Нуктаҳои зарурӣ дар дӯст доштани ҳамсар

53

Чаро дӯст доштани ҳамсар зарурӣ аст? Чаро ҳамеша дар ин маврид суҳбат мешавад? Посух равшан аст чун дӯст доштани ҳамсар яъне дӯст доштани зиндагӣ. Хонавода ба унвони аввалин ва кучактарин воҳиди иҷтимоӣ нақшии асосӣ дар тавлиди фарҳанг, интиқол ва парвариши он дорад. Усулҳои хонавода бо пайванди як зану мард оғоз мешавад. Ин пайванд фақат ба иртиботи отифӣ ва расидан ба хостаҳои шахсӣ хатм намешавад, балки нақши интиқолдиҳандаи қавонин, мушкилҳо ва фарҳангро ҳам бар уҳда дорад. Бо хонаводаи солим, асоси ҷомеа шакл мегирад, пас хонавода нақши фаротар аз ҳамзистии мусоламатомези ду нафарро дар бар дорад. Хонаводае  метавонад рукни як ҷомеаи ормонӣ бошад, ки худ комилу наздик ба идаолҳои ҷомеа бошад.

Ҳар касе орзӯ дорад бо шахсе издивоҷ кунад, ки бо ӯ ҳамсу ва ҳамоҳанг бошад. Касе, ки бо ӯ шодиҳои муштарак дошта бошад. Касе, ки ҳангоми ғам, ғамхору дар замони танҳоӣ мӯниси ӯ бошад. Ба ростӣ бағайр аз ҳамсар чӣ касе маҳрами пайдо ва ниҳони мо аст? Албата, ки ҳамсар. Ба шарти инки ҳар ду бо равиши ҳамсардорӣ ошно бошем. Ҳар ду ду тан дар як рӯҳ бошем. Дӯст доштани ҳамсар яъне доштани як зиндагии бо созиш. Дӯст доштани ҳамсар яъне зиндагӣ бо оромиш. Ин тафоҳуму оромиш чигуна ба вуҷуд меояд? Чигуна ба ҳамсари худ эътимод кунем ва эътимоди ӯро ҷалб кунем? Чигуна метавонем бо ибрози ишқу муҳаббат зиндагӣ кунем? Ишқ то чӣ ҳад дар хушбахтии мо нақш дорад?

Ишқу алоқаи мутақобил

Саволҳои зиёде дар мавриди зиндагии муштарак матраҳ аст. Шояд расидан ба посух битавонад ба мо кумак кунад. Кумак кунад бо хаёли осуда пушти панҷараи хушбахтӣ бинишинему ба ояндаи равшани зиндагӣ нигоҳ кунем. Ба ин саволҳо ҳар кас баста ба навъи нигоҳаш ба зиндагӣ посух медиҳад. Сад албата посух ба ин саволҳо ба хусусиёти фардӣ низ вобастааст. Дӯст доштани ҳамсар аз назари равоншиносӣ ба инсон эҳсоси амнияти руҳӣ мебахшад. Аз тарафи ин ҳисси хуб сабаби нишот ва ҷавонӣ мешавад. Ҳамсар яке аз аркони муҳимми зиндагӣ аст. Бар ин асос ҳамсар сангбинои хонавода дониста мешавад. Рафтори волидон нисбат ба ҳамсар дар тарбият ва саломати рӯҳӣ ва равонии кӯдакон таъсири ба бисёре дорад. Пешрафту муваффақияти хонавода бастагӣ ба ишқу алоқаи мутақобили зану шавҳар дорад.

Нуктаҳои дӯст доштани ҳамсар

Нуктаҳои дӯст доштани ҳамсар бисёр сода ва равшан аст. Издивоҷ бояд бо шинохти комил бошад. Ӯро воқеан ва аз таҳти дил дӯст дошта бошем. Омодагӣ дошта бошем, ки барои зиндагии муштаракамон гомҳои муассир бардорем. Барои хушбахтӣ ва хушҳолии ӯ талош кунем. Ба муваффақияти ӯ дар заминаҳои мухталиф монанди шуғл, алоиқ ва мавқиъиятҳои иҷтимоӣ кумак кунем. Дар мушкилоти зиндагӣ ёру ҳамроҳи ӯ бошем. Бо ӯ дарди дил кунем. Ба ҳарфҳояш бо диққат гӯш кунем. Аз суҳбат бо ӯ лаззат бибарем. ӯро ҳамонгуна, ки ҳаст бипазирем. Ин нуктаҳои дӯст доштани ҳамсар барои касоне аст, ки бо шинохти комил издивоҷ кардаанд. Таҳқиқ карда ва қабл аз издивоҷ машварат гирифтаанд.

Аммо нуктаҳои дӯст доштани ҳамсар барои касоне, ки бо аҷала бидуни таҳқиқу машварат издивоҷ кардаанд фарқ дорад. Дар ингуна маворид, ки шинохте аз ҳамсари худ надоранд шояд шароит каме мушкилтар бошад. Ҳамсаре, ки нисбат ба ояндаи хонавода бетафовут аст. Касе, ки битавонад моли ҳамсарашро аз они худ кунад, эътимод кардан ба чунин касоне ба дур аз ақл аст. Дӯст доштани яктарафа яъне ба фано рафтан. Дар ингуна маворид бояд навъи рафтору эътимоди мо баста ба рафтори ҳамсар мутафовит бошад. Дар ингуна зиндагиҳо ҳам метавон мушорикати мутақобил дошт, аммо бо эҳтиёт ва бо тадбир.

Маслан барои ҳамсаре, ки аҳли моддиёт аст навъи рафтори мо ба гӯнае, ва барои ҳамсаре, ки бемуҳаббат аст ба гӯнае хоҳад буд. Ба ӯ эътимоди моддӣ накунем ва ба дигарӣ эътимоди эҳсосӣ.

Заруратҳои дӯст доштани ҳамсар

Аввал инки умре бо ӯ бояд муровидаи отифӣ дошта бошем. Ин амр бидуни дӯст доштан бар равобити отифӣ халал мерасонад. Дувум инки ӯ шарики зиндагии мо аст. Бидуни муҳаббати ҳар як ба дунболи манофеи шахсӣ ва на муштарак хоҳанд буд. Мо ба унвони ҳамсар бо ӯ заношуӣ хоҳем дошт. Заношуӣ бидуни дӯст доштан лаззати кофӣ дар бар нахоҳад дошт. Рӯҳу равони мо афсурда ва танҳо хоҳад буд. Ба дунболи он мумкин аст дучори бемориҳои рӯҳӣ ва равонӣ монанди афсурдагӣ шавем.

Дӯст доштани ҳамсар эътимоди мутақобил ба бор меоварад. Аз дигар заруратҳои дӯст доштани ҳамсар доштани мунис ва ғамхор дар зиндагӣ аст. Доштани такягоҳи амн. Эҳсоси амнияти отифӣ, ки амнияти моддиро низ ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Барномарезӣ барои даврони пиронсолӣ. Агар ҳамсарамонро дӯст надошта бошем таровати ҷавониро зӯд аз даст хоҳем дод. Аз зиндагӣ бо ӯ лаззат нахоҳем бурд. Мунтазири омаданаш нахоҳем буд. Хастагиашро таҳаммул нахоҳем кард ва хулоса бештар аз инки ӯ ранҷ бибарад зиндагӣ барои мо азобовар хоҳад шуд.

Дӯст доштани ҳамсаратон

Дӯст доштани ҳамсаратон ба шумо кумак мекунад монанд руде ҷорӣ, тамоми ташнагиҳои зиндагиро сероб кунед. Дар зиндагӣ фаъолу пур ҳаяҷон бошед. Ҳар ҷое, ки лозим аст барои зиндагиятон талош кунед ва илҳом бахш бошед. Дӯст доштани ҳамсаратон ба зиндагии шумо рӯҳ мебахшад. Ҳангоми сахтиҳо ҳамроҳи ӯ хоҳед буд чун ӯро дӯст медоред ӯ ҳам дар вақҳои зарурӣ ёриятон хоҳад кард. Ғамҳои ӯро таскин хоҳед дод. Фақат ба манофеи шахсии худ фикр нахоҳед кард.

Муваффақияти ӯро аз они худ хоҳед донист, ва ин яъне пешрафт дар зиндагии муштарак. Дӯст доштани ӯ сабаб хоҳад шуд зудтар ба аҳдофи муштаракатон бирасед. Фарзандонатонро бо тафоҳум бузург кунед ва аз муваффақияти онҳо лаззат бибаред ва тамоми ин маворид барои шумо ҳам сидқ мекунад. ӯ ҳам нисбат ба шумо меҳрубон ва дилсуз хоҳад буд.

Донистаниҳои дӯст доштани ҳамсар

Донистаниҳои дӯст доштани ҳамсар ба шумо кумак мекунад ишқи ду турфа дошта бошед. Шумо барои инки муҳаббати ҳамсаратонро бо ишқи худатон ҳамроҳ кунед лозим аст маҳорат дошта бошед. Баъзи вақтҳо бо сиёсату маҳорат ӯро мутаваҷҷиҳи амалкарди худ дар зиндагӣ бикунед.

Донистаниҳои дӯст доштани ҳамсар: Ибтидо шумо бояд аз ӯ шинохт дошта бошед. Бидонед чи чизҳое ӯро шод ва чи мавориде ӯро нороҳат мекунад. Бояд бидонед ӯ ба унвони ҳамсар аз шумо чи хостаҳое дорад. Ӯ кадом вижагиҳои шуморо меписандад, сипас хостаҳои худро мутобиқ бо хостаҳои ӯ ҳамоҳанг намоед. Доштани маҳорати зиндагӣ ба шумо кумак мекунад ҳар ду аз зиндагии муштараки худ лаззат бибаред.

Дӯст доштани ошиқонаи ҳамсар

Дӯст доштани ошиқонаи ҳамсар хуб аст ба шарте, ки ҳамсаратон зарфияти фидокорӣ дошта бошад. Чун шумо ошиқона ӯро дӯст доред ӯ набояд фикр кунад, ки шумо бояд фидокор бошед. Агар ингунааст ишқатонро пинҳон кунед. Нагузоред ӯ мутаваҷҷеҳ шавад, ки шумо беқарори ӯ ҳастед. Ин ба он маъно нест, ки ба ӯ муҳаббат накунед балки маънои онро дорад, ки дар ҳадди зарфияти ӯ муҳаббататонро намоён кунед. Аммо агар ӯ қадри ишқи шуморо медонад ва хушҳол аст аз инки ҳамсараш ӯро ошиқона дӯст дорад бедариғ ишқ биварзед ва фидокорӣ кунед.

Саволҳое, ки зиёд пурсида мешавад

Оё ишқ барои хушбахтии ду фард кифоят мекунад?

Не, ишқи ҳамроҳ бо мантиқ аст, ки зиндагиро ширин ва дилпазир мекунад. Ишқ бояд бо эътимоду шинохт ҳамроҳ бошад. Ишқ дар зиндагии муштарак бояд ҳамроҳ бо манофеи муштарак бошад на фидо шудани як тарафа.

Чӣ кунем то муҳаббат дар зиндагӣ мондагортар бошад?

Эҳсоси вобастагии шадид надошта бошед ва нисбат ба ҳамсаратон эҳсоси моликияти комил накунед. Бетаваққуъ муҳаббат кунед. Аз тарафи ӯ ҳам таваққуъ дошта бошед вазифаи ҳамсарияшро дуруст анҷом бидиҳад. Нахоҳед, ки ӯ ба таври куллӣ тағйир кунад. Ба тафоҳум ва якдигар фаҳмӣ бирасед. Ҷанбаҳои муштаракатонро парвариш дода ва бигузоред ӯ ҳам ба хостаҳои шахсиаш бирасад.

Фидокорӣ дар зиндагӣ чӣ ҷойгоҳе дорад?

Фидокории беш аз ҳад яъне шумо аз тамоми алоиқу хостаҳоятон чашмпӯшӣ кунед ва ин яъне баъд аз гузашти муддатзамоне канор зада хоҳед шуд. Муҳаббати хонавода ба шумо аз рӯи дилсузӣ хоҳад буд. Аммо фидокории мантиқӣ яъне созгор кардани хостаҳо бо манофеи муштараки худ ва хонаводаатон.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.