Осори итоат аз Худованд

64

Ҳикоят кунанд аз бузургони дин

Ҳақиқатшиносони айнуляқин

Ки соҳибдиле бар паланге нишаст

Ҳамеронд раҳвору море ба даст

Яке гуфташ: Эй марди роҳи Худой

Бад-ин раҳ, ки рафтӣ, маро роҳ намой

Чӣ кардӣ, ки даранда роми ту шуд

Нигини саодат ба номи ту шуд?

Бигуфт: Аз палангам забун асту мор

В-агар пилу каркас, шигифтӣ мадор!

Ту ҳам гардан аз ҳукми довар мапеч

Ки гардан мапечад зи ҳукми ту ҳеч

Чу ҳоким ба фармони довар бувад

Худояш нигаҳбону ёвар бувад!

Маҳол аст, чун дӯст дорад туро

Ки дар дасти душман гузорад туро

Раҳ ин аст, рӯй аз тариқат матоб

Бинеҳ гому коме, ки дорӣ, биёб

Насиҳат касе судманд оядаш

Ки гуфтори Саъдӣ писанд оядаш.

(Бӯстони Саъдӣ, Дар ниёиши Худованд)

Ҳикоят

Ҳикоят кардаанд, ки як соҳибдил бар болои паланге нишаста  буд ва ба ҷои тозиёна море дардаст дошт ва бо шитоб мерафт.

Як нафар ба ў гуфт: Эй марди Худо, маро ҳам ба ин роҳи худат  роҳнамоӣ  кун!  Ту  чӣ  кор  кардӣ, ки ин паланги даранда ба ту ром шуд?

Чӣ кор кардӣ, ки ангуштари саодатро ба номи худат  нақш кардӣ?

Соҳибдил  гуфт:  Агар  паланг,  мор  ва  ё  фил  ва  каргас  ба  ман  ром шуд, ҳайратзада машав! Агар ту итоати Худо кунӣ, аз ҳукми  ту ҳеҷ мавҷуде сарпечӣ нахоҳад кард.

Агар  ҳоким  пойбанди  фармони  Худованди  довар  бошад, ҳамеша Худованд ёру ёвари ӯ хоҳад буд!

Имкон надорад, ки Худованд туро дўст дорад ва дар айни ҳол  ба дасти душмане гирифтор гардонад. Агар Худо бандаашро дўст  дорад, ҳаргиз ба дасти душман гирифтор намекунад. Роҳи  рост  ҳамин  аст,  аз  роҳи  ҳақ  рўй  магардон,  бо  камоли  итминон қадам неҳ ва ҳар

мақсаде, ки дорӣ ба даст биёр. Ва бидон, ки насиҳат ба касе судманд аст, ки гуфтаҳои Саъдиро дӯст дорад ва мавриди писандаш қарор гирад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.