Зани хуб аз назари Қуръон – қисмати аввал

120

Зани хуб аз назари Қуръон – қисмати аввал

Ташкили зиндагии муштарак миёни занон ва мардон бо ҳифзи пайванди заношӯӣ, пешинаи ба андозаи таърихи офариниши инсон дорад; Ба гунае, ки дар асри ҳозира ҳам масоили марбут ба заношуӣ аз ҷойгоҳи вижае бархурдор аст зеро издивоҷ, аз ниёзҳои зарурии башар ва ҷудоӣ, аз талхтарин масоили зиндагии инсон ба шумор меояд.

Аз ин рӯ Қуръони карим барои ҳифзи конуни хонавода, усулеро ироа карда ва риояти онро ба ҳамаи мардон ва занони муъмин тавсия фармудааст.

Роҳкорҳои тиллоӣ барои тақвияти ишқу алоқа дар хонавода

Чанд маврид аз ин усул, ба занон ихтисос дода шудааст ва зани намуна ва бонуи шоиста аз дидгоҳи ваҳй, касе аст, ки ин усулро дар зиндаги муштарак ба кор бандад ва онро мабно ва улгуи робитаи худ бо ҳамсараш қарор диҳад.

Ончи меояд муруре аст бар муҳиммтарин усул ва вежагиҳои хонаводагии зани намуна аз манзари Қуръони карим:

1. Гумони хуб ба ҳамсар

Гумони нек ба якдигар, аввалин хишти бинои сулҳ ва сафои иҷтимоъ аст ва дар хонавода ва зиндагии муштарак низ асосӣ мебошад.

Замони расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ) аз ҷониб мунофиқон ба яке аз ҳамсарони эшон тӯҳмат зада шуд ва афроди ҷомеъа бе онки ин тӯҳмат барояшон собит шуда бошад, он хабарро пахш карданд.

Қуръон илова бар гунаҳкор шумурдани созандагони хабар дурӯғ занон ва мардони муъминро тавбех кард, ки чаро ба ҳам гумони нек надошта ва тӯҳматеро бе онки собит гардад, пахш кардаанд.

Касбу кор доштани ҳамсар хуб аст ё бад?

Бинобар оёти ин ҳодиса, афроди ҷомеъаи Исломӣ бояд ба якдигар гумони некӯ дошта ва натанҳо хабарҳои дурӯғи беасос дар мавриди якдигарро напазиранд, балки бо онҳо муқобила кунанд ва вуҷуди чунин хушгумони байни афрод хонавода сазовортар аст ва занони муъмин бояд ба ҳамсарони худ хушгумон бошанд ва иҷозат надиҳанд дурӯғсозон шахсияти ҳамсаронашонро лагадмол кунанд ҳамчунон, ки мардон бояд нисбат ба занон худ чунин хушгумонӣ балки бештар гумони нек дошта бошанд.

2. Риоят ҳаққи ҳамсар

Зиндагии муштараки зан ва мард ҳуқуқеро миён онон ба вуҷуд меоварад.

Таҷриба ин ҳақиқатро ба исбот расондааст, ки ҳаргоҳ занон ва мардон дар зиндагии заношӯии худ, ҳақҳои ҳамдигари худро риоят кардаанд, аз зиндагии ором ва ширини баҳраманд шудаанд ва онгоҳ, ки ҳуқуқи ҳамдигарро нодида гирифтанд, конуни гарми хонавода ба сарди гаравидааст; Аз ин рӯ Худованд занеро намуна ва шоиста медонад, ки дар баробари ҳуқуқ ба ҳаққи ҳамсараш худро вазифадор медонад ва ҳаргиз онро поймол намекунад.

Эҳтиром ба ҳамсар

Ин ҳақиқат дар сураи Нисоъ чунин маврид таъкид қарор гирифтааст:

فالصلحتُ قنتتُ حفظت للغیب بما حفظ اللّه

Занони нек ва шоиста, ҳуқуқ ва асрори [шавҳарони худ]ро дар набудани[онон] ҳифз мекунанд.

Аз ин оят чунон мефаҳмем, ки аз сифатҳо ва вижагиҳои занони намуна ва бонувони шоиста, адои ҳаққи шавҳаронашон ва итоат аз онон дар маҳдудаи шаръӣ ва қонунӣ аст. Ногуфта намонад, ки зарурати итоати зан аз шавҳар, танҳо дар маҳдудаи ҳақҳои мусаллам ва шинохташудаи ҳамсарон аст, аз ин рӯ ҳамсарон беш аз он ҳаққи амр ва наҳй ва дархостро надоранд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.