Ҳаё ва чашми пок

175

Ҳаё ва чашми пок

Аз сифатҳои занони намуна ва бонувони шоиста чашми пок ва парҳез аз ҳар гуна назари олуда ба шаҳват ва нигоҳи лаззатолуд ба номаҳрамон аст. Ба сухани дигар чашмчаронӣ ва хира шудан ба номаҳрамон барои ҳама мардон ва занони муъмин мамнуъ ва нописанд аст.

Қуръон дар ин бора чунин мефармояд:

Ба мардони боимон бигӯ: дида фурӯ ниҳанд (чашмонашонро бипӯшанд) … Ва бо занон боимон бигӯ дидагон худро [аз ҳар номаҳрами] фурӯ банданд (бипӯшанд)

Беҳтарин сифати зан чист?

Шаҳид Мутаҳҳарӣ дар тафсири ин оят чунин фармуданд: хулосаи ин дастур ин аст, ки зан ва мард набояд ба якдигар хира шаванд (нигоҳ карда истанд), набояд чашм чарони (рустакӣ нигоҳ) кунанд набояд нигоҳҳои пур аз шаҳват ба якдигар бикунанд, набояд ба қасди лаззат бурдан ба якдигар нигоҳ кунанд …

Бинобар ин зан бояд ҳаё дошта бошад, чашмони худро аз нигоҳи ба номаҳрам нигаҳ дорад. Худованди мутаол дар Қуръони карим бо даъвати занон ба ҳаё, намунаҳое аз ҳаёи шоистаро дар зимни моҷарои духтарони Шуъайб (алайҳиссалм) ва ҳазрат Мӯсо (алайҳиссалом) баён мефармояд:

Ва чун бар оби Мадян расид, гурӯҳе аз мардумро бар он ёфт, ки [молҳои худро] об медоданд, ва пушти сарашон ду занро ёфт, ки [гӯсфандони худро] дур мекарданд, [Мӯсо] гуфт: манзуртон [аз ин кор] чист? Гуфтанд: [мо ба гӯсфандони худ] об намедиҳем то чӯпонон [ҳамагӣ гӯсфандонашонро] баргардонанд, ва падари мо пири солхурдааст пас барои он ду, [гӯсфандонро] об дод онгоҳ ба сӯи соя баргашт ва гуфт: Парвардгоро, ман ҳар хайре, ки сӯям бифиристи сахт ниёзмандам пас яке аз он ду зан дар ҳоле, ки ба ҳаё қадам бармедошт назди вай омад [ва] гуфт: падарам туро металабад то туро подоши об додани [гӯсфандон] диҳад ва чун [Мӯсо] назди ӯ омад ва саргузашт [худ]ро бар ӯ ҳикоят кард [вай] гуфт матарс, ки аз гурӯҳи ситамгарон наҷот ёфтӣ.

Машварат бо ҳамсар

Ончи дар ин моҷаро шоёни таваҷҷуҳ ва дарсомӯз аст нуктае аст, ки дар ҷумла «бо ҳаё роҳ мерафт» нуҳуфтааст ва барҷастатарин камолоти занон, ҳаё мебошад; Зеро аз ҳамаи сифот ва вижагиҳои барҷастаи духтарони Шуъайб алайҳиссалом танҳо сифати шарм ва ҳаё ихтисос ба зикр ёфтааст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.