Муҳаббат калиди равонҳост…

73

(Ҳикматҳое аз Устод Луқмон Бойматов)

Муҳаббат калиди равонҳост, ки дар қалби инсон ҷо гирифтааст.

* * *

Ҳамаи қалбҳо ниёзманди навозишанд. Муроқиби муҳаббат бояд шуд, ки он файз ва фазилати осмонист.

* * *

Ҳамаи мавонеъ ва ранҷҳои зиндагӣ низ бистари такомули инсонанд.

* * *

Ранҷҳо модарони шодиҳоянд.

* * *

Маънии зиндагӣ — ёфтан ва сохтани хеш аст.

* * *

Доираи ҳастии ҳақ маҳдуд нест. Худованд дур нест, инсонҳоянд, ки хештанро аз Ӯ-и танҳо бар дур гирифтаанд.

* * *

Дурӯғ офати зиндагӣ асту хиёнат мухарриби шахсият.

* * *

Кирдори мо ҳосили пиндори мо аст. Интихоби биҳишт ва ҷаҳаннам низ бо худи мост. Тафаккури мо ойинаи мост.

* * *

Хатоҳо ва саҳвҳо ойинаи табиату сиришти мост.

* * *

Руҳи ҳар инсон барои худаш қитъаи кашф нашудаест. Кашшофи руҳи хеш бояд шуд.

* * *

Огоҳ бояд шуд, чун оғози бунёди саъодати хеш ва ободии меҳан аз худшиносист.

* * *

Руҳу Ишқ ва Зебоӣ, дар воқеъ чеҳраи аслии Ҳақиқатанд.

* * *

Имони ҳақиқӣ дар виҷдон ва садоқати шахсият ошкор мегардад.

* * *

Ҷонкоҳтарин яъс он бошад, ки мутмаъинтарин ашхос ханҷари хиёнат бар синаи Садоқат мезананд.

* * *

Дар сухан гуфтан ҳам ҳаё кун! Агар дар гуфторат ҳисси ҳаё нест, яқин медоранд, ки рафторат низ тибқи пиндорат аст.

* * *

Тафаккур ойинаи шахсият аст.

* * *

Ӯ аз ин ки имрӯз иззаташро хор карданд, шодмон буд, чаро ки ҳамеша аз ситоишгаронаш меҳаросид.

* * *

Ҳар зараре ақле зиёда кунад.

* * *

Мардум покиро фаромӯш карда, намехоҳанд бифаҳманд, ки рӯшаноии олам аз ихлосу нияти пок аст.

* * *

Худ зиндагӣ дарёи дониш ва ҳар зарраи хоки Замин маъбада аст.

* * *

Худбинон, ҳатто дар назди Худованд мағруранд.

* * *

Озодагонро бишносед, зеро онҳо худнамоиро дӯст надоранд.

* * *

Зулмати мардум беш аз рӯшаноиаш аст.

* * *

Ҳеч кас наметавонад умеди дигареро ғасб намояд, ҳатто агар ҳукми ҷаҳолат дар ҷомеа ҳокими мутлақ бошад.

* * *

Ватан бо мардумони саодатмандаш ватан аст.

* * *

Ватан ҷоест, ки қалбат аз навозиш ва меҳру муҳаббати одамонаш оромиш дорад ва масъулонаш хиёнат бар ҳаққи ҳеч касе намекунанд.

* * *

Ҳеч кас наметавонад соҳиби андешаи инсони дигаре шавад ва ҳар кас масъули истиқлоли хеш асту роҳи камолаш ҷудост.

* * *

(Манбаъ: “Фиребхӯрдагонем”, Луқмон Бойматов)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.