Ҳадиси тарбият

85

Паёмбари Акрам(с) дар мавриди тарбият роҳнамоиҳои арзишманде доранд, ки дар поён ба чанд намуна аз онҳо назаре хоҳем андохт:

“Фарзандони худро гиромӣ бидоред ва хуб тарбияташон кунед то гуноҳони шумо омурзида шавад”.

“Худоё, маро дар тарбият, адабомӯзӣ ва некӣ кардан ба фарзандонам ёрӣ намо”.

“Фарзандони худро ба касби се хислат тарбият кунед: дӯстии паёмбаратон ва дӯстии хонадонаш ва қироати Қуръон”.

“Фарзанд ҳафт сол сарвар, ҳафт сол фармонбардор ва ҳафт сол вазир аст”.

“Марде ба Расули Худо(с) арз кард: ҳаққи ин фарзанд бар ман чист? – Паёмбар(с) фармуд: Исми хуб барояш интихоб кунӣ, ба хубӣ ӯро тарбият намоӣ ва ба кори муносиб ва писандида ӯро бигуморӣ”.

“Мо ҳангоме ки кӯдаконамон ҳафтсола мешаванд, ба андозае, ки тоқат доранд, ононро ба анҷоми намозу рӯза дастур медиҳем”.

“Эй Алӣ, Худованд раҳмат кунад падару модареро, ки фарзанди хешро бар некӣ кардан ба худашон ёрӣ кунанд”.

“Бо хашм тарбият мумкин нест!”

“Ҳаққи фарзанд бар падар ин аст, ки номи хуб бар ӯ гузорад ва ӯро хуб тарбият кунад ва Қуръон ба ӯ биёмӯзад”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.