Ҳафтсолаи дуюм – даврони муҳимми тарбияти фарзанд

82

Ҳафтсолаи дуюми зиндагӣ, ки аз ҳафт то чаҳордаҳсолагиро дарбар мегирад, даврони фарогирии тарбият аст. Ин даврон, даврони фармонбардории фарзанд ба шумор меравад. Рушди мағзи кӯдак дар ин марҳала бештар мешавад ва ӯ омодагии лозимро барои ёдгирӣ пайдо мекунад.

Муҳимтарин вазифаи падару модарон ва мураббиён дар ин солҳо, омӯзиш ва таълим додан аст. Зеро ёдгирӣ дар ин син амиқтар ва решадортар аст, чун зеҳни кӯдак осуда ва бемашғала аз масоили зиндагист ва қудрати гирандагии ӯ бисёр қавӣ мебошад.

Албатта омӯзиши расмӣ аз шашсолагӣ оғоз мегардад ва ёдгирии ӯ батадриҷ ҳамроҳ бо таълимот дар мактаб, аз муҳит ва масоил ва одамони атрофаш идома меёбад.

Ин даврон барои таълими омӯзиши динӣ низ бисёр муассир аст.

Ҳазрати Расули Акрам(с) дар мавриди омӯзиши масоили динӣ фармудаанд: “Вақте фарзанди шумо ба шашсолагӣ расид, рукӯъ ва саҷдаро ба ӯ ёд диҳед. Дар ҳафтсолагӣ барои таҳорату вузӯ омодааш кунед ва ба намоз хондан тарғибаш кунед. Бидонед, ки бо ёд додани номи Худо ба кӯдак, азоби илоҳӣ аз муаллим ва падару модар бардошта мешавад”.

Масъалаи баъдӣ дар ин даврон, аҳамият додан ба омӯзиш ва таълими фарзанд дар заминаҳои ҳунарӣ, варзишӣ ва маҳоратҳои иҷтимоист.

Беҳтар аст дар ин даврон, истеъдодҳои дарунии кӯдакро кашф намуда ва ин истеъдодҳоро дар ӯ парвариш диҳед.

Дар омӯзаҳои динӣ омадааст, ки ба фарзандатон аспсаворӣ, шино ва тирандозиро ёд диҳед. Инчунин дар ривоёт таъкид шудааст, ки бояд ба фарзанд одоб ва равишҳои муфиде, ки дар зиндагӣ ба кор меояд, ёд дода шавад.

Ба ёд дошта бошем, ки фарзанди мо барои даврае ғайр аз замони мо бояд омода бошад. Зеро ӯ дар замони худаш зиндагӣ хоҳад кард, ки бо замони мо тафовутҳое хоҳад дошт.

Зиндагии иҷтимоии солим замоне бавуҷуд меояд, ки шахсияти кӯдак парвариш ёфта бошад ва кӯдак аз эътимод ба нафс бархурдор гашта бошад.

Яке аз муҳимтарин масоил дар ин даврон, аҳамият додан ба пурсишҳои кӯдакон аст, зеро дар ин муддат, пурсишҳои кунҷковонаи онон бештар мешавад. Ва пардохтан ба парвариши қудрати тахайюли кӯдак низ, аз тарафи мутахассисони тарбият,  бисёр супориш шудааст, ки ин кор боиси рушди зеҳнии ӯ мегардад. Баёни посухҳои сода ва рӯшан ба суолот, қиссагӯӣ ё хондани достонҳои сода ва омӯзанда ва мушорикат додани онҳо ба корҳои хонавода, аз ҷумла равишҳоест, ки дар парвариши зеҳнии кӯдак бисёр таъсиргузор аст.

Ҳоло мерасем ба марҳалаи бисёр зариф – тарбияти ҷинсии кӯдак. Бале, масъалаи муҳиме, ки бояд дар ҳафтсолаи дуввум ба он таваҷҷӯҳ дошт, навъи рафтор ва тарбияти ҷинсии кӯдак аст. Ӯ ҳамзамон бо рушди ақлӣ ва зеҳнӣ, ғароизаш низ бедор мешавад. Ғаризаи ҷинсӣ аз ҳашт то ёздаҳсолагӣ намоён шуда ва ба тадриҷ қавитар мешавад то ба синни булуғ бирасад.

Дар ин давра, барои пешгирӣ аз инҳирофоти эҳтимолӣ ва тарбияти саҳеҳи ҷинсӣ, бояд падару модарон нисбат ба равишҳои саҳеҳи рафтори ҷинсӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз гирифториҳо огоҳ бошанд.

Бояд ёдовар шавем, ки духтарон аз лиҳози ҷисмонӣ зудтар рушд мекунанд ва алоқаи худро нисбат ба ҷинси мухолиф дарк мекунанд. Дар ривоёт, номаҳрам аз бӯсидани духтари шашсола наҳй шудааст ва Паёмбари Акрам(с) ба ҷудосозии бистари фарзандон, хусусан писар аз духтар таъкид намудаанд.

Риояти падару модар дар равобити занушавҳарӣ аз нуктаҳои муҳиммест, ки бояд ба он диққат намуд. Дар ривоёти зиёде аз ҳамбистарӣ дар ҷое, ки кӯдак ва ҳатто навзоди бедор ҳузур дошта бошад, наҳй шуда ва ҳатто эҳтимоли инҳироф барои чунин кӯдаке пешбинӣ шудааст.

Дар тарбияти саҳеҳи ҷинсии кӯдак, дарки дақиқи падару модарон аз шароити кӯдак бисёр муҳим аст. Нуктаи муҳим аст, ки аз тарафе набояд ба таври куллӣ ба аввалин бедории ҷинсии кӯдак беэътиноӣ кард ва аз сӯе набояд басуръат дар баробари он вокуниш нишон дод ва бо панду насиҳатҳои тунд ӯро тарсонд. Балки бо огоҳӣ ва мантиқ, ба ин мавзӯъ бояд бипардозем.

Дар ҷараёни тарбияти ҷинсӣ, бояд хурдсолонро бо масоили беҳдоштӣ ошно сохт ва ба сурати ғайримустақим аз паёмадҳои манфии одатҳои ғалати ҷинсӣ ва бемориҳое, ки дар пай дорад, огоҳ кард, то кӯдак дар раванди рушди ҷинсиятии худ, дучори мушкил нагардад.

Ба далели аҳмияти мавзӯи мазкур, дар навиштаҳои баъдӣ, дар бораи ин масъала бештар ва муфассал баҳс хоҳем намуд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.