Савоби ухравӣ

296

Савоби ухравӣ

Занони шумо, маҳалли базрафшонии шумо ҳастанд пас ҳар замон, ки бихоҳед, метавонед бо онҳо омезиш кунед ва асари неке барои худ, аз пеш бифиристед. Аз худо бипарҳезед ва бидонед ӯро мулоқот хоҳед кард ва ба муъминон башорат деҳ. [1]

Алломаи Таботабоӣ дар зайли ин оя «و قَدِّموا لِاَنفُسِکم» илова бар фарзанди солеҳ, бар пеш фиристодани амали солеҳ низ баёни зебо доранд.

Дар ин оя дар нигоҳи аввал манзур аз амали хайр, фиристодани (фарзанди солеҳ) мебошад, ки бо анҷоми корҳои хайр мӯҷиби рушди рӯҳии волидайн дар замони ҳаёт ва мамоти онҳо хоҳад буд. Вале бо таваҷҷуҳ ба матолиби Алломаи Таботабоӣ(рҳ) ба хубӣ метавон натиҷаи савоб ва аҷри ухровӣ низ гирифт.

Дини Ислом ба ин равобити заношуӣ бо диди мусбате нигоҳ мекунад ва ҳатто ба он ранги маънавӣ ва ибодӣ медиҳад. Лизо авлиёи дин дар мавориди мутааддид аз подоши ухравӣ дар равобити ҷинсӣ сухан гуфтаанд, ки тааҷҷуби мухотабинро бармеангезонад.

Авлиёи дин бо муодилсозии подоши равобити ҷинсӣ бо бархе таколифи динӣ монанди ҷиҳод, резиши гуноҳон ва пок шудани афрод, ба думболи нигариши мусбати динӣ ба ин рафтор дар зан ва мард ҳастанд, ки ин амр боис мешавад онон эҳсоси мусбате аз ин равобит дошта бошанд ва дар натиҷа нишот ва лаззати бештаре барои онҳо ҳосил шавад. Ва тақвияти ин нигариш, монеъ аз бурузи эҳсоси гуноҳ дар асари равобити ҷинсӣ дар зан ва мард аст.

Дар Қуръон 12 вожа ба ҷои омезиш ба кор рафтааст, ки ба муқтазои адаби Қуръонӣ, корбурди онҳо дар омезиш, киноӣ аст. Ин вожаҳо иборатанд аз:

–     масс: дар сураи Бақара, оятоҳот 236 ва 237 Оли Имрон,47 Марям, 20 Аҳзоб, 49 Муҷодила, 3 ва 4

–     ламс: дар сураи Нисоъ, 43 Моида,6

–     ийтон: дар сураи Бақара 222 ва 223

–     мубошират: дар сураи Бақара,187

–     духул: дар сураи Нисоъ, ояти 23

–     ифзоъ: ба маънои тавсеа додан, ки агар бо ило мутааддӣ шавад, киноя аз омезиш аст. Дар сураи Нисоъ, 21

–     қурб: дар сураи Бақара, 222

–     рафас: ба маънои суханони ҷинсӣ дар ҳангоми омезиш. сураи Бақара,187 ва 197

–     тамос: ба маънои хуни ҳайз ва низ тамос бо чизе. Дар сура  алрҳмн, 56 ва 74

–     никоҳ: дар сураҳои Бақара, 230 ва Нисоъ, 22, ки ҳам бар ақд ва ҳам бар омезиш ба кор рафтааст.

–     ғишён: ба маънои пӯшондан. Дар сураи Аъроф, 189

–     эътизол: ба маънои канора гирифтан. Дар сураи Бақара, 222

Рости  чаро одамӣ ба ҷинси мукаммили худ гироиш дорад? Чаро ҷинси мукаммал барои одамӣ ин қадр пурҷозиба аст?

[1] .  сураи Бақара, ояти.223.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.