Одоби ғизо хӯрдан

124

 Имоми Содиқ(а) фармуд: камхӯрӣ дар тамомии ҳолатҳо ва дар назди ҳамаи ақвом писандида аст; зеро дар камхӯрӣ маслиҳате аст зоҳир ва ботинро.

Хӯрданиҳои писандида чаҳор чиз мебошад:

  • ба қадризарурат ва ҳифзи ҷон бошад

2) барои тавон гирифтан бошад

3) барои футӯҳ бошад;

4) барои қувват бошад.

Хӯрдан ба қадр зарурат аз они баргузидагон аст ва хӯрдан барои тавон гирифтан вижа парҳезкорон аст. Ва футӯҳ (ончи аз ҳалол расад ва соҳибашро розӣ кунад) аз они мутаваккилон бошад. Ва нонхӯрише, ки ҳаром будани он муҳраз набошад; яъне қувват, аз они муъминон аст.

Ҳеҷ чизе чун пурхӯрӣ ба қалби муъмин зарар нарсонад, чӣ ин амал, мӯҷиби ду чиз аст: қасовати қалб ва барангехта шудани шаҳват. Ва гуруснагии нонхӯриши муъминон, ғизои рӯҳ, таоми қалб ва мояи саломатии бадан аст.

Паёмбар (с) фармуд: фарзанди одам зарфе шумтар аз шикамашро пур накард.

Ва ҳазрати Довуд (а) фармуд: тарки луқмае, ки ба он ниёз дорам, барои ман аз ибодат ва қиёми бист шаб беҳтар аст (ишора ба луқмаҳои охирини ҳар ваъдаи ғизо дорад).

Расули Худо (с) фармуд: муъмин барои пур кардани як рӯда (шикам) ғизо мехӯрад, вале мунофиқ барои ҳафтрӯда (шояд ба ин масъала ишора дошта бошад, ки пурхӯрӣ қалбро мемиронад ва шӯълаи бандагиро дар дили инсон хомӯш мекунад).

Ва низ фармуд: вой бар мардум аз дасти ду чиз! эй Расули Худо! он ду кадом аст? Фармуд: шикам ва фараҷ.

Исо ибни Марям (а) фармуд: ҳеҷ маразе ҳамчун қасоват, қалбро ба хатар наандозад ва дарде бадтар аз гурез аз гуруснагӣ вуҷуд надорад, чаро, ки ду сифати ёдшуда дӯрӣ аз раҳмати ҳақ аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.