Рафторҳое, ки боиси безории занон аз мардон мешавад

129

Фақат мардон бихонанд!

Ошкор насохтани эҳсосот

Романтик набудан ё ошкор насохтани эҳсосот. Вақте мард романтик буданро комилан фаромӯш мекунад ва аҳамияте барояш қоил нест, ҳамсарашро башиддат озурда мекунад. Зан интизор надоранд, ки ҳамсарашон монанди навҷавонҳои ошиқ рафтор кунад, аммо ибрози мукаррари ишқ ва эҳсосот ба сурати бӯса, як оғӯши ногаҳонӣ ва гарм, додани як шоха гул бидуни ҳеч муносибате ва ё таҳсини зебоӣ ва зоҳири ӯ хостаҳои дурусту баҷои як зан аст.

***

Беназмӣ ва баҳам рехтани хона

Яке аз иллатҳои муҳимми баҳсу муноқишаи зану шавҳарон, беназмии мард дар хона аст.

Беназм ва номураттаб будани мард, боис мешавад, талошҳои зан дар ҳифзи тамизию тозагӣ ва назми хона нодида гирифта шавад.

***

Беаҳамиятӣ нисбат ба корҳои зан

Вақте як хонум аз ҳамсараш мехоҳад барои коре, масалан барои хариди кафш, ӯро ҳамроҳӣ кунад ва мард бо беҳавсалагӣ ва беалоқагӣ рӯ бармегардонад, боиси дилгирӣ ва ранҷиши зан мешавад. Як зан мехоҳад ҳамон тавре худаш нисбат ба алоқамандиҳои шавҳараш аҳамият медиҳад, ӯ низ ба фаъолиятҳои мавриди алоқаи зан аҳамият бидиҳад. Нодида гирифтани корҳои мавриди алоқаи зан боис мешавад, ӯ эҳсос кунад, бар вай беадолатӣ шудааст.

***

Муқоисаи ҳамсар бо дигарон

Марде, ки ҳамсари худро бо дигарон муқоиса мекунад, сабаб мешавад ҳамсараш эҳсоси беарзиш будан кунад. Муқоиса кардан эҳсоси ҳақорат ба зан медиҳад ва фикр мекунад, муҳимтарин зан дар зиндагии шавҳараш нест. Агарчи бештари ин муқоисаҳо мумкин аст бидуни манзур бошад ё ба иллати асабоният гуфта шавад, аммо дар ҳар сурат, осебе, ки ба робитаи зану шавҳар ворид мекунад, ҷиддӣ аст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.