Фазилати илму дониш

72

Ба номи он ки ҳастӣ ном аз ӯ ёфт

Фалак ҷунбиш, замин ором аз ӯ ёфт

Худое, к-офариниш дар суҷудаш

Гувоҳи мутлақ омад бар вуҷудаш…

Ҳама медонем, ки илм боиси нишоти ҳақиқӣ ва шахсият ёфтани инсон мегардад ва фарзанди Одам ба илму дониши худ ба беҳтарин камоли худ хоҳад расид ва инсон ба василаи илму дониш, ҳаққу ботилро мешиносад.

Инчунин бузургтарин сифате, ки Худованди Мутаол ба он муттасиф шудааст, сифати илм аст ва илм бузургтарин неъматест, ки Худованд ба башар ато фармудааст. Агарчи фазилати илмомӯзӣ ва донишандӯзӣ бар касе пӯшида нест, аммо лозим донистем, ба чанд намуна аз фазилатҳое, ки барои дониш ва донишмандон баршумурдаанд, нигоҳе дошта бошем.

Дар ҳадиси муборак, Паёмбари гиромии ислом, ҳазрати хатмимартабат, Муҳаммади Мустафо(с) фармудаанд: “Зиндагӣ барои ду нафар хуб аст: аввал олиме, ки аз илми ӯ истифода шавад ва дуюм, шунавандае, ки бишнавад ва ба он амал кунад”. Дар ҳақиқат, агар ин ду, даст ба дасти ҳам бидиҳанд, саодати ҷомеа тазмин мешавад.

Дар ривояти дигаре омадааст: “Агар навҷавоне зиндагии худро дар илму ибодат сипарӣ кунад то ба пирӣ бирасад, Худованди Мутаол дар рӯзи қиёмат подоши ҳафтоду ду сиддиқро ба ӯ иноят мекунад”.

Ҳамчунин ривояти дигаре дар ҳамин мавзӯъ ворид шудааст, ки бар асоси он, шахси олим аз ҳафтод ҳазор обид бартар дониста шудааст, ки мефармоянд: “Олиме, ки мардум аз илмаш баҳра баранд, аз ҳафтод ҳазор обид бартар аст”.

Паёмбари гиромии ислом, ҳазарти Муҳаммад(с) фармудаанд: “Касе, ки дар паи дониш барояд, биҳишт дар паи ӯст”.

***   ***   ***

Ҳикояте аз Гулистони Саъдӣ

Ду амирзода дар Миср буданд. Яке илм омӯхт ва дигар мол андӯхт. Оқибатул амр, он яке алломаи аср гашт ва ин яке азизи Миср шуд… Ин тавонгар ба чашми ҳақорат дар фақеҳ назар кардӣ ва гуфтӣ: Ман ба салтанат расидам ва ин ҳамчунон дар масканат бимондааст.

Гуфт: Эй бародар, шукри неъмати Борӣ, изза исмуҳ, ҳамчунон афзунтар аст бар ман, ки мероси пайғамбарон ёфтам, яъне илм ва туро мероси Фиръавн ва Ҳомон расид, яъне мулки Миср…

Ман он мурам, ки дар поям бимоланд

На занбурам, ки аз дастам биноланд

Куҷо худ шукри ин неъмат гузорам

Ки зӯри мардумозорӣ надорам.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.