Нақши хонаводаи ҳамсар дар издивоҷи муваффақ

174

Нақши хонаводаи ҳамсар дар издивоҷи муваффақ

Дар фарҳанги мо, издивоҷ интихоби як шарик барои зиндагӣ нест; Балки интихоби як хонавода ва як қавм аст ва ба ҳамин далел аст, ки хонавода нақши бисёр муҳиммро дар ояндаи зиндагии муштарак бози мекунад. Қабл аз издивоҷ диққат кунед, ки хонаводаи тарафи муқобил, як хонаводаи солим ва орому боназм бошад. Ин, ки бигӯйед ман қарор нест бо хонаводааш зиндагӣ кунам, худи ӯ бо хонаводааш фарқ мекунад ва… шояд баҳонаҳои ошиқонае бошанд аммо дар амал зиндагии шуморо ба нобудӣ мекашад.

Мардон ошиқи кадом зан мешаванд?

Ҳар фарде ҳатто агар бисёр аз хонаводааш фарқ кунад, боз дар вақтҳои шароити сахт ҳамон тавр рафтор мекунад, ки дар хонаводааш расм аст. Контроли як фард ва интихоб кардани ӯ рӯйи рафторҳояш ҳамеша идома нахоҳад дошт ва замонҳое ҳам ҳаст, ки ӯ монанди ончи аз кӯдаки дар дарунаш одат шуда рафтор мекунад. Он тавре, ки падар ва модараш рафтор кардаанд на он тавре, ки мантиқ ва хонданиҳояш ба ӯ мегӯяд.

Як хонаводаи муҳкам ва орому боназм, хонаводае аст, ки ҳамаи аъзои он дар ҷойи аслии худ қарор доранд, ҳамеша мекӯшанд дар ҳама ҷой пушти якдигар бошанд. Дар чунин хонаводаҳое арзишҳо ва қобилиятҳои ҳар шахс, бузургу кӯчак кашф ва шукуфо мешавад. Дар натиҷа ҳар марҳала аз зиндагӣ ба равиши мураттаб пеш хоҳад рафт ва чунончи мушкиле ҳам пеш ояд, ҳама бо ҳамфикрӣ ва ёрирасонии якдигар зуд монеъи ба вуҷуд омадаро бартараф хоҳанд кард.

Монанд будани фарҳанг дар байни хонаводаҳои зану шавҳар аҳамияти зиёде дорад ба гунае, ки агар монанд набошад оянда ва сарнавишти як издивоҷро ба хатар меандозад ва фарҳанг яъне боядҳо ва набоядҳое, ки ба мо мегӯяд чӣ чизе дуруст аст ва чи чизе ғалат. Фарҳанг ба маънои маҷмӯаи одоб ва русум, суннатҳо, ахлоқиёт, маросимҳо в… як қавм ва миллат аст. Аз онҷо, ки фарҳангҳо бо ҳам фарқ доранд, боядҳо ва набоядҳои онҳо низ фарқ мекунад. Ҳатто гоҳе набояди яке, бояди дигарӣ аст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.