Робитаи режимҳои ғизоӣ ва пукии устухон

104

Як мутахассиси тағзия(соҳаи хурокворӣ), бадхурокӣ, пукии устухон, камхунӣ ва резиши муро аз паёмадҳои ногувори хатарноки васвоси тағзияӣ ва режимҳои ғизоии сахт донист.

Амир Басирӣ, мутахассиси тағзия гуфт: Дар ҷомеъаи имрӯзӣ  лоғарӣ  ба унвони муд байни духтарон ва писарони ҷавон ривоҷи бисёре пайдо кардааст. Ба гуфтаи ин мутахассиси тағзия ин дар ҳолест, ки муттаассифона ҷавонон барои доштани як андоми муносиб ғизое истеъмол намекунанд ва рағбате ба ғизояшон нишон намедиҳанд ва ё бо истифода аз бархе доруҳо ва варзишҳои беш аз андоза вазни худро коҳиш медиҳанд.Вай афзуд: Аз паёмадҳои хатарноки васвоси тағзияӣ метавон ба суъитағзия(бадхурокӣ), пукии устухон, камхунӣ ва резиши муй низ ишора кард.

Басирӣ ба ҷавонон тавсия кард: Барои доштани андоми муносиб варзиш ва тағзияи муносиб метавонад роҳкоре муносиб бошад, васвоси тағзияии асабӣ(Пищевая обсессивно невротические) мумкин аст хатарҳои ҷуброннопазирро дар ояндаи на чандон дур барои ҷавонон рақам занад.Ин коршиноси тағзия таъкид кард, хатароте, ки васвоси тағзияии асабӣ барои ҷавонон ба вуҷуд меоварад бояд аз тариқи расонаҳо ба гуши ҷавонони дучори ин беморӣ расонда шавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.