Иффату покдоманӣ

103

Иффату покдоманӣ дар ривоёти исломӣ ба унвони болотарин шарофатҳо, бартарин ибодат ва камоли неъмат ва хештандорӣ дар кирдору гуфтор дониста шудааст.

Мутолиаи торихи ҳаёти башар дар дуртарин замонҳои зикршуда, ҳамроҳ бо нишонаҳое аз тамассуки ҳамешагии инсон ба ҳифзи покӣ ва эҳтиром ба иффату покдоманӣ аст. Ҳамаи инҳо гӯёи фитрӣ будани иффатталабии инсон мебошад, яъне Худованди Мутаол пок будан ва пок зистанро дар сарнавишт ва ниҳоди башар ба вадиа гузошт.

Дар идома ба чанд маврид аз ривоёт дар ин мавзӯъ ишора хоҳем намуд.

Паёмбари Акрам(с) фармудаанд: “Покдоман бошед то занонатон покдоман бошанд”.

Ва дар ривояти дигар омадааст: “Маҳфуз будани зан, барои саломатиаш муфидтар аст ва зебоии ӯро бодавомтар мекунад”.

Дар ривояти дигаре аз Имом Алӣ(а) нақл шудааст: “Покдомании мард ба андозаи ғайрати ӯст”.

Расули гиромии ислом, ҳазрати Муҳаммад(с) фармудаанд: “Худованд инсони боҳаёи бурдбори покдоманеро, ки покдоманӣ меварзад, дӯст медорад”.

Дар ривояте иффатро асли ҳамаи хубиҳо дониста ва фармудаанд: “ Иффат саромади ҳар хубиҳост”.

Ҳазрати Алӣ(р) дар ривояте иффату покдоманиро меваи мардонагӣ донистаанд: “Решаи мардонагӣ ҳаё ва мевааш покдоманӣ аст”.

Инчунин дар ривояти дигаре покдоманӣ ба унвони бартарин ибодат дониста шудааст: “Бартарин ибодат покдоманӣ аст”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.