Ақлу хирадгароӣ

393

Барои бештари мо, инсонҳо шояд кори бисёр сахтест, ки дар мавриди коре, ба ҷои отифаву эҳсосотамон аз ақлу хирадамон кор гирем. Ақл боис мешавад, ки мо дар зиндагиамон камтар ба роҳи хатову иштибоҳ равем.

Ақлу хирад чист?

Ақл ба маънои хирад, дониш ва дарёфт аст. Ақл нируест, ки ба он хайрро аз шар ва хубро аз бад мешиносем ва ҳақро аз ботил ҷудо мекунем.

Ақлу хирад барои инсон сифатҳои хубу мусбатеро ба армуғон меоварад. Ба унвони мисол, инсони бохирад дар роҳи ҳақ истиқомати бештаре дорад. Бахшандаву боҳаёст. Дигаронро озор намедиҳад ва забон худро нигаҳ медорад.

Инсони бохирад, доност ва хубу бадро мефаҳмад, аз корҳои бад нафрат дорад. Аз зиндагиаш лаззат мебарад ва аз умраш ба таври хубу шоиста истифода мекунад.

Омӯхтан ба кӯдакон дар бораи Худованд

Дар ривоят омадааст: “Дурустӣ ва сомон ёфтани ҳар коре, бо ақлу хирад муяссар мешавад”. Инчунин дар ривояти дигаре дар бораи ақлу хирад, чунин омадааст: “Ҳикояти ақлу хирад дар дил, ҳикояти чароғ аст дар хона”.

Дар аҳамияти ақл ҳамин бас, ки чун Худованд қабл аз ҳар чиз онро офарид, фармуд: Ба иззату ҷалолам савганд, ки ҳеч офаридае боазаматтару фармонбардортар аз ту наёфаридам.

Дар бораи сифоти оқил ривоёте ворид шудааст, ки ба таври мухтасар ва феҳраствор ба мазмуни онҳо ишора мекунем:

Оқил касест, ки таҷрибаҳо ӯро панд меомӯзад, ҷӯёи камол аст, кори худро муҳкам анҷом медиҳад, кирдораш гуфторашро тасдиқ мекунад ва ҳарҷо ҳақро шинохт, дар баробари он таслим мешавад. Ҷуз ба ҳангоми ниёз сухан намегӯяд, забони худро дар банд мекашад ва ҳар гоҳ хомӯш аст, меандешад ва чун бингарад, ибрат омӯзад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.