Омӯхтан ба кӯдакон дар бораи Худованд

59

Аксари кӯдакон бо тарҳи саволҳои ғайри мунтазира дар бораи Худо сабаби шигифтии бузургсолон мешаванд. Худо кист? Худо куҷо зиндагӣ мекунад? Худоро ки офарид?

Дар воқеъ кӯдакон бо зеҳни кунҷков зода мешаванд ва мехоҳанд ҳар чиз ин ҷаҳонро дарёбанд. Тафсири фардии ҳар кас аз Худо дар тӯли зиндагии вай дучори тағйир ва такомул мешавад. Посухҳои шумо ба саволҳои фарзандатон маъмулан бо дарк ва тафсири фардии шумо аз Худованд иртиботи наздике дорад. Инсон аз тариқи ниёзҳо ва саволоте, ки дорад бо ҷаҳони перомуни худ иртибот барқарор мекунад. Чӣ, куҷо, чигуна ва чаро аввалин луғоте ҳастанд, ки кӯдакон ёд мегиранд. Тамом волидайне, ки фарзандони 4 то 5 сола доранд, ба хубӣ аз ин масъала огоҳанд. Ҳангоме, ки бо фарзандатон дар бораи Худо сухан мегӯед ва рози Худо ва хилқатро барои ӯ ошкор месозед, роҳҳои соддаое вуҷуд дорад, ки ба шумо кумак мекунад посухҳои бисёр содда ва қобили фаҳм ба онҳо бидиҳед.

Савлҳои кӯдаконро ҷиддӣ бигиред ва қабл аз посух додан ба онҳо, муддате дар бораашон фикр кунед. Дар зимн замон муносиберо барои посух додан ба онҳо интихоб кунед.

Гоҳе тарҳи савол аз ҷониби фарзандатон барои расидан ба ҷавоби мушаххас нест, балки дар воқеъ ба манзури ҷалби таваҷҷуҳи волидайн буда ва ё далоили дигаре дорад. Шумо беҳтар аз ҳар касе қодиред ангезаи савол кардани фарзандатонро дарк кунед. Дар ингуна вақтҳо, саволи фарзандатонро ҷиддӣ бигиред то бифаҳмад, ки ба аҳамият медиҳед.

Содиқона ба фарзандатон бигӯед, ки посухи ҳамаи саволотро намедонед.

Дар синну соли навҷавонӣ мумкин аст фарзандатон моил набошад саволоти худро бо шумо матраҳ кунад. Дар чунин шароите беҳтар аст ӯро роҳнимоӣ кунед то саволоташро бо шахси мавриди итминон матраҳ кунад.

Фарзанди худро ташвиқ кунед то барои ёдгирии бештар дар бораи Худо бо шумо гуфтугӯ кунад. Барои посух ба саволоти ӯ аз мисол истифода кунед. Ба фарзандатон бигӯед “ман намедонам Худо чиқадар бузург аст вале медонам, ки ҳеҷ чиз дар ин олам, бузургтар, қавитар ва беҳтар аз ӯ нест. Худо азимтар аз офтоб аст, бузургтар аз хона, васеътар аз осмонҳо, ӯ бандагони худро дӯст дорад”

Волидайн дар ағлаби маворид барои тавзеҳ додани мафҳуми Худо, аз луғоте истифода мекунанд, ки барои фарзандашон номафҳум аст. Барои инки битавонед посухгӯи саволоти фарзандатон дар бораи Худо бошед, посухе ба фарзандатон бидиҳед, ки бо ниёзҳои кунунии фарзандатон иртибот дошта бошад. Барои ин кор бояд ба ду нукта таваҷҷуҳ кунед:

– сатҳи булуғи фарзандатон чиқадар аст? Ӯ чӣ луғотеро дарк мекунад?

– фарзанди шумо чӣ ниёзҳои вижае дорад?

Мо маъмулан маҷҳулот ва падидаҳои ҷадидро бо донистаҳои гузаштаи худ муқоиса мекунем то онҳоро дарк кунем. Бо истифода аз ин равиш, ба фарзанди худ бигӯед “қавитарин касе, ки мешиносӣ кист? Худо аз ӯ ҳам қавитар аст” Худо бештар аз падар ва модарат муроқиби ту аст. Барои инки битавонед ба саволи “Худо кист?” фарзандатон посух диҳед ибтидо аз ӯ бипурсед “назари худат чист?”. Имкон дорад фарзандатон бихоҳад Худоро бар асоси ниёзҳои кунунии худ, дар макон ва ҷойгоҳи вижа тасаввур кунад. Доманаи ин ниёзҳо агарчи бисёр васеъ аст, аммо метавонад шомили яке аз мавориди зер бошад:

– агар ӯ дар бораи иртиботи Худо бо худаш фикр мекунад, ба ӯ бигӯед “Худо наздик ва дар канори мо аст, ӯ моро мебинад, суханони моро мешнавад ва аз тариқи тамоми чизҳои атрофамон бо мо иртибот барқарор мекунад.”

– агар ӯ дар бораи ҷойгоҳи Худо дар олами ҳастӣ меандешад ба ӯ бигӯед “Худо ҳамаҷо ҳозир аст, ӯ назди мо ҳузур дорад аммо дар айни ҳол дар саросари ҷаҳон ва ҳатто дар ситорагони дурдаст низ ҳузур дорад.”

– агар дарбораи маншаи хубиҳо ва шодиҳо меандешад, метавонед ба ӯ бигӯед “маншаи хубиҳо дар биҳишт аст ва биҳишт ҷойгоҳи Худованд аст.”

– агар дағдағаи фикрии ӯ ин аст, ки оё Худо аз нороҳатиҳо, тарс ва асабоният огоҳ аст ё не, ба ӯ бигӯед “Худо аз мушкилоти ту огоҳ аст ва дар бартараф кардани онҳо ба ту кумак мекунад.”

Кӯдак мумкин аст муртакиби амали хатое шуда бошад ва аз худ бипурсад “оё Худо маро дидааст?”

Мумкин аст бо дастрасӣ ба кифи пули модараш, васваса шавад барои хариди шакалод, миқдоре пул аз даруни он бардорад. Аз онҷо, ки ӯ ин корро бидуни иҷоза анҷом додааст, дучори ваҳшат мешавад. Ӯ назди худ фикр мекунад, ки агарчи модараш аз кори ӯ хабар надорад, аммо Худованд, ки дар ҳамаҷо ҳузур дорад, ҳатман ӯро дидааст ва мумкин аст тасаввур кунад Худо ба модараш хоҳад гуфт, ки ӯ чӣ кори баде кардааст. Эҳсоси ҳузури Худо, боиси тақвияти виҷдони кӯдакон мешавад то ҳадде, ки ҳатто дар набуди волидайни худ ба онҳо эҳтиром мегузоранд ва дар мавриди тасмимҳое, ки мегиранд, биандешанд. Аз сӯи дигар ин эҳсос мумкин аст боис шавад, ки кӯдак ҳамеша худро таҳти назорат бидонад ва аз ин бобат пуризтироб ва нигарон бошад. Дар ин сурат, ба фарзандатон тавзеҳ диҳед, ки ингуна бино ва шунаво будани Худованд ӯро аз ҳар мавҷуди дигаре мутамоиз ва бартар мекунад. Ба кӯдак бигӯед, ки ин тавоноӣ ва қудрати Худованд чизи бисёр хубе аст чун дар ҳар куҷо ва дар ҳар ҳоле, ки бошем, метавонад ба мо кумак кунад.

Агар фарзандатон пурсид ман аз куҷо омадаам, бо гуфтани як достон ба ӯ посух диҳед. Достони худро мутаносиб бо синни кӯдак ва сатҳи саволоти ӯ танзим кунед. Дар бораи нуктае, ки мехоҳед ба фарзандатон биёмӯзед, пурҳарфӣ накунед ва иҷоза бидиҳед худи достон, мафоҳими лозимро мунтақил кунад. Достоне барои фарзандатон бигӯед, ки нукоти муфид барои ӯ дошта бошад. Нукоте монанд инки :1-ҳаргиз набояд худро дар ҷаҳон танҳо тасаввур кунад 2- касе ӯро барои ҳадафи хос ба дунё оварад 3- вуҷуди ӯ арзишманд аст 4- ҳар чиз дар ҷаҳон, дорои ҷойгоҳ, ҳадаф ва арзиши вижаи худ аст.

Достони офаринишро ба шакле барои фарзандатон баён кунед, ки зеҳни ӯро равшан кунад, ба саволоти ӯ посух диҳад ва бар ибҳомоти ӯ наафзояд. Ба саволоти фарзандонатон дар бораи мафҳуми зиндагӣ, бояд бо равишҳои бисёр содда ва қобили фаҳм посух диҳед. Агар фарзандатон Худоро холиқи ҷаҳон бидонад, дидгоҳи солим ва мустаҳкам дар ӯ рушд хоҳад кард, ки бар асоси он барои зиндагии худ ҳадафе қоил шуда ва равобити худро бо дигарон бар ҳамин асос танзим мекунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.