Ғаззолӣ ва роҳзанон

170

Ғаззолӣ, донишманди шаҳири исломӣ, аҳли Тӯс буд. Дар он вақт, яъне дар ҳудуди қарни панҷуми ҳиҷрӣ, Нишопур маркази он ноҳия буд ва дорулилм маҳсуб мешуд. Туллоби илм барои таҳсил ва дарс хондан ба Нишопур меомаданд. Ғаззолӣ низ тибқи маъмул ба Нишопур ва Гургон омад ва солҳо аз маҳзари асотид ва фузало бо ҳирсу валаъи зиёд касби фазл намуд. Ва барои он ки маълумоташ фаромӯш нашавад ва хӯшаҳое, ки чида аз дасташ наравад, онҳоро мураттаб менавишт ва ҷузва мекард. Он ҷузваҳоро, ки маҳсули солҳо заҳматаш буд, мисли ҷони ширин дӯст медошт.

Баъд аз солҳо озими бозгашт ба ватан шуд. Ҷузваҳоро мураттаб карда дар тубрае печид ва бо қофила ба тарафи ватан равона шуд.

Аз қазо қофила бо як идда дузду роҳзан бархӯрд. Дуздон пеши роҳи қофиларо гирифтанд ва он чӣ мол ва хоста ёфт мешуд яке-яке ҷамъ карданд.

Навбат ба Ғаззолӣ ва асосияи Ғаззолӣ расид. Ҳамин ки дасти дуздон ба тарафи он тубра рафт, Ғаззолӣ шурӯъ ба илтимосу зорӣ кард ва гуфт:

— Ғайр аз ин, ҳар чӣ дорам бибаред ва ин якеро ба ман вогузоред.

Дуздҳо гумон карданд, ки ҳатман дар дохили ин баста матои гаронқимате аст. Бастаро боз карданд, ҷуз муште коғази сиёҳшуда чизе надиданд. Гуфтанд:

— Инҳо чист ва ба чӣ дард мехӯрад?

Ғаззолӣ гуфт:

— Ҳар чи ҳаст, ба дарди шумо намехӯрад, вале ба дарди ман мехӯрад.

— Ба чӣ дарди ту мехӯрад?

— Инҳо самараи чанд сол таҳсили ман аст. Агар инҳоро аз ман бигиред, маълумотам табоҳ мешавад ва солҳо заҳматам дар роҳи таҳсили илм ба ҳадар меравад.

— Ростӣ, маълумоти ту ҳамин аст, ки дар инҷост?

— Бале.

— Илме, ки ҷояш дар буқча ва қобили дуздидан бошад, он илм нест, бирав фикре ба ҳоли худ бикун!

Ин гуфтаи соддаи оммиёна таконе ба руҳияи омода ва ҳушёри Ғаззолӣ дод. Ӯ, ки то он рӯз фақат фикр мекард, ки тӯтивор аз устод бишнавад ва дар дафтарҳо забт кунад, баъд аз он дар фикр афтод, ки кӯшиш кунад, то мағз ва димоғи худро бо тафаккур парвариш диҳад ва бештар фикр кунад ва таҳқиқ намояд ва матолиби муфидро дар дафтари зеҳни худ бисупорад.

Ғаззолӣ мегӯяд: “Ман беҳтарин пандҳоро, ки роҳнамои зиндагии фикрии ман шуд, аз забони як дузди роҳзан шунидам”.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи Муртазо Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Ғаззолинома”)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.