Касбу кор доштани ҳамсар хуб аст ё бад?

85

Дар иртибот бо хубиҳо ва айбҳои издивоҷ бо хонумҳои дорои касбу кор маро роҳнамоӣ кунед!?

Хубиҳои касбу кор доштан ва истиқлоли молӣ доштани хонумҳо:

Иҷтимоӣ шудан

Бо ҳузур дар иҷтимоъ ва  иртибот ва муошират бо афроди мухталиф ва ба иштирок гузоштани таҷрибиёт ва …, ки дар ҷойи кор эҷод мешавад қтаъан дар ровобити байни фардии онон низ беҳбуд эҷод мешавад.

Боло бурдани эътимод ба  нафс

Заноне, ки аз назари молӣ мустақил ҳастанд дорои эътимод ба нафси болотарианд ва ё хаёли роҳат ба кумаки ҳамсарашон барои корҳои молии хонавода тасмимгирӣ мекунанд.

Эҳсоси ризоят аз худ

Яқин аст, ки касби даромад барои ҳар фарде хӯшоянд аст ва занон низ аз ин қоида мустасно нестанд ва ризоят аз худи замон бештар мешавад, ки зан эҳсос  кунад коромад буда ва аз маҳоратҳояш метавонад дар ҷиҳати таъмини ниёзҳои хонавода истифода кунад

Кӯмак ба иқтисоди хонавода

Истиқлоли молии хонумҳо сабаб мешавад, то бо сахтӣ касби даромад ошно шуда ва дар харҷ кардани пул васвос ва ҳасосияти бештаре ба харҷ диҳанд ва нигоҳи воқеътаре ба харҷ ва махориҷ дошта бошанд ва дар замони мушкилот бештарин ҳомии аъзои хонаводаи худ бошанд.

Касби рифоҳи бештар

Қатъан дар хонаводае, ки зан ҳам дорои касбу кор аст рифоҳи бештаре вуҷуд дорад.

Мудирияти замони беҳтар

Занони дорои касбу кор нисбат ба замон ва барномаҳои худ диққати бештаре доранд ва корҳои зиндагиашон бар тибқи назми хоссе шакл мегирад ва беҳтар метавонанд корҳои хона ва фарзандони худро мудирият кунанд.

Айбҳои дорои касбу кор доштани хонумҳо

Ихтилоф бар сари махориҷ

Мушаххас накардани мизони мушорикати молии занон дар махориҷ ва боло ратфани тавақуоти ҳамсар маъмулан сабаби оғози ихтилоф дар зиндагии заношуӣ мешавад; бинобар ин бештари зану шавҳар дар ҳамон ибтидо дар бораи саҳми мушорикати ҳар кадом дар масоили молии хона ба тавофуқ бирасанд.

Нигоҳдорӣ аз фарзандон

Аз аслитарин мушкилоти модарони дорои касбу кор нигаҳдорӣ аз фарзандон аст. Ин ки чӣ касе дар набуди модар аз фарзандон нигаҳдорӣ мекунад аз аҳмаяити зиёде бархурдор аст.

Хастагӣ ва камбуди энержии зан

Хонумҳои дорои касбу кор мумкин аст баъд аз муддате дучори хастагии ҷисмӣ ва равонӣ ва фарсудагии корӣ шаванд бинобар ин лозим аст, то зан ва мард по ба пои ҳам ваазифаҳои марбут ба хона ва хонадориро бар ӯҳда бигранд, то ҳам занон бештар аз ин хаста нашаванд ва ҳам самимият дар равобити онҳо ба вуҷуд ояд.

Диди манфии мард ба истиқлоли зан

Ин дид маъмулан дар хонаводаҳое ба чашм мехурд, ки дар бораи масъалаи касбу кор қабл аз издивоҷ ба иштирок нарасидаанд.

Як сол аст, ки издивоҷ кардаам ва ҳамсарам ба далели дорои касбу кор будани ман хеле кӯмак мекунад. Ман мехоҳам пуштивонаи молӣ дошта бошам ва ҳамаи ҳуқуқамро харҷ накунам ва пасандоз кунам, вале ҳамсарам ҳамеша пул кам меоварад ва ман маҷбурам аз ҳуқуқи худам ба ӯ ҳам бидиҳам ва холӣ шудани ҳисобам боис мешавад, то боварӣ ба нафсамро аз даст диҳам лутфан роҳнамоиям кунед?.

Қатъан аксари хонумҳо аз доштани истиқлоли молӣ истиқбол карда ва дӯст дорнад ҳамеша пуштивонаи молии ҷудогонае аз ҳамсарашон дошта бошанд, аммо зикри ин масъала бисёр муҳм аст, ки дар ҳар ҳол як зани дорои касбу кор аз соати ҳузури худ дар хона мекоҳад ва ба фаъолияти мавриди алоқаи худ мепардозад ва ба сари кор меравад. Аз он ҷо ки зан вазифаи таъмини хазинаҳои зиндагиро надорад ва ҳатто ҳамсар метавонад монеъ аз кор кардани вай шавад бинобар ин беҳтар аст, ки дар баробари имтиёзе, ки ин даст мардон ба ҳамсарашон медиҳанд, занон низ дар таъмини баъзе ҳазинаҳо ба шавҳари худ кумак кунанд.

Таваҷҷӯҳ кунед ман комилан медонам, ки шумо ҳақ доред тамоми ҳуқуқи худро барои худатон нигоҳ доред чун шавҳари шумо масъули идораи зиндагӣ аст, аммо вақте дар таъмини ҳазинаҳои зиндагӣ ҳамкорӣ вуҷуд дошта бошад робитаи отифии шумо ду нафар кайфияти болотаре ба худ мегиард. Диққат кунед дар зиндагии муштарк, робитаи зану мард вуҷуди самимият дар ин робита бар ҳама чиз беҳтар аст. Албатта бо таваҷҷӯҳ ба ин ки шумо дорои касбу кор буда ва ниёз ба истиқлоли молӣ доред тавсия мекунем бо ҳамсаратон суҳбат кунед ва масалан бигӯед: Аз ин моҳ қасд дорам бахше аз даромадамро барои зиндагиамон пасандоз кунам, то дар мавқеъи лозим будан мавриди истифода қарор гирад. Аз ин тариқ бахше аз даромади худро пасандоз кунед, то аз нигарониатон коста шавад.

Хонум дорои касбу кор ва дорои ду фарзанд ҳастам. Ҳамсарам аслан ба ман ва баччаҳоям харҷи  зиндагӣ намедиҳад ва дар таи ин солҳо ман харҷи худам ва бачаҳоро додаам. Дар ҷавоби эътирозҳои ман  мегӯяд ҳамине, ки ҳаст, агар намехоҳӣ метавонӣ талоқ бигирӣ ва аз ҳам ҷудо шавем

Мутаасифона баъзе аз занони дорои касбу кор чун тавоноии ҳазина кардан дар заминаҳои мухталифро доранд лизо ҳар вақт ҳар чизе худашон ва фарзандонашон ниёз дошта бошанд ба зуд таъмин карда ва аслан ба ин мавзӯъ диққат надоранд, ки масъули аслии таъмини эҳтиёҷоти хона мард аст.

Ин сабк рафтор сабаб мешвад мард баъди аз муддате ба ин тарз зиндагӣ одат карда ва тасаввур кунад, ки ҳамсараш вазифа дорад тамоми эҳтиёҷоти хонаро таъмин кунад. Албатта манзури ман истодан дар барбари ҳамсаратон нест, балки кам-кам эшонро ба ин бовар бирасонед, ки худашон бояд эҳтиёҷоти хонаро таъмин кунанд; масалан вақте чизе дар манзил тамом мешавад зуд шумо таҳя накунед ба ҳамсаратон бигӯед: фалон чиз тамом шудааст. Агар таҳя накарданд боз ҳам шумо таҳя накунед ва бори дуввум ба эшон гушзад кунед. Агар муддате хона бидуни ин мавод бимонад масалан гуште барои пухтани ғизо надошта бошед ва дар натиҷа натавонед ғизои муносибе таҳя кунед ба гузашти замон ҳамсаратон мефаҳманд, ки эшон бояд барои таъмини эҳтиёҷоти зиндагӣ иқдом кунанд.

Дар маврди дигар ҳазинаҳои фарзандонатон ҳам ҳамин тавр рафтор кунед. Талош кунед эшонро бо ин ниёзҳо даргир кунед, яъне фарзандонатон ҳар чизе ниёз доштанд ба падаршон бигӯянд, на ба шумо. Албатта талош кунед ба ҳеҷ унвон таҳқир, даъво ва сарзаниш ба роҳ наяндозед, балки бо мантиқ ва мулоимат мушкилро ҳал кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.