Чӣ хейл фарзандамро ба намоз ҳавасманд созам

126

Ҳамеша дар дуоҳоямон аз Худованд мехоҳем, ки ба худамон ва фарзандонамон тавфиқи намоз хондан бидиҳад, дар ин матн бо роҳҳои ҳавасманд кардани фарзанд ба намоз ошно мешавем.

Манзура аз солҳо пеш қабл аз инки писараш ба балоғат бирасад, ҳамеша дар дуоҳояш аз Худованд талаб мекард, ки фарзандонаш ҳавасманд ба хондани намоз бошанд. Ҳануз як сол ба сини балоғати писараш боқӣ монда буд ва Манзура талош мекард, ки фарзандашро бо намоз бештар ошно созад, албата Раҳим ҳам мехост, ки намозҳои панҷвақтаро бихонад, аммо ҳануз барои намози бомдод сахташ буд аз хоб хезад, борҳо ба модараш мегӯфт: очаҷон! маро барои намози бомдод бедор кун! Манзура барои инки писараш нисбат ба намоз хондан дилсард нашавад, дилаш намешуд фарзандашро барои намози бомдод бедор кунад то инки як рӯз пеш аз азони бомдод ба оромӣ Раҳимро аз хоб бедор кард.

Вақте Раҳим ҷойнамозро паҳн кард, Манзура бо нигоҳ ба қаду болои писари 12 солааш, дар дилаш ҳазорон бор ба ӯ изҳори маҳаббат карду гуфт: азизам! мехоҳам намозамро бо ту ба ҷамоат бихонам! Раҳим қомат гуфта пас аз ният Аллоҳу Акбар гуфт. Вақте намоз тамом шуд, Манзура дид, ки чашмони Раҳим пур аз ашк аст, Раҳим модарашро дар оғӯш гирифта ба модараш гуфт: ташаккур, ки маро мард дидӣ, ташаккур, ки ба ман қадру қимат додӣ, ман хушбахттарин фарзанди рӯи замин ҳастам, аз инки туро дорам хело хушбахт ҳастам.

Намозро ин гӯна барои кӯдаконамон ҳавасманд созем

Ҳоло мо волидон чӣ тавр метавонем кӯдакамонро аз ҳамон кӯдакӣ намозхон кунем, ба гӯнае, ки ишқу маҳаббаташ ба намоз дар вуҷуди ӯ реша кунад? Чигуна дуои қуръоние, ки дар ояти 40 сураи Иброҳим омадаастро ҷомаи амал пӯшонем?

رَبِّ اجْعَلْنِي مُقِيمَ الصَّلَاةِ وَمِنْ ذُرِّيَّتِي رَبَّنَا وَتَقَبَّلْ دُعَاءِ

Тарҷума: “Парвардигоро! Ман ва фарзандонамро барподорандаи намоз қарор деҳ; ва Парвардигори мо! Дуоямро бипазир.”

Барои бачаҳои зери ҳафт сол, бояд худи “намоз” хушоянду ҳавасманд бошад, на инки туҳфа боис шавад, ки ӯ намоз бихонад. Бо корҳое монанди атр задан ва ё ҷойнамоз барояш харидан намоз барои ӯ хушоянду ҳавасманд шуда ва нисбат ба хондани он алоқаманд мешавад.

Агар дар хонае кӯдакмон бо ҳам сину солонаш намоз бихонад, ин намоз хондан барои онҳо эҳсоси хушоянд ва ҳавасмандӣ меорад, вақте намозашон тамом шуд, метавонед бидуни инки номи туҳфаро бибаред, як хӯроки хубу бо лаззате, ки аз қабл омода кардедро ба онҳо диҳед. Ҳатто агар кӯдакатонро бо падараш ба масҷид мефиристед, падар дар масири бозгашт аз масҷид як яхмос ва ё ҳар чизи дагаре, ки ӯ дӯст медорад, барояш гирад то эҳсоси хушояндӣ ва ҳавасмандӣ ба намоз дар ӯ эҷод шавад.

Бозиҳое, ки бачаҳо дар ҳангоми намоз хондан дӯст доранд!

Дар равиши форам кардани бачаҳо барои хондани “намоз” ёдамон бошад, ки ҳеҷгоҳ номи туҳфаро набарем, зеро кори иштибоҳест ва мумкин аст дар оянда кӯдак намозро чун туҳфа нест нахонад. Ҳол мумкин аст кӯдаки камтар аз 7 солаамон ҳангоми хондани намоз аз танамон боло биравад ва ҳаваси аспсаворӣ кунад, дар инҷо рафтори мо бояд ба гӯнае бошад, ки ӯ нисбат ба намоз дилзада нашавад, балки бо рафторамон ҳисси хуби ӯ барои намоз хонданро тақвият бахшем.

Барои намозхон кардани кӯдакони 7 то 10 сола шиваҳои ташвиқӣ ва ҳавасмандсозӣ вуҷуд дорад ва он ин аст, ки падар канори онҳо дар сафи намози ҷамоат бошад, баъд аз намоз падар ба писараш ибрози муҳаббат кунад. Дар инҷо шиваи ҳавасмандсозии мо ду навъ аст; туҳфаи моддӣ ва туҳфаи маънавӣ. “Туҳфаи маънавӣ” монанди лабханд задан ба фарзанде, ки намоз хондааст ё ба ӯ бигӯем Худованд намозе, ки хондӣ қабул кунад! Ва ё баъд аз намоз пешонии фарзандашро бибусад.

Гоҳе лозим аст шиваҳои нав барои ҳавасмандсозии фарзанд ба намоз хондан пайдо кунем

Рӯзҳову лаҳзаҳо бо суръат мегузарад ва ин кӯдаки дирузаи мо, навраси 12 ё 14 солааст, барои давоми алоқаи фарзандамон ба намоз хондан як миқдор лозим аст равишҳоямонро замонавӣ кунем, масалан вақте барои намоз меистад, ба ӯ бигӯем: “Азизи дили модар! вақте ба намоз меистӣ хело хушҳол мешавам” ин як ҷумлаи отифӣ дар ҳақиқат туҳфаи маънавии ӯ мешавад.

Агар хостем фарзандонамонро ба намоз ҳавасманд созем бояд донем, ки фарзандамон аз инки мехоҳем ӯро ба намоз ҳавасманд созем бехабар бошад. Ба ин маъно, ки агар ба фарзандамон бигӯем шумо 40 бор ба масҷид Бирав, ман бароят дучарха маехарам, ин ҳавасмандиест, ки мунтазираш хоҳад буд; яъне 40 рӯз зеҳнаш машғули он аст, ки бояд 40 маротиба ба масҷид биравад то падараш барои ӯ дучарха бихарад. Аммо агар аз ҳавасмандсозии мо бо хабар набошад, яъне инки чизе нагӯем, вақте чанд маротиба худаш ба масҷид рафт, як рӯзе, ки аз масҷид бар мегардад, ба ӯ бигӯем: писарам! чун дидам масҷид рафтӣ, хело хурсанд шудам, дӯст дорам шуморо ба бозор бурда бароят як дучарха бихарам.

Хотираи туҳфае, ки пешакӣ дар борааш нагуфтаед ҳеҷ вақт аз зеҳни фарзандатон пок намешавад

Падар дучархаеро бихараду канори масҷид қарор диҳад, баъд ҳангоми хуруҷ аз масҷид, фарзанд нигоҳаш ба дучарха меафтад, ӯ ба падараш мегӯяд: падар чиқадар ин дучарха зебо аст! падараш аз ӯ мепурсад: дӯстдорӣ чунин дучархаеро дошта бошӣ? посухи фарзандаш ҳам бале аст, дар ин ҳангом падараш калиди қуфлро бар медораду қуфли дучархаро боз мекунад ва баъд фарзандаш то хона бо дучарха меравад, ин навъ ташвиқ ва ҳавасмандсозӣ дар зеҳни фарзанд ҷовидона мемонад.

Дар инҷо бояд таваҷҷӯҳ кунем, ки агар ҳавасмандсозии мо волидон кам аҳамият бошад, асари манфӣ хоҳад дошт, масалан агар мо ба кӯдаке, ки чандин маротиба дар намози ҷамоат иштирок кардааст бигӯем ҳамин тавр ба рафтан ба масҷид идома бидеҳ то ба тӯ туҳфа диҳам ва ё туҳфае диҳем, ки хуб набошад, асари бад дорад, масалан як хаткашеро ба унвони туҳфа дар назар гирифтем, ки ба осонӣ мешиканад, дар ин сурат он кӯдак ноумеду дилзада мешавад.

Равишҳое барои намозхон кардани насламон

Хуб! бархе равишҳоро гуфтем, аммо нуктаи асосиро нагуфтем! барои инки насламон намозхон шавад, аввалин шива таваҷҷӯҳ ва такя бар эътиқод аст, Худованди Мутаол ба ҳазрати Мусо (а) фармуд:

إِنَّنِی أَنَا اللَّهُ لا إِلهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدْنِی وَ أَقِمِ الصَّلاةَ لِذِکْرِی

Дар ҳақиқат, Ман худ, Худо ҳастам; маъбуде ҷуз Ман нест; пас, Маро парастиш кун ва намозро барои ёди Ман ба по дор. (Сураи Тоҳо, ояти 14)

Ин оят мегӯяд, маро Худои худат бидон, Худое, ки ҳама кор метавонад анҷом диҳад, дар инҷо Худованд баҳси тавҳидро матраҳ карда ва баъд ҳам баҳси “намоз”-ро гуфтааст, яъне баҳси тавҳид ва маъоди фарзандонамон агар тақвият шавад, онҳо намозхон мешаванду онро қазо намекунанд.

Нуктаи муҳимми дигар ин аст, ки бояд эҳсоси ниёз ба намоз дар фарзандонамон эҷод шавад, таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки Худованд барномае барои зиндагии мо гузоштааст. Яке аз муҳимтарин барномаҳои тарбиявии Худованд “намоз” аст, агар касе қабул дорад таҳти тарбияи Худованд бояд қарор бигирад, бояд ба муҳимтарин дастури Худованд, ки “намоз” аст амал кунад. Худо 17 маротиба дар Қуръони Карим ба мо гуфтааст: бояд намоз бихонед. Ҳатто Худованд ба паёмбараш ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) фармуд: “пас барои Парвардигорат намоз бигзор ва (шутур) қурбонӣ кун.”

 

Худованд ба воситаи намоз рафторҳои инсонро кантрол мекунад, рафторҳои ӯро ба сӯи маънавият ва некиҳо мекашонад ва хубиҳоро ба ӯ ёд медиҳад. Дар сояи ин тарбият, Худованд инсонро аз бадиҳо дур мекунад. Чигуна? Он ҳам бо аҳком, одоб, мустаҳабот ва макруҳоте, ки дар намоз қарор додааст, масалан фармуд: агар нигоҳи бад ба падару модарат кунӣ, намозатро намепазирам, агар луқмаи ҳаром бихӯрӣ ё либосат аз моли ҳаром бошад ё моли дигаронро ба зӯр гирифта бошӣ, он намозатро намепазирам. Ва ин гӯна инсон мешавад инсоне, ки бояд бошад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.