Масъулияти дуҷонибаи ҳамсарон

158

Дар мавриди ҳуқуқ ва вазоифи дуҷонибаи зану шавҳар мабоҳиси муҳимме матраҳ шудааст, ки яке аз онҳо ҳисси масъулиятпазирӣ ё эҳсоси масълияти зану шавҳар мебошад.

Яке аз муҳимтарин авомили таъсиргузор дар таъмини саодати хонавода, ҳисси масъулиятпазирии дуҷонибаи ҳамсарон мебошад.

Масъулиятпазирӣ ба маънои эҷоди назм дар умури ҷории зиндагии фардӣ ва хонаводагӣ мебшад, то дар паи он ба саодати дунявию ухравӣ ноил шавем.

Аз фоидаҳои масъулиятшиносӣ, пешрафт ва суръат дар тавсиаи ҳамаҷониба, ислоҳи умур дар муҳити хонавода аст.

Масъулиятпазирӣ ба маънои қабул кардани иттифоқот ва масоили пиромуни зиндагиамон, бидуни он ки бихоҳем ба хотири иттифоқоти рухдода касони дигарро гунаҳкор бидонем. Бинобар ин агар мехоҳем дар зиндагиамон ба маротиби болотаре даст пайдо кунем ва аз зиндагии худ лаззат барем, чорае ҷуз пазириши масъулият надорем.

Аз муҳимтарин аркони масъулиятшиносӣ, барқарор намудани адолат дар хонавода аст. Паёмбари Акрам(с) дар баёни аҳамияти эҳсоси масъулиятпазирӣ фармудаанд: “Як соат адолат беҳтар аз шаст сол ибодат аст, ки шабҳояш ба ибодат ва рӯзҳояш ба рӯзадорӣ бигзарад ва як соат беадолатӣ назди Худованд бадтар аз шаст сол гуноҳ аст”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.