Илатҳои нерумандии ғаризаи ҷинсӣ дар инсон

311

Илатҳои  нерумандии ғаризаи ҷинсӣ дар инсон

Чаро ғаризаи ҷинсӣ дар одамӣ ин ҳама неруманд аст?

Ростӣ то ҳоло ба ин мавзӯъ фикр кардаед, ки агар зан барои мард ва мард барои зан пурҷозиба набуданд, чигуна метавонистанд як умр дар канори ҳам ва бо ҳам зиндагӣ кунанд ва аз ҳама муҳимтар инки агар ин ҷозиба ва гироиш неруманд набуд, сарнавишти насли одамӣ чӣ сарнавиште пайдо мекард. Аз ин ҷиҳат аст, ки Ислом дар зиндагии заношуӣ, масоили ҷинсиро ба хотири фавоиди фаровоне, ки дорад мӯҳтарам ва муғтанам шумурдааст. Ғаризаи ҷинсӣ ба қадре неруманд аст, ки зан ва шавҳарро чун ду қутби оҳанрабо ба ҳам наздик мекунад. Ва ин наздикӣ, фақат наздикии ҳайвонӣ нест; Балки бо маънавият пайванд хӯрдааст ва барои зану шавҳар оромиш меоварад ва чун як кори маънавӣ аст барои он нуктаҳои фаровонеро дар назар гирифта, ки дар идомаи матолиб дар ҳадди тавон онҳоро ёдоварӣ хоҳем кард.

Ниёзи ҷинсиро набояд саркӯб кард. Бетаваҷҷуҳӣ ба ин ниёз, нобасомониҳои фаровоне дар зиндагӣ ба бор меоварад. Чӣ бисёр ихтилофоте, ки байни зан ва шавҳарҳо пеш меояд, ки реша дар нокомиҳои ҷинсӣ дорад. Боис тағйир ахлоқ ва рафтору аъмоли инсон шуда ва аъсоб ва равони инсонро бемор мекунад. Гарчи ниёзи ҷинсӣ, дутарафа аст, вале аз онҷо, ки зан, конуни шарм, ҳаё ва хештандорӣ аст, Ислом рӯи ниёзи ҷинсии мардҳо ангушт гузошта ва аз ниёзи ҷинсии хонумҳо камтар сухан ба миён оварда ва аз онҳо хоста, ки ба ниёзи ҷинсии шавҳари худ посухи мусбат бидиҳанд.

Ислом ба манзури парвариши саҳеҳи тамоюли ҷинси ва эҷоди малакаи иффат, таолими лозимро ба пайравони худ меомӯзад ва бо равишҳои амалӣ василаи пинҳон кардани тамоюли ҷинсии кӯдаконро фароҳам меоварад. Ва ба василаи оёти Қуръон ва ривоёт дар ин замина барномаҳои бисёр дақиқ ва гиреҳгушо баён мекунад. Дар сураи муборакаи Нур, ояти 58 нусхаи шифобахш пешкаш мекунад.

Ва чун ин мавзӯъ нақши бисёр ҳаётӣ дар саодат ё бадбахтии инсонҳо дорад шаётин низ ин роҳро ба унвони муҳимтарин асбоб барои ба гумроҳӣ кашондани бандагони Худо қарор додаанд.

Бинобар ин барои инки бинои хонавода истеҳкоми кифоякунанда дошта бошад, шореи муқаддас дар ин замина суфоришҳои муҳиммеро баён мекунад.

Паймони ишқ ва заношуӣ ва издивоҷ аз як су ростӣ, вафодорӣ, созиш, гузашт, фидокорӣ ва эҳтироми дуҷониба ва аз сӯи дигар нишонаи амиқи тамоюли мард нисбат ба ҳамсараш ва василае барои такмили ин дӯстӣ аст.

 Нукоте дар бораи ишқварзӣ бо занон:

Ишқварзии матлуб, натанҳо бо бадан балки бояд бо дилу ҷон ҳамроҳ бошад. Ва муҳаббат дар гуфтор ва нигоҳ ва ҳаракот низ таҷаллӣ пайдо кунад то зан бидонад, ки ҳамсараш ӯро бо тамоми вуҷуд дӯст дорад.

Зан муаннас аст ва ин ба ин маъно аст, ки дорои бӯъд аст:

1- бӯъди отифӣ

2- бӯъди ҷинсӣ

Ва дар воқеъ посухи ҷинсии зан, иртиботи бисёр танготанг ба бӯъди отифӣ ва равонии ӯ дорад. Ба иборати дигар зан агар аз назари муҳаббат ва отифа ризоятманд нашуда бошад ва қаблан аз ҷониби шавҳараш бетаваҷҷуҳӣ ва бемуҳаббатӣ дида бошад, тамоси ҷисмонӣ ва талошҳои мард ба мақсади таҳрики ҷинсии ҳамсараш, натанҳо барои зан нохушоянд аст, балки амалан мӯҷиби нороҳатии бештари ӯ мешавад.

Қалби зан бояд аз муҳаббат ва таваҷҷуҳ сер бошад то баданаш ташнаи бадани шумо бошад. Барои онки зан ба ишқварзӣ алоқа дошта бошад, рафторҳо ва амалкардҳои шавҳараш дар тӯли рӯзҳо ва ҳафтаҳо барои ӯ таъйинкунанда ҳастанд. Ҳар калима ва рафтори муҳаббатомез дар тайи рӯз, оташи даруни занро шӯълавартар месозад.

Аз ҳамин рӯ аст, ки Паёмбари акрам(с) фармудаанд:

قَولُ الرَّجُلِ لِلمَرأَةِ اِنّی اُحِبُّکِ لایَذهَبُ مِن قَلبِها ابداً

Шавҳаре ба ҳамсараш бигӯяд: дӯстат дорам, ин сухан ҳаргиз аз қалби ӯ берун нахоҳад рафт.

Ҳамчунин наҳваи ороиш ва пӯшиш аз авомили бисёр муҳим дар заминаи барқарории мудовим ва лаззатбахш будани робитаи ҷинсӣ мебошад; Аммо мутаассифона бисёре аз завҷҳо, танҳо дар моҳҳои аввали пас аз издивоҷ, худашонро барои якдигар ороста мекунанд вале баъд аз муддате, дигар ба фикри оростагиҳои зоҳириашон дар манзил нестанд.

Дар ҳоле, ки ривоятҳои фаровоне дар ин замина вуҷуд дорад, ки зебоӣ ва оростагии мард бар иффати зан меафзояд ва зебоӣ ва оростагии зан қалби мардро ягона маъвои зан қарор медиҳад ва таъсири фаровоне бар беҳбуди равобити завҷҳо ва амалкарди ҷинсии онҳо дорад ва билъакс ороста набудани зоҳир метавонад таъсирҳои манфӣ дар поин омадани кайфияти робитаи ҷинсӣ ва коҳиши лаззати тарафайн дошта бошад. Мутаассифона одати бисёр ғалате, ки мо гирифтори он шудаем инки ҳар замон эҳсос мекунем ниёз ба истеҳмом дорем ёди масъалаи робитаи ҷинсӣ меафтем он ҳам бо либос ва бадане, ки ҳамроҳ бо бӯи бади арақ аст. Ҳаргиз заҳмати як ҳамом кардани кӯтоҳ қабл аз робитаи ҷинсиро ба худ намедиҳем ва ин қатъан дар уфти кайфият ва лаззати робитаи заношуӣ таъсири дучандон мегузорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.