Худёбӣ ва худоёбии ҷавон дар партави ибодат

127

Ёди Худо мояи ҳаёти қалби инсон аст, мояи оромиши руҳ ва рӯшноии дилҳост. Ёди Худо мӯҷиби риққату хушуъ ва беҳҷати замири одамист ва чӣ зебо мефармояд, ҳазрати Алӣ(р) дар ин ривоят, ки: “Худои Мутаол ёди худро мояи сафову ҷалоли дилҳо қарор додааст. Бо ёди Худо, дилҳо пас аз сангинӣ, шунаво ва пас аз кӯрӣ, бино ва пас аз саркашӣ, нарму мулоим мегардад, ҳамвора чунин буда, ки дар фосилаҳо Худованд бандагоне доштааст, ки дар андешаҳояшон бо онон наҷво мекунад ва дар ақлҳояшон бо онон сухан мегӯяд”.

Инсон ба ҳамон нисбат, ки дар ғарқ шудан дар моддиёт, аз худ ҷудо ва бо худ бегона мешавад, ба ҳамон нисбат низ бо ибодати Худо ба худёбӣ мерасад. Ибодат бедоркунандаи одамӣ ва маърифатбахши ҷони ӯст.

Дар партави ибодат инсон худро он гуна ки ҳаст, мебинад ва ба костиҳо ва нақсҳои худ пай смебарад.

Иқболи Лоҳурӣ сухани зебое дар арзиши парастиш ва ниёишу худёбӣ дар сояи ибодат дорад, ки шуниданист: “Ниёиш ба василаи ишроқи нафсонӣ, амали ҳаётӣ ва мутаорифест, ки ба (кӯмаки) он ҷазираи кучаки шахсияти мо вазъи худро дар кулли бузургтаре аз ҳаёт иктишоф мекунад”.

Бисёре аз оёти Қуръон инсонро ба худошиносӣ фаро мехонад, зеро касе, ки Худоро фаромӯш мекунад, Худо низ ӯро ба худфаромӯшӣ дучор месозад. Дар ояти карима омадааст: “Ва чун касоне мабошед, ки Худоро фаромӯш карданд ва ӯ низ ононро дучори худфаромӯшӣ намуд”. (Сураи Ҳашр, ояти 19).

Ин аст, ки ишқ ба камоли воқеӣ, ишқ ба худи бартар аст. Шайхи Ишроқ дар ин бора рубоии латифе дорад, вай мегӯяд:

Худро зи барои неку бад гум накунӣ

Ҳон, то сари риштаи хирад гум накунӣ

Ҳушдор, ки роҳи худ ба худ гум накунӣ

Раҳрав туию роҳ туию, манзил ту…

Бинобар ин, миёни хостани Худо, ҳаракат ба сӯи Худо, вобастагӣ ба Худо, ишқ ба Худо, бандагии Худо ва таслим дар баробари Худо, бо ҳар хостан ва ҳаракати дигар ва вобастагӣ ва ишқу бандагӣ ва таслими дигар, аз замин то осмон тафовут аст ва бандагии Худо айни озодӣ ва расидан ба камол аст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.