Булуғи фарҳангӣ

139

Булағи фарҳангӣ – яъне шинохти фарҳанги ҷомеъае ки дар он зиндагӣ мекунем, битавонем он фарҳангро таҷзияву таҳлил кунем, ва ба ончи ки бо шаръ ва урфи ақлонӣ мутобиқат дорад, амал кунем.

Дар булуғи фарҳангӣ фақат таҳсилоти зиёд кифоят намекунад, яхне ҳар ки зиёд хонда бошад, булуғи фарҳангиаш зиёд нест. Аммо таҳсилоти зиёд ба булуғи фарҳангӣ кӯмак мекунад.

Ба ёд дошта бошед яке аз мушкилоте ки бештари завҷҳои ҷавон гирифтори он ҳастанд, надоштани булуғи фарҳангӣ аст.

Булуғи фарҳангӣ сабаб мешавад, ки одам дар вақти издивоҷ тавони фаҳми дурусту нодурустро дошта бошад ва бе таассуб нисбат ба одобу расму русуми хатои хонаводагӣ, хешовандӣ, тасмим бигирад.

 Хомӯшӣ ва сукут

Бисёре аз одоб ва расму русуми ғалат ва осебҳои хонаводагиву иҷтимоъии падару модар ва худи афрод шояд роҳи расидан ба буруғи фарҳангиро душвор кунад; аммо монеъи расидани одам ба булуғи фарҳангӣ намешавад, ва ҳатто метавонад барои фаҳми дурусту дурусттар кӯмак кунад.

Шояд беҳтарин натиҷаи расидан ба булуғи фарҳангӣ, дур шудан аз сифатҳои бад аз ҷумла бадзабонӣ, бадфеълӣ, кинаварзӣ, беадабӣ, бебарномагӣ, ва рӯй овардан ба сифатҳои хуб аз ҷумла инъитофпазирӣ, ҳақпазирӣ, гумони нек ва … бошад.

Дар охар ба ин нукта бояд диққат карда шавад, ки ба даст овардани баъзе аз шароити булуғ яъне ҳамон рушду камол ба таври комил, солҳо вақт мегирад, бинобар ин бояд ба андозаи тавони худ бояд он шароитро касб кард на инки мунтазири комил шудани он монд!

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.