Нуктаҳои тиллоӣ барои ҳалли ихтилофҳо дар зиндагии муштарак

147

Вақте афроди қасди исботи тавоноӣ ва қудрати худро дошта бошанд ва ё бихоҳанд ҷалби таваҷҷуҳ кунанд даст ба лаҷбозӣ мезананд. Мисли кӯдаке, ки барои исботи ҳарфи худ дар баробари телевизион меистад ва ҳар чи атрофиён вайро аз ин кор манъ мекунанд ӯ ҳамчунон сари ҷои худ меистд ва бештар лаҷбозӣ мекунад.

Эшон бо идомаи ин қаҳри тӯлонӣ мехоҳад ба шумо ё атрофиён бифаҳмонад, ки иштибоҳ аз шумо буда аст на эшон. Дар вазъиятҳое, ки қаҳр тӯлонӣ шуда лозим аст, ки барои барқарории робита иқдом кунед. Саъй кунед қудрати зоҳириашонро ба ӯ бозгардонед. Барои оштӣ иқдом кунед ва ба хотири рафтори гузаштаатон аз эшон узрхоҳӣ кунед масалан бигӯед ман муқассир будам, ки ин корро кардам ва … Ин қоиларо хотима диҳед аммо дар мавриди соири мавориди ихтилофӣ бояд аз ҳамон ибтидо вориди гуфтугӯ шавед.

Наҳваи бархурд бо ҳам дар замони мушкил

– Ба думболи мавзӯи мавриди ихтилоф бошед на ёфтани нуқоти заъф якдигар. Дар кашмакаши дӯстона афрод ба думболи шинохт ва ҳалли мушкиил мераванд фориғ аз инки ин мушкил мутааллиқ ба кадом як аз тарафайн аст. Ҳеҷ як аз тарафайн набояд мутавассил ба исм гузоштан рӯи ҳам ва ё террори шахсияти дигарӣ бошанд. Танҳо кофӣ аст, ки бидуни онки мушкили ҷадиде эҷод кунед ё ба эҳсосоти ҳамдигар латма бизанед сӯроғи мушкили аввалия биравед.

– Бо нармӣ ва меҳрубонӣ ҳарф бизанем. Ҳар чи як нафар бештар дод бизанад камтар ҳарфҳояш шунида мешавад. Ҳатто агар ҳамсаратон доду фарёд бикунад ниёзе нест, ки шумо ҳам ин корро бикунед. Бо поин нигаҳ доштани дарачаи садои худ ин имконро фароҳам мекунед, ки тарафи муқобил ба ҷои инки ба сару садои атрофаш вокуниш нишон диҳад ба таври амиқ рӯи ҳарфҳои шумо мутамаркиз шавад.

– Кунҷков бошед на тадофуӣ. Дифоъ кардан аз худ бо эътирози шадид ва таъкид бар бегуноҳӣ ва ё бо ба ҳам рехтан васоил ва … кашмакаш ва душманӣ ва ситезро бештар мекунад. Ба ҷои инки шароитро бадтар кунед ба думболи иттилооти бештар, ҷузиёти камтар ва намунаҳои беҳтаре бошед. Маъмулан шикояти як нафар бар як поя ва асосе устувор аст. Вақте, ки ба таври кунҷковона бо як шикоят мувоҷеҳ мешавед фазоро барои дарк ва фаҳми беҳтар фароҳам мекунед.

– Нуқоти иштирок ва мавриди тавофуқро биёбед. Тақрибан ҳамеша як кашмакаш ва ситеза вуҷуд дорад, ки метавонад як нуқтаи иштирок бошад. Пайдо кардани заминаҳои муштарак ҳатто агар тавофуқ доштан дар заминаи вуҷуди як мушкил бошад як шурӯи хеле муҳим барои ёфтани як роҳи ҳалли муштарак аст.

– Дар ҷустуҷӯи гузинаҳо бошед. Кашмакаш замоне аз байн мераванд, ки ҳамкориҳо шурӯъ шаванд. Муаддабона пешниҳод додан боиси пайдоиши ҳамкорӣ мешавад. Расидагӣ бо диққат ба гузинаҳо баёнгари эҳтиром аст. Пешниҳоди гузинаҳои ҷойгузин ончи шумо гуфтаед ё хостаед нишонгари майли шумо барои шурӯи як робитаи ҷадид аст.

Мутолиаи китобҳои марбут ба зиндагии заношуӣ ва маҳоратҳои зиндагӣ ва ҳатто муроҷиаи ҳузури назди равоншиноси хонавода барои ҳардуи шумо метавонад бисёр муассир бошад. Вале ба ҳеҷ унвон вориди қаҳр нашавед. Бо рӯҳиёте, ки ҳамсаратон доранд ин қаҳр кардан мушкилоти шуморо бештар мекунад ва оташи лиҷоҷати эшонро барангехтатар мекунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.