Волидайн сармашқе барои фарзандон

184

Волидайни хуб ҳақиқатан сармашқҳои мусбат ва созандае ҳастанд, вале оё ин мавзӯъ, ба он маъност, ки ҳамвора волидайн корҳоро ба дурустӣ анҷом медиҳанд ва ҳарчи мегӯянд, ҳақиқат дорад?

Падару модарҳо бахше аз зиндагии фарзандонро ташкил медиҳанд ва ҳамвора ба унвони сармашқи муносибе барои онон маҳсуб мешаванд. Тақлиди кӯдакон аз волидайн амри интихобӣ нест, зеро моҳияти инсон ба гунаест, ки ба таври табиӣ ба ин сӯ қадам мебардоранд.

Падару модар метавонанд ҳам асари мусбат  ва ҳам асари манфӣ рӯи фарзандони худ гузоранд ва ин таъсир то ҳудуде ба навъи иртиботи каломӣ ва гуфтории волидайн бо фарзандон, бастагӣ дорад. Аммо ба ҳар ҳол, чун иртиботот танҳо ба сурати каломӣ нест, пас равобити отифӣ низ дар ин амалкард муассир аст. Метавон гуфт, ки тақлид ва таъйини ҳувият комилан ба таври табиӣ иттифоқ меафтад, бидуни ин ки кӯдак ё волидайн тарҳ ва барномаеро аз пеш барои ӯ таъйин кунанд.

Кӯдакон арзишҳо ва шеваҳои печидаи нигоҳ ба дунёро аз тариқи равобиташон бо волидайн меомӯзанд ва ҳаргиз намешавад ба таври мустақим ин арзишҳоро омӯзиш дод ва ба кӯдак омӯхт, ки кадом арзишро бовар кунад ва кадом якро на.

Тавре ки доктор Ҳейм Ҷинотт дар китоби худ менависад: “Арзишҳо аз тариқи ҳувияти кӯдакон, фаро гирифта мешавад ва ин улгуи арзишӣ, бо гузашти солҳо ва зиндагӣ бо афроди хонавода ва иҷтимоъ, такомул меёбад. Агар волидайн хостори саботи арзишҳо ва рафторҳои хоссе дар кӯдакони худ ҳастанд, бояд бидонанд, ки рафтори амалӣ аз гуфтор, бисёр таъсиргузортар мебошад. Ба ҳамин ҷиҳат кӯдакон бояд ба гунае омӯзиш бинанд, ки аз рафтори дуруст улгубардорӣ кунанд ва дар тӯли зиндагӣ онро ба иҷро дароваранд”. (Гуфтори фалсафии кӯдак аз назари варосат ва тарбият, саҳ.82).

Волидайни хуб ҳақиқатан сармашқҳои мусбат ва созандае ҳастанд, вале оё ин мавзӯъ, ба он маъност, ки ҳамвора волидайн корҳоро ба дурустӣ анҷом медиҳанд ва ҳарчи мегӯянд, ҳақиқат дорад?

Ҷавоби ин суол манфӣ аст. Инсон ба гунае офарида шудааст, ки аз нақсу хато ва иштибоҳ мубарро нест, вале ба ҳар ҷиҳат, хусусиёти вижа ва асосӣ дар ӯ ниҳода шудааст, ки метавонад ба унвони сармашқ ва улгу дар назар гирифта шавад. Дар ин ҷо мо ба таври ихтисор намунаҳое аз ин вижагиҳоро матраҳ мекунем:

Инсон будан

Беайбу нақс будан, мафҳумест, ки ҳаргиз амалӣ намешавад. Инсонҳо ҳамеша бояд вуҷуди нақсро дар худ ва дигарон пазиро бошанд ва бо майлу рағбат, хатоҳои худро бипазиранд ва дар ҷои муносиб узрхоҳӣ кунанд, масъулияти иштибоҳоти худро ба ӯҳда гиранд ва агар садамае ба дигарон ворид сохтаанд, дар садади ислоҳи он бошанд. Ҳамчунин ҳама бояд тавоноии бахшишро дар худ парвариш диҳанд ва хатоҳои дигаронро бибахшанд, хусусан агар кӯдакон муртакиби ин хатоҳо шуда бошанд.

Содиқ будан

Кӯдакон садоқат ва дурустиро ташхис дода ва мавриди эҳтиром қарор медиҳанд ва бештари онон қодиранд, ки риё ва дурӯиро ошкор созанд. Дурӯӣ амалест, ки эътимод ва эҳтиромро аз байн мебарад. Агар тамоюл дорем, ки фарзандонамон бо мо содиқ бошанд, ҳаргиз набояд дурӯӣ ва бемасъулиятӣ аз худ нишон диҳем ва ё дар садади пинҳон кардани он бароем. Агар мехоҳем кӯдакон бо мо рӯирост бошанд ва эҳсосоти худро ба рӯшанӣ бозгӯ кунанд, мо низ бояд бо онҳо содиқ бошем. Падару модарҳо бояд ҳамвора хостаҳои худро ба рӯшанӣ барои фарзандон бозгӯ кунанд то онҳо бештар мутаваҷҷеҳи интизороти падур модар гарданд ва битавонанд ниёзҳои худро баён доранд. Ҳамчунин падару модар набояд пушти сари касе, хусусан аъзои хонавода, сӯҳбате кунанд.

Масъулиятпазир будан

Мо бояд вазоифи худро дар баробари хонавода ва ҷомеа ба дурустӣ анҷом диҳем, ба қавли худ вафо кунем ва ҳаргиз қавле надиҳем, ки натавонем онро ба анҷом расонем. Ҳамчунин беш аз тавоноии худ, масъулиятеро напазирем. Мо волидайн бояд аз лиҳози ҷисмӣ ва руҳӣ, ниёзҳои фарзандонро бартараф кунем ва бо ҳузури худ, таваҷҷӯҳи кофиро ба онон маътуф бидорем.

Бомулоҳиза ва меҳрубон будан

Гӯши шунавои хубе барои дигарон бошем, ҳатто агар он фард, кӯдаки панҷсола бошад. Агар мо хостори эҳтиром аз сӯи фарзандон ҳастем, худ низ бояд мӯҳтарамона бо онҳо рафтор кунем. Ҳаргиз набояд дигаронро мавриди интиқод ва таҳқир қарор диҳем. Хусусан агар фарзандамон бошад, зеро ин амал сабаб мешавад, ки ӯ масъулиятпазириро фаро нагирад ва ба ҷои он интиқод кардан дар мавриди дигаронро биёмӯзад ва ҳамчунин худро ба хотири иштибоҳоташ маҳкум кунад.

Лақаб ва сифати манфӣ барои касе дар назар нагирем, (ҳатто ба шӯхӣ), зеро ин амал қалби ӯро ҷариҳадор мекунад ва солҳо дар зеҳнаш боқӣ мемонад. Хушунат ва иҷборро дар зиндагӣ ба кор набарем, зеро фарзандон низ ин гуна амал хоҳанд кард.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.