Покизагӣ ва тозагӣ

170

Покизагӣ ва тозагӣ

Паёмбари ислом (с) фармуданд:

الطّهُورُ شَطْرُ الإِيمَانِ

“покизагӣ нисфи имон аст” (саҳеҳи Муслим)

Яке аз чизҳои муҳим дар зиндагӣ, чи аз ҷониби мард ва чи аз ҷониби зан ин масъалаи “покизагӣ ва тозагӣ” аст.

Ин ҳадис метавонад ишора ба покизагии маънавӣ дошта бошад ба маънии пок кардани қалб аз ҳар нопокиҳои маънави мисли бухлу кинаву адоват ва ғайра ва низ метавонад покизагии зоҳири бошад мисли пок кардани бадану либосу манзил ва ғайра аз ҳар ифлосиҳо ва нопокиҳо.

Дар бораи покии маънави дар ҷои худаш суҳбат хоҳем кард.

Аммо покизагии зоҳири ин ҳам аз чизҳое ҳаст ки ҳам ақли солим ба он фармон медиҳад ва ҳам дар дин ба он тавсия шудааст.

Хеле аз бузургони дин барои ҳамсаронашон ба зоҳирашон расидаги мекарданд ва мегуфтанд ки онҳо ҳам ҳаққе дар ин замина доранд.

Аз Ҷобир ривоят шудааст ки рузе Паёмбари Худо (с) барои зиёрат ташриф оварданд. Мардеро диданд ки бисёр муйҳои парешон дошт ва фармуданд: “магар ин мард чизе надорад ки муйҳояшро ба тартиб дарорад” ва низ мардеро диданд ки либосҳои чиркин доштааст ва фармуданд:” магар ин мард чизе надорад ки либосашро бишуяд”

Паёмбари Худо (с) ки сухангӯи дин ҳастанд инсонеро ки ба тозагии зоҳириш аҳамияте намедиҳад написандиданд ва умуман ҳеҷ инсони дорои ақли солим онро намеписандад.

Пас марди хона ва низ зани хона бояд ба тозагӣ аҳамияти ҷидди диҳанд. Баданашонро ҳамеша тоза нигаҳ доранд ва нагузоранд ки аз онҳо буйи бад ба машом бирасад. Нохунҳо гирифта бошад, муйҳо шуста шуда ва мураттаб бошад, бадан аз муйҳои зоида холӣ бошад. Либосҳо бояд ҳамеша тоза ва дилкаш бошад (яъне либоси кори бо либоси хона фарқ кунад ҳар чанд либоси кориро ки зуд чиркин мешавад чи хуб аст ки зуд зуд шуста шавад). Хона ҳамеша рубучин шуда, зарфҳо тоза ва ғайра аз ин қабилҳо.

Ҳар чанд аҳамият додан ба тозагӣ вазифаи ҳамагони аст аммо мудирият ва назорат зебандаи зани хона аст. Зан бояд ин корҳоро зери назорати худ қарор диҳад ва ин чузъи ҳамон маънии “шавҳардории некӯ” дохил аст. Оилае ки тозаги дар он дида нашавад мардум аввал зани хонаро зери танқид мегиранд.

Зане ки муҷассамае аз тозагӣ аст ҳамеша барои шавҳараш дилкаш ва дуст доштанӣ ҳаст ва ҳамин тавр шавҳар барои занаш. Зан кушиш кунад мудирияти тозагиро ба дасти худ гирифта шавҳарашро ба тозаги водор кунад.

Тозаги ҳеҷ рабте ба доро будан ва ё фақир будан надорад ва инсон дар кадом ҳоле набошад метавонад “покиза ва тоза” бошад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.