҷ ҳарфе надоред бо ҳам бизанед

Вақте, ки шумо ва ҳамсаратон мехостед якдигарро бишносед ва тасмим ба шурӯи зиндагии муштарак доштед, ҳеҷгоҳ аз ҳарф задан бо якдигар ва баҳс кардан роҷеъ ба бисёре чизҳо хаста намешудед. Бо ҳам ҳарф мезадед то аз ин роҳ ҳамдигарро бишносед ва ба нуқоти муштараки бештаре бирасед. Вақте, ки чанд сол аз шурӯи зиндагӣ мегузард ба тадриҷ гуфтугӯ байни завҷҳо кам мешавад ва бо вуруди кӯдакон ба зиндагӣ ба ҳаддиақал мерасад; то ҷое, ки дигар наметавонанд бо ҳам ҳарф бизананд ва ё намехоҳанд бо ҳам ҳарфе бизананд ва ин шурӯи як вазъияти бад ва нохушоянд аст.

Ниёзро намешавад нодида гирифт

Марде, ки вориди идора мешавад ва бо каме лабханд ва бо ҳамкораш, ки аз ҷинси зан аст сӯҳбат мекунад, ба ҳамон миқдор барои ҳамсараш кам гузоштааст. Мард ба худаш иҷоза додааст то бо як зани дигар вориди гуфтугӯ шавад. Ҳоло бо ин рафтор ба мурури замон нисбат ба ҳамсараш сард мешавад, чун ниёзашро ҳарчанд андак дар ҷойи дигар посух гирифтааст дар натиҷа зан сард мешавад. Вақте эҳсос кард ҳамсараш аз ӯ фосила гирифтааст, робитаҳо камранг мешаванд ва дар робитаи онҳо хилал ворид мешавад.

Агар марде бо вуҷуди онки тамоми ниёзҳояш тавассути ҳамсараш бароварда мешавад, сӯроғи зани дигаре меравад, мушкиле дорад, ки бояд ба сурати мавридӣ баррасӣ шавад. Рафтори ӯ дигар урф нест. Ҳаминтавр агар зан ниёзҳои ҷинсиаш бартараф нашавад, боис мешавад зан аз робитаи ҷинсӣ бо ҳамсараш лаззат набарад аммо мард аз ин қазия огоҳӣ надорад ва тасаввур мекунад сайри ҷинсии зан ҳам монанди худ ӯст. Ба ҳамин далел вақте натавонад ишқбозиро дар масири дурусти он ҷилав бибурд, зан аз ин робитаи ҷинсӣ безор мешавад ва дигар майл надорад тарафи ҳамсараш биравад чун ин робита ӯро озор медиҳад. Дар натиҷа ба ниёзҳои ҷинсии мард ҳам посух дода нахоҳад шуд чун зан ба далели озоре, ки мебинад робитаи ҷинсии муносибе бо ӯ надорад ва ба тадриҷ мард аз зан фосила мегирад. Ин фосила ниёзро аз байн намебарад, ниёзи сари ҷояш аст ва дар фазои берун аз манзил ҳам, ки шароит муҳайё аст. Бинобарин ё бояд барои рафъи ниёз ба самти берун гароиш ёбад ва ё афсурда шавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.