Нақши ҷавонӣ дар омўзиш

179

Паёмбар (с): Шуморо ба некӣ бо ҷавонон супориш мекунам, зеро онҳо нармтарин дилҳоро доранд. Ба ростӣ ки Худованд маро башоратдиҳанда ва ҳушдордиҳанда барангехт. Ҷавонон бо ман паймон бастанду пирон бо ман мухолифат карданд. (Онгоҳ ин оятро хонд: «Ва умри онон ба дарозо кашиду дилҳояшон сахт гардид» – Сураи Ҳадид, ояти 16).

***

Паёмбар (с): Он ки дар ҷавонияш биёмўзад, омўхтааш монанди нақши бар санг аст ва он ки дар бузургсолӣ биёмўзад, монанди навиштан бар рўи об аст.

***

Паёмбар (с): Он ки дар ҷавонияш биёмўзад, омўхтааш монанди нақши бар санг аст ва он ки дар бузургсолӣ биёмўзад, монанди навиштан бар рўи об аст.

***

Имом Алӣ (а): Илмро дар хурдсолӣ биёмўзед, то дар бузургсолӣ ба он бузургӣ кунед.

***

Имом Алӣ (а): Он ки дар хурдсолӣ худро (барои таҳсили донишу фазилат) ба кўшиш водор насозад, дар бузургсолӣ ба бартарӣ (фазл) намерасад.

***

Имом Алӣ (а): Ҷавононро ба мубоҳисаву ҷидол (-и илмӣ) ва миёнсолонро ба андешидан ва пиронро ба сукут фармон диҳед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.