Равоншиносии зан ва мард

197

Равоншиносии зан ва мард

Шояд битавон иддао кард муҳиммтарин коркарди ниҳоди хонавода ба унвони кӯчактарин ниҳоди иҷтимоӣ, таҳаққуқ бахшидан ба орзуи дерини тамоми [наслҳо, ақвом ва нажодҳои] башарӣ аст, яъне расидан ба оромиш. Сарфиназар аз инки издивоҷи ҳар як аз мо чунин падидаеро дарбар дошта ё на. Аммо дар идомаи баҳс ба мавориде ишора мекунем, ки риояти онҳо илова бар бозсозии равобит ва муносиботи хонаводагӣ, дар боқимондаи зиндагии муштаракамон низ, ризоят ва оромишро дар ҷиҳати фаҳми хушбахтӣ ва аз байн бурадани заминаҳои бадфаҳмии якдигар ба мо ҳадия мекунанд.

Ногуфта намонад, ки ҳама чиз ба нигариши ман ва шумо бастагӣ дорад. Бардоштҳо, тарзи талаққӣ ва боварҳои ман ва шумо, таъйинкунанда ҳастанд. Зеро бисёр муҳим аст, ки ҳаводисро чигуна тафсир мекунем ва диди мо ба дигарон чигуна аст.

Агар тасаввури шумо ин бошад, ки умри зиндагии муштараки шумо ба поён расида ва роҳе барои идомаи он вуҷуд надорад, онвақт дигар далеле намебинед то барои устуворӣ ва бақо ва наҷоти он талош кунед.

Қатъан арзёбии ҳама ё ҳеҷ, воқеъбинона нест. Зеро зиндагии ҳеҷ инсоне бар асоси қоидаи ҳама чиз ё ҳеҷ чиз, устувор нашудааст.

Гоҳе тасаввури мо ин аст, ки ҳама чиз бояд мутобиқи майл ва хостаи мо бошад, ва ҳатто каме тахаллуф қобили пазириш нест. Интизори идеал надоштан, дар тамоми ҳолоти зиндагӣ ба мо кумак мекунад шароит ва мавқеиятҳои мавҷудро ба роҳатӣ пазируфта, худ ва дигаронро он тавр, ки ҳастанд бибинем ва бипазирем. На онтавр, ки бояд бошанд ё онтавр, ки мо мехоҳем!

Қатъ ва яқин дар бисёре аз маворид решаи ихтилофоти заношуӣ ва хонаводагӣ дар тафовутҳои сегона (ҷисмӣ, ҷинсӣ ва равони)-и зан ва мард нуҳуфтааст. Вале чун мо фаромӯш кардаем, ки занҳо ва мардҳо бо ҳам мутафовит ҳастанд бадрафториҳо ва кашмакашҳо рӯх медиҳанд ва оромишро аз дили хонавода берун мекунанд.

Аз ин рӯ шинохти беҳтари зан ва мард аз худ ва аз якдигар тарзи саҳеҳи ҳамдигарфаҳмӣ байни он дуро бино хоҳад гузошт. Ба ин хотир дар сайри матолиби оянда феҳриствор гӯшае аз ин тафовутҳоро баён хоҳем кард.

 Рози тафовутҳои мавҷуди байни зан ва мард

Ҳадаф аз бёни тафовутҳои зан ва мард ин нест, ки бигӯем зан беҳтар аст ё мард балки ҳадаф шиносондани зан ва мард ба якдигар аст. Қабули ин воқеият, ки ҳеҷ инсоне комил нест ба мо кумак мекунад то битавонем хатоҳо ва иштибоҳоти тарафи муқобилро бибахшем ва роҳи латофат ва оромишро дар зиндагӣ ҳамвор кунем. Интизори идеал надоштан, дар тамоми ҳолоти зиндагӣ ба мо кумак мекунад шароит ва мавқеиятҳои мавҷудро ба роҳатӣ бипазирем.

 Қуръон ва фалсафаи завҷофаринӣ

Қуръони карим ду масъаларо ҳикмати завҷофаринии инсон медонад, ки ин ду масъала навъе тақсими кори табиӣ байни онҳо низ шумурда мешавад.

1) Густариши созмонёфтаи насли одамӣ:

Бар асоси омӯзаҳои Қуръонӣ зан ва мард дар дастёбӣ ба зиёд кардани насл шариканд. Ба гунае, ки ҳар як бо набуди дигарӣ тавоноии таксири наслро надоранд.

فاطِرُ السَّماواتِ وَ الْأَرْضِ جَعَلَ لَکُمْ مِنْ أَنْفُسِکُمْ أَزْواجاً وَ مِنَ الْأَنْعامِ أَزْواجاً يَذْرَؤُکُمْ فيهِ[1]

Ӯ офаринандаи осмонҳо ва замин аст ӯ аз ҷинси шумо ҳамсароне барои шумо қарор дод ӯ ҷуфтҳое аз чаҳорпоён офарид, ва ӯ шуморо ба василаи ҳамсарон ва тадбири издивоҷ) таксири насл мекунад.

Қатъан зиёд кардани насл вобаста ба тавлиди насл ва парвариши ӯст. Зан ба унвони инки парваришдиҳандаи насл дар раҳм аст ва Қуръон бо баёни ин масъала ба сурати мисол, ки нақши зан дар ҷомеаи башарӣ барои тавлиди мисл, монанди киштзоре аст, ки амали нашъу намои донаро бар уҳда дорад ва мард дар ин миён, ҳунаре ҷуз донапошӣ надорад. Ба ҳамин далел андозаи ҳамроҳии мард дар тавлиди мисл андак аст. Илова бар тавлиди мисл, зан дар марҳалаи идомаи ҳаёти насли таваллуд шуда, ки шомили тағзияи ҷисмӣ ва руҳии кӯдак мешавад нақши асосӣ дорад.

Бинобарин барои инки модар дар иҷрои ин нақш муваффақ бишавад Худованд вуҷуди ӯро лабрез аз авотиф, бахшиш ва исор офаридааст. То эътимоди навзодро ба худ ҷалб кунад ва бо ӯ ба таомул бипардозад.

Модар чун меъмори аслӣ дар шаклгирии шахсияти насл мебошад, бояд худ дорои шахсияти ором ва оромишбахш бошад. Зан дар ин марҳала мазҳари халлоқияти Худои мутаол, таҷаллигоҳи авсофи дилангези Худовандӣ чун раҳмат, утуфат ва раъфат мебошад. Зеро парвардани чизе, бе ин авсоф ба сомон намерасад.

Натиҷаи онки табиати зан бояд ба гунае таҷҳизшуда бошад, ки даврони бордорӣ, ширдиҳӣ ва нигаҳдорӣ аз тифлро аз беҳтарин давраҳои зиндагии худ бидонад.

Ва агар аз заминаи мусоиди равонӣ бо ончи андомаш барои он пайрезӣ шудааст бархурдор набошад наметавонад аз ӯҳдаи ин масъулият барояд.

Барои муваффақияти зан дар анҷоми масъулиятҳояш бояд ниёзҳои аввалияи ҳаёти ӯ чун (амният, хӯрок, пӯшок, хона ва монанд он) таъмин шавад. Ва чун таъмини ин ниёзҳо, аввалан ба шарти доро будари тавонмандии ҷисмонӣ ва қудрати физикӣ аст. Ва сониян бо чира шудан бар мушкилот ва хатарҳо ва ҳамвор намудани роҳи зиндагӣ, тадбир ва чораандешӣ аст. Ва ин чунин тавонмандӣ ва тадбир дар мардон ёфт мешавад ба хотири ин Худои субҳон таъмини эҳтиёҷҳои занон ва кӯдаконро бар ӯҳдаи мардон гузоштааст. Ва ба фармудаи шаҳид Муттаҳҳарӣ: Вазоифи табиӣ дар тавлиди мисл иқтизо мекунад, ки зан аз назари молӣ ва иқтисодӣ такягоҳе дошта бошад ва ин такягоҳ ҳамон мард аст. Аз ин рӯ мард бояд барои анҷоми ин масъулиятҳо аз авсофе чун тадбир, рӯҳияи қавӣ ва салобат ва истодагӣ бархурдор бошад, то ба хубӣ онро ба анҷом бирасонад.

Қуръони карим дар ин робита фармуда:

الرِّجَالُ قَوَّامُونَ عَلَى النِّسَاء بِمَا فَضَّلَ اللّهُ بَعْضَهُمْ عَلَى بَعْضٍ وَبِمَا أَنفَقُواْ مِنْ أَمْوَالِهِمْ.[2]

Мардон коргузорон ва тдбиркунандагони зиндагии занонанд, ба хотири онки Худо мардонро [аз ҷиҳати тавони ҷисмӣ, таҳаммули сахтиҳо ва қудрати рӯҳӣ ва фикрӣ] бар занон бартарӣ дода, ва ба хотири онки мардон аз амволашон харҷи зиндагии занонро [ба унвони ҳаққи воҷиб] мепардозанд……

Ва қатъан манзур аз ин вогузарии сарпарастӣ ба мард, зулму сахтгирии беш аз ҳад нест балки мақсад муаян кадани як роҳбар бо таваҷҷуҳ ба масъулиятҳои лозим аст.

Ва ба ҳамин хотир мард бо доштани қуваи тафаккур ва тадбири бештар метавонад биандешад ва нақша тарҳ кунад. Бо доштани буния ва нерӯи ҷисмии бештар аз ҳарими хонавода дифоъ ва тааҳҳудашро барои таъмини ҳазинаи зиндагӣ ва осоиши хонавода ба анҷом бирасонад.

 2) Эҷоди конуни амни зиндагӣ барои инсон:

Зиёд шудани насл дар бо ташкили оила таҳаққуқ пайдо мекунад ва ду пояи оила (зан ва мард) бояд нисбат ба ҳамдигар аз кашиш ва ҷозибае дошта бошанд, то эҳсоси ризоят ва нишот кунанд ва ин эҳсос замоне ҳосил мешавад, ки конуни хонавода аз осоиш ва оромиш пур бошад ва қатъан оромиш ва осоиш дар сояи ҳамдигарфаҳмие аст ки аз [муҳаббат ва маваддат] ба вуҷуд меояд.

Онҷоки Қуръони карим фармуда:

وَمِنْ آيَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَكُم مِّنْ أَنفُسِكُمْ أَزْوَاجًا لِّتَسْكُنُوا إِلَيْهَا وَجَعَلَ بَيْنَكُم مَّوَدَّةً وَرَحْمَةً إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ.[3]

Ва аз нишонаҳои [қудрат ва лутфи] Худованд ин аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид то дар канорашон оромиш ёбед ва дар миёни шумо дӯстӣ ва меҳрубонӣ қарор дод, яқинан дар ин [кори шигифтангез] нишонаҳое аст барои мардуме, ки меандешанд.

Эҳсоси ниёз ба ҳамсаре, ки дар канори он сукун ва оромиш ҳосил шавад, фақат дар зан ё мард будан нест балки зан ниёзманди мард аст ва мард ниёзманди зан аст.

[1] . сураи Шуро, ояти.11

[2] . сураи Нисо, ояти.34

[3] .  сураи Рум, ояти.21

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.