Моддигарӣ дар масонства (фаромосунрӣ)

109

Бовар ба инки фақат модда ҳақиқат дорад: масонҳои имрӯз ҳамчун ниёкони худ, ба ҳамешагии модда ва аз аввал будани модда ва инки ҳамаи мавҷудот аз моддаи беҷон ба таври иттифоқ ба вуҷуд омадаанд, имон доранд.

Саломӣ Ишиндоғ дар китоби худ “илҳомоте аз масонства” менависад:

Ҳамаи фазо, атмосфера, ситорагон, ҳамаи мавҷудоти зинда ва ғайри зинда аз атом сохта шудаанд. Башар ба таври иттифоқӣ аз атом сохта шудааст. Ҳаркатҳои электрикӣ миёни атомҳо, сабаби бақои мавҷудоти зинда шудааст. Бо аз байн рафтани ин ҳаракатҳои электрикӣ инсон мемурад, ба хок рафта табдил ба атом мешавем. Яъне мо ҳама аз модда ва энергия сохта шудаем ва ба моддаву энергия бармегардем.

 

https://www.khonavoda.com/2019/07/масонство-фаромосунрӣ-яъне-чи.html

 

Аз назари инҳо, чизи ба номи марг вуҷуд надорад. Ҳамчунин ҳама чиз модда аст, ва инсон дорои руҳ намебошад.

Чунин назарияҳо дар китобҳои моддигароҳо монанди: Маркс, Энгелс, Ленин ва монанди инҳо, дида мешавад.

Дар ҷавоби инҳо гуфта мешавад, ки ҳамаи ин назарияҳо бо кӯмаки кашфиёти илмӣ ба вуҷуд омадааст ва дар нимаи қарни 20 – ум ботил шудааст.

Мисри бостонӣ баромадгоҳи фаромосунрӣ (масонство)

Ба унвони мисол “назарияи инфиҷори бузург” ки дар маҳфилҳои илмӣ собит шудааст, нишон медиҳад ҷаҳон миллионҳо сол пеш аз нестӣ ба вуҷуд омадааст. Бар асоси “қонуни термодинамик” модда тавони созмондиҳии худро надорад ва назму баробарии мавҷуд дар олам, аз як офариниши олимонаву огоҳана аст, на аз иттифоқ! Илми зистшиносӣ бо нишон додани намунаҳои шигифтовари мавҷудоти зинда, будани холиқро ки ҳамаро халқ кардааст, исбот мекунад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.