Бахшиш аз бузургон

93

Бозорӣ ва раҳгузар

Марде дуруштустухон ва баландқомат, ки андоме варзида ва чеҳрае офтобхӯрда дошт ва заду хӯрдҳои майдони ҷанг ёдгоре бар чеҳрааш гузошта ва гӯшаи чашмашро дарида буд, бо қадамҳои мутмаин ва муҳкам аз бозори Куфа мегузашт.

Аз тарафи дигар, марде бозорӣ дар дӯконаш нишаста буд. Ӯ барои он ки мӯҷиби хандаи руфақоро фароҳам кунад, муште зубола ба тарафи он марди баландқомат парт кард. Марди раҳгузар бидуни ин ки хам ба абрӯ биёварад ва илтифоте бикунад, ҳамон тавр бо қадамҳои муҳкам ва мутмаин ба роҳи худ идома дод. Ҳамин ки дур шуд, яке аз руфақои марди бозорӣ ба ӯ гуфт:

— Ҳеҷ шинохтӣ, ки ин раҳгузар, ки ту ба ӯ иҳонат кардӣ, кӣ буд?

— На, нашинохтам! Раҳгузаре буд мисли ҳазорони дигар, ки ҳар рӯз аз ҷилави чашми мо убур мекунанд. Магар ин шахс кӣ буд?

— Аҷаб! Нашинохтӣ? Ин шахс ҳамон фармондеҳ ва сипаҳсолори маъруф Молики Аштари Нахаъӣ буд.

— Аҷаб! Ин мард Молики Аштар буд? Ҳамин Молике, ки дили шер аз бимаш об мешавад ва номаш ларза бар андоми душманон меандозад?

— Бале, Молик худаш буд.

— Эй вой ба ҳоли ман! Ин чӣ коре буд, ки кардам! Алъон дастур хоҳад дод, ки маро сахт танбеҳ ва муҷозот кунанд. Ҳамин ҳоло медавам ва доманашро мегирам ва илтимос мекунам, то магар аз тақсири ман сарфи назар кунад.

Ба дунболи Молики Аштар равон шуд. Дид, ӯ роҳи худро ба тарафи масҷид каҷ кард. Ба дунболаш ба масҷид рафт, дид ба намоз истод. Мунтазир шуд, то намозашро салом дод. Рафт ва бо тазаррӯъ худро муаррифӣ кард ва гуфт:

— Ман ҳамон касе ҳастам, ки нодонӣ кардам ва ба ту ҷасорат намудам.

Молик гуфт:

— Вале ман, ба Худо қасам, ба масҷид наёмадам магар ба хотири ту, зеро фаҳмидам ту хеле нодон ва ҷоҳил ва гумроҳӣ, бе ҷиҳат ба мардум озор мерасонӣ. Дилам ба ҳолат сӯхт. Омадам дар бораи ту дуо кунам ва аз Худованд ҳидояти туро ба роҳи рост бихоҳам. На, ман он тавр қасде, ки ту гумон кардаӣ, дар бораи ту надоштам.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.