Ҳунари бахшиш пурсидан

207

Ҳунари аз дил баровардани хафагиву нороҳатӣ ва аз дигар коштани муҳаббатҳо дар дил, ҳунаре аст ки мо бо ёрии ин ҳунар, мехоҳем ҷойҳои хатогиҳоро аз нав пур кунем, ва сифати хубро дар дарун ва иззати беруниро барои худ, ба даст орем. Агар мо ба бахшиш пурсидан ё узр хостан, ҳамчун як ҳунари баёншуда нигоҳ кунем, ин кор бароямон осон мешавад ва аз бахшишу узр хостан намегурезем.

Аммо савол инки чаро бахшиш пурсидан сахт аст?

Бахшиш пурсидан барои мо сахт аст, чунки фикр мекунем бахшиш пурсидан, паст омадан ва иқрор ба иштибоҳу хатогӣ аст. Оё дар ҳақиқат ҳам чунин аст? Рости гапро хоҳед, ҷавоб ин аст, ки агар бахшиш пурсидан дуруст ва зебо бошад, ин кор ҳунар аст ва паст шудану кӯтоҳ омадан нест, аммо агар бахшиш пурсидан аз роҳи дуруст набошад, ин мешавад пасту залил шудан. Барои ҳамин ҳунари бахшиш пурсиданро бояд ёд бигирем, то таъсири хубу фоиданокро ба даст орем.

Вазифаҳои мардон дар зиндагии бо ҳамсар – қисмати севвум

Ончи ки бештари вақтҳо намегузорад мо аз дигарон бахшиш пурсем, ин аст ки мо худро ҳамеша ҳақ медонем ва дигариро ноҳақ ва хатокор. Хуб табиъӣ аст ки инсон бо чунин дид, ҳеҷвақт фикри бахшиш пурсиданро намекунад. Чунин фикру андеша хато аст, зеро ҳеҷ инсон наметавонад ҳамеша ҳақ бошад ва хато надошта бошад.

Мо бояд ба зиндагӣ тавре нигоҳ кунем, ки Ислом хостааст. Ислом мехоҳад мо мусулмонҳо зиндагии мусолиматомез ва бо оштиву дӯстӣ дошта бошем. Паёмбари гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ мефармоянд: ҳар ду нафар мусулмоне ки бо ҳам қаҳру даъво кунанд ва 3 рӯз дар ин ҳолати (қаҳр) бимонанд ва оштӣ нашаванд, аз доираи Ислом берун хоҳанд рафт ва дар баробари ин, агар ҳар кадом дар оштӣ кардан пешқадам шавад, зудтар аз дигарӣ вориди Биҳишт мешавад.

Хушзабонии ҳамсарон дар муҳити хонавода

Агар фикру андешаи мо мисли фармоиши паёмбарамон шавад, бахшиш пурсидан ва узр хостанро бад намебенем ва баръакс дар он пешқадам мешавем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.