Зани хуб аз назари мардон – қисмати дуввум

86

Зани хуб аз назари мардон – қисмати дуввум

Қонеъ бошед

Мардҳо дӯст доранд, баъд аз издивоҷ ҳамон тавре, ки пеш аз ин будаанд бимонанд. Онҳо ҳамсаре мехоҳанд, ки бо вуҷуди айбҳо ё хӯйҳои хоссашон онҳоро бипазирад ва ошиқашон бимонад. Ин хусустят яке аз муҳимтарин чизҳо аст, ки дар зеҳни мардҳо мегузард. Онҳо аз сарзаниш шудан безоранд ва дӯст доранд ҳамсарашон бо ҳамин ахлоқе, ки доранд ва ҳамин шароити зиндагӣ ки доранд тоқат кунанд ва ҳамеша барои тағйир кардан, онҳоро маҷбур накунанд. Бархилофи бештари занҳо, ки ҳаракат мекунанд, аз мардашонмехоҳанд ҳамсари олиҷаноб ва хиёлӣ бисозанд, мардҳо дӯст доранд бо зане зиндагӣ кунанд, ки ба ҳамин аҳволи мавҷуд қонеъ бошад.

Ҳуқуқи зан бар шавҳар аз дидгоҳи Ислом

Бо хешовандон ва дӯстони ҳамсаратон дӯст бошед

Ҷудо шудан аз зиндагии муҷаррадӣ дар солҳои баъд аз издивоҷ сахттарин шароите аст, ки барои як мард пеш меояд. Мардҳо аз танҳоии баъд аз издивоҷ метарсанд. Онҳо дӯст доранд робитаҳои пешинаашонро ин бор дар канори ҳамсарашон таҷриба кунанд. Робита бо хонавода ва аъзои хешовандон ва ҳамин тавр дӯстоне, ки буданашон барои онҳо аҳамият дорад. Ҳеҷ марде наметавонд бадгӯӣ бар зидди дӯст ё хонаводаашро тоқат кунад ва тамоми умрашро танҳо ва танҳо бо ҳамсараш гузаронад. Онҳо мехоҳанд, бо издивоҷ хонаводаи пештарашон бузургтар шавад на ин, ки аз як хонавода берун бираванд ва хонаводаи наверо бисозанд. Бештари мардҳо дар робита доштан бо одамҳои нав ва шароити нав каме мушкил доранд. Онҳо дӯст доранд, занашон робитаи иҷтимоии хубе дошта бошад ва онҳоро дар пайванд задан бо ин иҷтимоъ ёри диҳад. Гузашта аз ин, онҳо алоқа доранд бо вуруди ҳамсарашон ба хонаводаашон, робитаи хонаводагӣ ва хешовандии гармтареро ҳам барояшон ба ҳамроҳ биёварад ва бори танҳоияшонро аз онҳо бигирад.

Зани хуб аз назари Қуръон – қисмати аввал

Ин як мавридро нишиканед

«Ба ғурур – ҳавобаландӣ ва такаббури – ҳамсаратон аҳамият бидиҳед» шояд ин ҷумларо борҳо шунида бошед аммо оё воқеан ба он амал мекунед? Шароити зиндагии ҷомеаи пешрафта ба гунае аст, ки дар он бисёре аз вақтҳо сатҳи таҳсилот, даромад ва ҷойгоҳи иҷтимоии як хонум аз ҳамсараш болотар аст, ин ҳеҷ айбе надорад ва барои бисёре аз мардон лаззатбахш ҳам ҳаст, ки ҳамсарони муваффақ дошта бошанд, аммо ба шарте, ки дар робитаи дунафараатон ин мард ҳамчунон ин ҳисро дошта бошад, ки такягоҳи шумост. Ба ҳазору як далел мардон дӯст доранд «қави» арзёби шаванд ва аз ҳама муҳимтар ҳам барои онҳо ин аст, ки зане, ки дӯсташ доранд онҳоро қави бидонад. Ҳамеша ин ҳисро ба мардатон бидиҳед, ки фақат ба шонаҳои ӯ такя хоҳед кард, таҳти ҳеҷ шароите ҳам чи дар мавриди масоили молӣ, чӣ дар мавриди масоили эҳсосӣ ва робитаӣ ғурури ӯро нашиканед. Агар хоксорона бо ӯ меҳрубон бошед, мутмаин бошед, ки ҳамроҳ будан ва ҳамдам будани шуморо дар чунин шароите ҳамеша дар хотираш хоҳад дошт ҳамонтавр, ки мумкин аст як захмизабон ё масхараи шуморо ҳамеша дар зеҳнаш нигаҳ дорад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.