Сабаби ноборварӣ дар мардон

206

Баррасии далелҳои ноборварӣ дар мардон

Яке аз мушкилоте, ки 15% зану шавҳар бо он рӯ ба рӯ ҳастанд, мушкили ноборварӣ ва нозоӣ аст; мушкиле, ки баъзан ба далели вуҷуди баъзе бемориҳо барои хонавода пеш меояд, ки дар баъзе мавридҳо мутавҷҷеҳи мардон аст ин мушкил, далелҳои мушахасси илмӣ ҳамчун: Тавлиди камии сперм, ноқис буданӣ ё беҳаракатии сперм, баста шудане, ки пеши роҳҳои спермро мегирад ва ё халалҳои женетикӣ дорад. Албатта бемриҳое чун мушкилоти музмини дил ва масоили монанди шеваҳо ва сабки заиндгӣ ва…. ҳам метавонад бар ноборварӣ, таъсири мустақим дошта бошад.

Аммо донистани авомиле, ки сабаби эҷоди ноборварӣ дар мардон мешавад, метавонад моро ба доштани як борварии солим ҳидоят кунад.

Вазифаҳои мардон дар зиндагии бо ҳамсар – қисмати севвум

Шалвор (шим)-и танг

Пӯшидани шалворҳои ҷинс ва танг, ки фоқи (аз хиштак то камар) кӯтоҳе доранд ва пӯшидни шалвор ва либосҳои танг ва часпон, саломатии афродро ба хусус аз назари ҷинсӣ ба хатар меандозад. Таҳқиқоти илмии донишмандони Суед нишон медиҳад, ки пушидани шалвори ҷинси танг, сабаби ноборварӣ дар мардон мешавад. Дар соли 1970 мизони нархи ноборварии мардони Суед нисбат ба баъзе аз кишварҳо бисёр болотар буда ва донишмандон пас аз ироа ва таҳқиқ рӯи теоремаи шалворҳои танг, дарёфтанд мардоне, ки дар як давраҳои хос ва тибқи муд, шалворҳои ҷинси танг пӯшида буданд, теъдоди сперми камтаре доштаанд.

Либоси зерпӯши мардон

Яке аз мудҳое, ки байни ҷавонони имрӯз роиҷ шудааст пушидани либосҳои зерпӯши танг ва часпон аст, дар ҳоле ки боло рафтани дамои байзаҳо(тухмдони мардон) боиси осеб расидан ба спермҳо мешавад ва қудрати борварии мардонро коҳиш медиҳад ба таври куллӣ яке аз вазоифи байзаҳо дур кардани гармо аз ноҳия таносулӣ аст, аммо вақте мардон шалвор яъне либоси зерпӯши тангро барои муддати замони тӯлонӣ ба тан мекунанд, гармо дар ноҳияи таносулии онҳо ҳабс шуда ва ин дар борварии эшон халалҳо эҷод мекунад.

Пӯшидани либосҳое, ки табодули ҳаво ва ҳарорат дар онҳо ба хубӣ анҷом намешавад дамои байзаҳоро боло мебарад, барои мардон муносиб нест.

Ҳавои гарм

Ҳузури ҳамешагӣ дар ҳавои гарм мумкин аст бар масъалаи борварӣ таъсири манфӣ бигзорад, чаро ки байзаҳо наметавонанд амалкарди дурусте дошта бошанд, магар ин ки сардтар аз бақияи бадан бошанд. Хушбахтона онотомии бадани мардон тавре тароҳи шудааст, ки дарҷаи ҳарорати он муносиб аст. Доктор Лонзу мутахасиси борварӣ мегӯяд: Агар дараҷаи ҳароарти байзаҳо хеле боло биравад, тавлиди сперм манъ мешавад ва қатъи тавлиди сперм метавонад моҳҳо таъсири манфӣ дошта боашд.

Ванаи гарм

Натоиҷи таҳқиқот дар соли 2007 нишон медиҳад, ки ҳатто 30 дақиқа дар вон ё ҷакузии гарм метавонад аз бордорӣ пешгирӣ кунад, то он ҷо ки мумкин аст асароти манфии он бар спермҳо баргаштнопазир бошад. Дар зимн, рафтани сунои хушк ва мартуб низ боиси поин омадани қудрати борварӣ дар мардон хоҳад шуд.

Таб

Таб, асарҳое, ҳамонанди ҳаррорати мартуб ба пойдории бештарро бар рӯи сепрмҳои мардон мегузорад, ки дар ин шароит теъдоди спермҳо мумкин аст то 35% коҳиш ёбад.

Нотбук

Дар пайи таҳқиқоте, ки донишмандони донишгоҳи Иёлати Нью-Йорк анҷом додаанд мушахс шудааст иртиботи мустақими байни истифода аз нотбук ва афзоиши дамои кисаи байза вуҷуд дорад ба тавре, ки гоҳе дар мавқеиятҳои хоссе дамои он то 35 дараҷа афзоиш меёбад.

Телефони ҳамроҳ

Мутахасисон тавсия мекунанд телфони ҳамроҳи худро дар ҷеби шалвор наздики андоми таносулии худ қарор надиҳед, чаро ки амвоҷи он мумкин аст ба борварии шума мушкили ҷиддӣ ворид оварад. Мутолиаоти соли 2007 нишон додааст мардоне бо болотарин истифода аз телфони ҳамроҳ ( бо беш аз чаҳор соат дар рӯз) теъдоди қобили тавҷҷуҳе сперм поинтар аз ҳадди маъмули тавлид кардаанд.

Нукоти муҳимми ҳамсардорӣ

Фарбеҳӣ

Мутахасисон мегӯянд: Маъмулан мардони фарбеҳ дучори оризаи коҳиши амалкарди байзаҳо ҳастанд ва теъдоди сперми онҳо ба тарзи қобили таваҷҷуҳе поинтар аз афроди дигар аст. Афзоиши вазн дар мардон илова бар ин мушкилот бемории ҳамчун баҳамхурдани амалкарди ҷинсӣ ва ноборвариро низ падид овард.

Эътиёд

Эътиёд яке аз осебҳое аст, ки тақирибан ҳамаи ҷомеаҳо бо он дасту панҷа нарм мекунанд. Муҳақиқон мегӯянд: Тутун, Танбоку, Алкул (маводи спиртӣ) ва дигар маводи эътиёдзо метавонад амалкарди ҷинсиро баҳамбирезад. Масрафи Алкул таъсири номатлубе бар мойеи манӣ ва кайфияти тавлиди он мегузорад ва сигоркашидан таҳрики сепермеро баҳам мерезад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.