Осори мусбатнигарӣ

195

Ҷавоне канори хиёбон истода буд. Наздик шудани таксиро дид ва даст бардошта савори таксӣ шуд. Мошин ҳаракат кард. Ронандаи таксӣ, ки марди миёнсоле буд, ба ҷавон гуфт: Медонӣ беҳтарин шуғли дунё кадом аст?

Ҷавон гуфт: На.

Гуфт: Ронандаи таксӣ.

Ҷавон хандид.

Ронанда гуфт: Бале ронандаи таксӣ беҳтарин шуғӯли дунёст, чун ту ҳар вақт бихоҳӣ, меоӣ сари кор, ҳар вақт нахоҳӣ, намеоӣ. Ҳар роҳеро, ки худат хостӣ меравӣ, ҳар вақт дилат хоҳад, гӯшае меистӣ ва истироҳат мекунӣ. Ҳар рӯз одамҳои ҷадид мебинӣ. Одамҳои гуногун. Суханони гуногун. Достонҳои мухталиф…

Дар замони кор метавонӣ радио гӯш кунӣ, метавонӣ гӯш накунӣ. Метавонӣ рӯз бихобӣ ва шаб кор кунӣ. Ҳар киро дилат хост савор кунӣ, ҳар киро нахостӣ савор накунӣ. Озодӣ. Роҳатӣ!

Ҷавон каме фикр карду гуфт: Бале, шумо дуруст гуфтед. Хуш ба ҳолатон!

Ронанда дубора гуфт: Аммо медонӣ, бадтарин шуғли дунё кадом аст?

Ҷавон гуфт: На.

Ронанда худаш посух дод: Ронандаи таксӣ!

Ҳар рӯз бояд кор кунӣ. Агар ду рӯз кор накунӣ, дастат холӣ. Субҳ то шаб, даруни мошин. Подард, камардард. Харҷи мошин ҳам гарон шудааст. Худой накарда, агар тасодуф кунӣ, бечора мешавӣ!…

Ҳар роҳеро, ки мусофир мегӯяд, бояд биравӣ. Одамони аҷибу ғариб савори мошинат мешаванд.

Бо одамон сӯҳбат накунӣ, нороҳат мешаванд, сӯҳбат кунӣ, нороҳат мешаванд. Радио рӯшан кунӣ, нороҳат мешаванд, рӯшан накунӣ, нороҳат мешаванд. Ҷанҷол бар сари кироя. Барои пули хурд. Тобистонҳо гарм, мепазӣ, зимистонҳо аз сармо кабуд мешаваӣ!

Ҷавон бо каме фикр боз гуфт: Бале шумо рост мегӯед. Шуғли бисёр сахту душворест, ронандагии таксӣ.

Ҳамин ҷо буд, ки ронандаи таксӣ хандиду гуфт: Зиндагӣ ҳама чизаш ҳамин тавр аст. Ҳам метавонӣ ба он хуб нигоҳ кунӣ ва чизҳои хуб бубинӣ ва ҳам метавонӣ ба он нигоҳи бад ва манфӣ дошта бошӣ ва чизҳои бадро бубинӣ!…

Тавре ки дар ин достон мебинем, манфинигарӣ ва мусбатандешӣ дар зиндагии инсон таъсири мустақим дорад.

Мусбатандешӣ илова бар эҷоди халлоқият ва афзоиши баҳраварӣ, метавонад бар саломатии ҷисмонии шумо низ таъсиргузор бошад.

Бар асоси таҳқиқоти суратгирифта, ҳар рӯз, аз дувоздаҳ то шаст ҳазор фикр аз мағзатон мегузарад, вале ҳаштод фоизи онҳо афкори манфист ва ин нишон медиҳад, ки мағзи мо ёд гирифтааст, ки манфӣ фикр кунад.

Бар асари манфинигарӣ, халлоқият ва короии мо коста мешавад ва бо таваҷҷӯҳ ба назарияи такомул таъсири афкори мусбат бисёр камтар аз афкори манфӣ аст. Афкори манфӣ ботаъсиртар ва мухаррибтаранд.

Аммо хабари хуб ин аст, ки шумо метавонед бо панҷ равиш ба зеҳни худ омӯзиш диҳед, ки бештар мусбатнигар бошад.

Равиши нахуст: афкори худро зери назар гиред.

Дар марҳалаи аввал, шумо бояд ҳарчи аз зеҳнатон мегузарад, зери назар гиред. Ҳатто агар фақат даҳ дақиқа ҳам битавонед ин корро идома диҳед. Бо ин кор мефаҳмед, ки кадом афкори манфӣ шуморо озор медиҳад ва ҳар вақт фаҳмидед, дар паи роҳи ҳалле барои он мешавед.

Равиши дуввум: ҳар рӯз се мавриди мусбат дар рухдодҳои рӯзонаатон пайдо кунед.

Шумо метавонед пеш аз хоб, мағзи худро ба ин кор таълим диҳед. Рӯзеро, ки пушти сар гузоштед, мурур кунед ва ҳадди ақал се рухдоди хубро, ки дар он рӯз бароятон рӯй додааст, пайдо кунед. Масалан як нафар як финҷон қаҳва бароятон овард, ё як ғуруби зеборо тамошо кардед, ё як муштарии ҷадид ба шумо муроҷиат кардаст. Ҳатто майдатарин рухдодро ҳам таваҷҷӯҳ кунед. Як нафар аз шумо таъриф кардааст. Як дӯсти қадимиатонро дидед… Ҳамаи инҳо барои шод будани шумо кофист!

Равиши сеюм: аз як нафар қадрдонӣ кунед.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки қадрдонӣ натиҷаи фавқулоддае дорад. Шукргузорӣ на танҳо зеҳни шуморо нисбат ба дигарон хушбин мекунад, балки аз бархе бемориҳо низ пешгирӣ мекунад.

Бинобар ин, аз падару модарамон, аз ҳамсарамон, аз атрофиёнамон, фарзандонамон қадрдонӣ кунем. Фаромӯш накунед, қадрдонӣ аз дигарон ба шумо эҳсоси шигифтангезе хоҳад дод.

Равиши чаҳорӯм: ба дигарон кӯмак кунед

Шумо метавонед ба ҳамкоронатон дар корҳои идора кӯмак кунед. Дарро барои як нафар боз кунед. Як дӯстеро ба як финҷон қаҳва даъват кунед. Ба ниёзмандон кӯмаки молӣ  кунед. Ҳар амали муҳаббатомез метавонад эҳсоси шодӣ ва ризоятмандии шуморо афзоиш диҳад.

Равиши панҷӯм: атрофатонро аз инсонҳои мусбат пур кунед

Аҳволоти одамҳо ба ҳамдигар сироят мекунад. Бинобар ин шумо бояд фақат афроди мусбатро дар атрофатон нигаҳ доред. Касоне, ки битавонанд илҳомбахши шумо бошанд ва ба шумо энержӣ ва ангеза диҳанд. Беҳтар аст аз аз афроде, ки рафторашон “ман наметавонам” ва “медонам, намешавад” ва монанди инҳост, дурӣ кунед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.