Аломатҳои камтавонии зеҳнии кӯдак

158

– Коркарди зеҳнии поинтар аз ҳадди миёнгини ҷомеа

Ҳуш ё коркарди зеҳнӣ ба қобилияти зеҳнии афрод дар ёдгирӣ, истдилол карданд, тасмим гирӣ, ҳалли масъала, барномарезӣ, тафакури интизоъӣ дарки гумонҳои печида, қазоват, дарки умури зиндагӣ ва қобилиятҳои дигари ин чунинӣ гуфта мешавад. Ҳар чӣ ҳуши фард пастар бошад тавоноии ӯ дар қобилиятҳое, ки гуфтем, мисли ёдгирӣ, камтар хоҳад буд.

Баҳраи ҳушӣ ё ой кию бо тестҳои хоссе санҷида мешавад. Миёнгини баҳои баҳраи ҳушии афрод дар ҷаҳон 100 мебошад ва бештари мардум баҳраи ҳушие байни 85 то 115 доранд. Афроде, ки баҳраи ҳушии болотар аз ин миқдор доранд афроди бо ҳуши бартар ва оафроде ҳам, ки баҳраи ҳушиашон аз ин миқдор поинтар аст, афроди деромӯз (бо баҳраи ҳушӣ байн 70 то 90) ва кам тавони зеҳнӣ (поинтар аз 70-75) шуморида мешаванд ба таври куллӣ касе, ки баҳои баҳраи ҳушиаш камтар аз 70-75 бошад кам тавонии зеҳнӣ ё ақабмонадгии зеҳнӣ шуморида мешавад.

– Мушкил ё камбуд дар рафторҳои созишӣ

Ин рафторҳо дар воқеъ маҳоратҳои лозим барои зиндагии рӯзмарра ҳастанд. Масалан либоспушидан, омодакардани як ваъдаи ғизоӣ, рафтан ба мактаб ё сари кор, тамиз кардани утоқ ё хона, ҳарф  задани муассир бо дигарон ва ҳар маҳорати дигаре, ки фард ҷиҳати мутобиқат пайдо кардан бо муҳити атрофаш ёд мегирад ва анҷоми медиҳад. Аз он ҷое, ки ин рафторҳо дар тайи рушди фард ва аз даврони кӯдакӣ, то бузургсолӣ ба такомул мерасанд, вобаста ба синни фард, рафторҳоеро, ки синнаш талаб мкунад бояд аз ӯ интизор дошта бошем на зиёдтар!

Кӯдак ё фарди камтавон дар анҷоми ин рафторҳо ба шакли коромад мушкил дорад ва кифоятимандии лозимро дар анҷоми ин рафторҳо аз худ нишон намедиҳад. Ҳамчунин мумкин аст ин кӯдакон рафторҳои номуносибе ҳам мисли худозорӣ ва даъвогарӣ дошта бошанд. Ё ин ки кантролашон рӯи баъзе рафторҳояшон кам бошад ва боиси озори дигарон шавад.

Кӯдаке, ки ҳадди ақал дар ду маврид аз муҳити рафторҳои созишӣ ё ҳамоҳангӣ маҳдудият дошта бошад. Ин муҳитҳо дарбаргирандаи мавориде чун барқарории алоқа бо дигарон, зиндагӣ дар манзил, мудирияти худ, кор, маҳоротҳои таҳсилӣ, истироҳат, маҳортаҳои иҷтимоӣ ва байни фардӣ, нигаҳбонӣ аз саломат ва амнияти худ ва истифода аз имкононти ҷомеа мебошанд.

Мушкилоти ҳаракатӣ

Собит шудааст, ки ҳуш, асари мустақим бар маҳоратҳои ҳаркатӣ дорад. Аксари вақтҳо агар кӯдаки  боҳуше, ки дучори нақси узв ё мушкилоти азулонӣ ва андомӣ набошанд аз назараи ҳаркатӣ махсусан ҳаркатҳои зарифи даст, моҳиронатар аз кӯдакони камтавони зеҳнӣ мушкили таъхири дар ҳаркат ё хомии ҳаракот доранд, яъне ин кӯдакаон дертар аз кӯдакони табии гардан мегиранд, дератар менишинанд ва роҳ мераванд ва дар анҷоми дигар маҳоратҳои ҳаракатӣ бисёр бе диққат амал мекунанд. Яке аз иллатҳои ин дерии ҳаракатӣ дарк накардани дурусти мағз аз вазъиятҳои баданӣ аст, яъне кӯдак аз назари даркӣ заиф аст, ба хубӣ наметавонад маҳоратҳоро тақлид кунад ва ёд бигирад.

-Мушкилоти гуфторӣ

Гирякардани навзод ва садоҳое, ки бо даҳон тавлид мекунад, муқаддимаи суҳбаткардани ӯст ва алоқаи мустақиме бо ҳуш ва дарки кӯдак дорад. Ҳамонтавре, ки дар табақабандии кӯдакони камтавони зеҳнӣ гуфта шуд, ҳар чӣ сатҳи ҳушии кӯдак пастар бошад, тавони дарки суҳбатҳои дигарон ва баёни хостаҳояш камтар мешавад. Кӯдаконе, ки зудтар сухан гуфтанро оғоз мекунанд, доманаи луғоти зиёде доранд, зебо ва дуруст суҳбат мекунанд, аксаран аз ҳуши болотаре бархудоранд. Албатта дар ин мавридҳо бояд сабабҳои дигар ҳамчун муҳит, омузиш ва ғайраро мавриди диққат қарор дод.

Ихтилолоти ҳиссӣ (баҳамхурдани ҳиссиёт)

Бадани мо аз тариқи панҷ ҳисси аслӣ, яъне ламс, ҳисси буёӣ, шунавоӣ, биноӣ ва чашоӣ бо муҳити берун алоқа барқарор мекунад. Таҳрикоти хориҷиро аз тариқи гирандаҳои махсуси ҳар як аз ин ҳиссҳо, ки дар пуст, бинӣ, чашм ва забон аст, дарёфт мекунад. Ин иттилоотро ба марказе, ки дар мағз барои тафсири ҳар як аз онҳо вуҷуд дорад мефиристад ва посухи муносибро медиҳад. Ин посух мизони дарки моро аз ҳаркат нишон медиҳад.

Агар ҳар як аз ин марказҳо дар ҳавоси мағз ба дурустӣ кор накунад, бо вуҷуди солим будани чашм, гӯш, пуст, забон ва бинии фард наметавонад аксулъамал ва посухи рафторӣ ва ҳаракати дурсте ба нур, садо, ламс, мазза ва бӯ бидиҳад. Ин ихтилолот (баҳамхурданҳо) дар кӯдакони камтавони зеҳнӣ бисёр ошкор аст.

Ихтилоли ёдгириро бо кундии зеҳнӣ иштибоҳ нагиред!

Дар заминаи ихтилолоти (ба ҳамхурдани) ёдгӣрӣ, авомили женетикӣ, зистӣ, руштӣ ва муҳитӣ дахолат дорад. Мутахасисони дармони ихтилолоти (ба ҳамхурдани) ёдгирӣ ҳаркат ва маҳоратҳои ҳаркатеро поя ва асоси ёдгирӣ медонанд. Падару модар ба маҳзи иттилоъ аз ин мушкил дар кӯдаки худ пас аз машварат бо муаллим барои муаян  кардани дақиқтар ва огоҳии бештар аз ҳақиқати шакли кӯдаки худ бояд ба мутахасисон муроҷиат кунанд, бо парҳез аз муқоисаи кӯдак бо дигар кӯдакон ба кор нагирифтани равишҳои ғайри илмӣ ва суннатӣ метавон кӯдакро дар коҳиши мушкилоти ёдгирӣ ва беҳбуди зудтар ва афзоиши амалкарди вай ёрӣ кард.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.