Аҳкоми иддаи талоқ (муддати замоне ки зан наметавонад шавҳар кунад)

67

Аҳкоми иддаи талоқ (муддати замоне ки зан наметавонад шавҳар кунад)

Зане, ки ёъиса (яъне нозо шудааст) идда надорад. Яъне агар шавҳараш бо ӯ наздикӣ карда бошад, баъд аз талоқ метвонад зуд шавҳар кунад.

Аммо зане ки нӯҳ сола бошад ва ба синни ёъисагӣ (нозоӣ) нарасида бошад, агар бо шавҳараш наздикӣ карда бошад, агар талоқ гирад, баъд аз талоқ бояд идда нигаҳ дорад (яъне замонеро бояд бе шавҳар бигардад). Муддати замони иддаи зане ки вақти ду ҳайзаш камтар аз се моҳ аст, агар шавҳараш дар вақти пок будан (аз хун) ӯро талоқ диҳад, бояд ба андозаи ду бор ҳайз шудан тоқат кунад то пок шавад, ва ҳаминки ҳайзи севвумро (хунро) бенад иддаи ӯ тамом мешавад ва метавонад баъди ин шавҳар кунад. Аммо, агар зане бо шавҳараш наздикӣ накарда бошад (агар мании шавҳар дохили фараҷаш нарафта бошад) ва шавҳараш ӯро талоқ диҳад, идда надорад, яъне метавонад баъди талоқ зуд издивоҷ кунад.

Парҳез аз озори ҳамсар

Зане ки хуни ҳайз намебенад, агар ҳам синну соли ӯ хуни ҳайз мебенанд ва ё зане ки байни ду хуни ҳайзи ӯ се моҳ ё зиёдтар аст, агар шавҳараш бо ӯ наздикӣ кунад сипас талоқ диҳад, бояд баъд аз талоқ ба муддати замони се моҳи қамарӣ идда нигаҳ дорад (яъне сабр кунад ва шавҳар накунад).

Аввали вақти иддаи талоқ, аз вақте аст ки мард (ҷумлаи махсус ва бо шароити) талоқро гӯяд, фарқ намекунад зан хабар дошта бошад ё хабар надошта бошад. Агар баъд аз тамом шудани идда фаҳмад ки талоқ дода шудааст, лозим нест аз аввал иддаи талоқро нигаҳ дорад (метавонад зуд шавҳар кунад).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.