Фоидаҳои ҳаштгонаи дорчин барои саломатӣ

108

Оё то баҳол аз худ пурсидаед дорчин (корица) чи мазиятҳо ва фоидаҳое барои саломати бадани шумо дорад?

Ин адвия(доруги)и олӣ тақрибан барои ҳама чиз  хуб ва муфид аст.

1.Сардардҳои мигрениро коҳиш медиҳад. Дорчин ба унвони мусаккин(таскинбахши дард)и қави барои мигрен шинохта шудааст ва пеши роҳи афзоиши дардҳои мигрениро мегирад. Бинобарин агар ба мигрен мубтало ҳастед саъй кунед миқдоре дорчин ба рижими ғизоии рӯзонаи худ изофа кунед.Дорчин мусаккини табиӣ аст ва бисёр беҳтар аз мусаккинҳо ва доруҳои маснуъӣ аст.

  1. Сатҳи холестерини LDL (ба русӣ ЛПНП ” Липопротеины низкой плотности”) -ро коҳиш медиҳад. Яке дигар аз мазиятҳо ва фоидаҳои дорчин ин аст, ки сатҳи холестерини LDL -ро коҳиш медиҳад ва риски бемориҳои қалбӣ-рагиропоин меоварад. Бинобарин дорчин барои қалбатон бисёрхуб аст.
  2. Сатҳи қанди хунатонро танзим мекунад. Агар қанди хунатон танзим нест, дучори тағйир дар хулқу ху шудаед ва сатҳи энержиатон поин аст,масрафи дорчин боис мешавад, ки қанди хунатон танзим шавад ва ҳамчунин дорчин барои беморони диабетӣ муфид аст.
  3. Дарди мафосил(буғумҳо)ро коҳиш медиҳад. Ашхосе, ки дучори варами мафосил (артрит) ҳастанд медонанд, ки чи қадар ин беморӣ дарднок аст. Изофа кардани каме дорчин ба чой ё ғизо муҷиби коҳиши дарди мафосил мешавад. Шояд дарди шумо комилан аз байн наравад, вале масрафи дорчин ба таври пайваста ба коҳиши қобили таваҷҷуҳидард кумак мекунад.
  4. Барои дармони дарди қоидагӣ ва нобоварӣ муфид аст. Дорчин як модаи кимиёии табиӣ ба номи синамалхид(Synamaldhyd) дорад, ки гормонҳои занонаро танзим мекунад. Хонумҳое, ки барои дарди қоидагии худ аз доруҳои мусаккин истифода мекунанд метавонанд дорчинро имтиҳон кунанд ва онро дар қаҳва ё субҳонаи худ истеъмол кунанд.
  5. Дастгоҳи эмении баданро тақвият мекунад. Масрафи дорчин ба таври муназзам ва бардавом боиси қавӣ шуданидастгоҳи эменӣ мешавад. Бинобарин агар ба дунболи беҳтарин равишҳо барои беҳбуди дастгоҳи имении баданатон ҳастед ба дорчин фикр кунед. Витамини С масраф кунед ва каме ҳам дорчин ба ғизоҳоятон изофа кунед, то риски бемор шуданро коҳиш диҳад.
  6. Риски дучор шудан ба саратонро коҳиш медиҳад. Мутолиоти ахир нишон додаанд, ки дорчин ба мубориза бо ҳуҷайраҳоиҳои саратонӣ ва пешгирӣ аз рушду зиёдшавиии онҳо кумак мекунад. Дорчин саратонро дармоннамекунад, вале ба беморони саратонӣ кумаки воқеъӣ мекунад. Масрафи дорчин ба таври муназзам риски ибтило ба саратонро коҳиш медиҳад.
  7. Ба коҳиши вазн кумак мекунад. Агар мехоҳед чанд киловазн кам кунед, бояд бештар дорчин истеъмол намоед. Дорчин метаболизми баданро серҳаракату тақвият мекунад ва боис мешавад ба роҳатӣ чанд кило вазн кам кунед. Бо ин ҳол режими ғизоии салим ва варзишро набояд фаромуш кунед.
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.