Ганҷинаҳои рўзгор

187

Паёмбари Акрам (с): Дар қиёмат барои ҳар рўз аз айёми умри бандагон, 24 парванда ба теъдоди соатҳои шабонарўз кушода мешавад. (Банда) парвандаеро пур аз равшанӣ ва шодӣ меёбад ва аз диданаш чунон шодию фараҳ ба вай даст медиҳад, ки агар бар дўзахиён тақсим шавад, эҳсос кардани ранҷи оташро аз онон бозмедорад ва ин соатест, ки Парвардигорашро дар он итоат кардааст. Сипас парвандаи дигаре кушода мешад ва (банда) онро торику бадбў ва тарсовар мебинад ва аз мушоҳидааш чунон бетобию тарс бар ў даст медиҳад, ки агар бар биҳиштиён тақсим гардад, хуширо аз онон бозмеситонад ва ин лаҳзаҳоест, ки Парвардигорашро дар он нофармонӣ кардааст. Сипас парвандаи дигаре барояш кушода мешавад ва онро холӣ мебинад, на чизе дар он аст, ки ўро шодмон кунад ва на чизе, ки нороҳат созад ва ин соате аст, ки хобида ва ё ба корҳои мубоҳи дунё саргарм будааст. Онгоҳ ба ҷиҳати аз даст додани ин лаҳзаҳо эҳсоси ҳасрату таассуф ба ў даст медиҳад, зеро метавонист онро аз некиҳои бешумор пур созад ва ин сухани Худованд: «Он (рўз), рўзи ҳасрат хўрдан аст», (cураи Тағобун, ояти 9), ба ин ишора дорад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.