Худшиносӣ – 2

73

Идомаи баҳс

6) Дар оғоз гуфтем, ки “худшиносӣ” барои “худсозӣ” аст. Пас, барои он ки инсон худашро бисозад, аввал бояд бидонад, камоли руҳаш дар чист.

Ҳар яке аз мо, инсонҳо – чӣ диндор ҳастем ё бедин, чӣ донишманд ҳастем ё ғайри донишманд – дӯстдори камолот ҳастем; камолоте аз қабили илм, қудрат, ҳаёт ва ғайра… Яъне, илмро бар ҷаҳл тарҷеҳ медиҳем ва дӯст дорем огоҳ бошем. Қудратро бар заъф тарҷеҳ медиҳем ва дӯст дорем қудратманд бошем (албатта, мурод аз қудрат дар инҷо, фақат қудрати баданӣ ва ҷисмӣ нест, балки илова бар он, қудрати маънавӣ ҳам ҳаст). Ҳаёт ва буданро, бар набудан тарҷеҳ медиҳем ва дӯст дорем ҳамеша бошем… Ва ҳамчунин, дар ин камолот, ба як нуқтаи муайяне иктифо намекунем, балки агар илму огоҳӣ мехоҳем, огоҳӣ ва илми мутлақ ва бепоёнро мехоҳем, на маҳдудро. Шумо касеро дар ин олам пайдо намекунед, ки гуфта бошад, ки ман дар ин нуқта аз илму огоҳӣ иктифо мекунам ва дигар дилам намехоҳад, ки бидонам. Инсон агар ба матлабе огоҳ шавад, мехоҳад ба матолиби дигаре ҳам огоҳ гардад. Хулоса, инсон ҳамин гуна сиришта шудааст. Ӯ ҳамеша ба дунболи камол аст, ва он ҳам камоли мутлақ, на маҳдуд.

Сирраш ҳам дар ин аст, ки инсон саодату хушбахтии худро, дар расидан ба камолот медонад. Ҳама бидуни истисно чунин ҳастанд. Мунтаҳо, як вақт ҳаст, ки касе аз мо камоли воқеиро меёбад ва ором мегирад, аммо яке дигар – ки ӯ ҳам ба дунболи камол аст – ғайри камолро (яъне камолнаморо) камол мепиндорад ва фикр мекунад, вақте ба он расид, оромиш пайдо мекунад ва саодатманд мегардад, ва вақте ҳам расид, мебинад ҳанӯз оромиш наёфтааст. Зеро инсон фақат бо расидан ба камоли воқеӣ оромиш меёбад ва худро саодатманд пайдо мекунад.

Ин пурсиш барои ҳар инсоне матраҳ аст ва ҳатто барои касе, ки на ба Худо имон дорад ва на ба вуҷуди руҳ. Ва он ин ки: чаро “ман” (ҳатто он касе ҳам, ки вуҷуди одамиро фақат ҳамин ҷисм мешуморад), камоли ҷисмро барои худам камол намедонам, балки чизҳоеро барои худ камол меҳисобам ва ба дунболаш ҳастам ва саодати худро дар он мебинам, ки рабте ба камоли ҷисми моддии ман надорад, балки гоҳе ба зарару зиёни ҷисм аст? Масалан, камоли як ҷисм дар ин аст, ки бихӯрад, бихобад, бо ҷуфти худ омезиш кунад ва ғайра. Инҳо албатта барои бақои ҷисм ва саломати он зарурат доранд ва дар ин шакке нест, аммо “ман” онҳоро камоли инсонӣ намешуморам, балки арзишҳое чун азхудгузаштагӣ, кӯмак ба дигарон, садоқат, ростгӯӣ, илм ва ғайраро —ки “арзишҳои инсонӣ” ва ё “фазоили ахлоқӣ”-аш меномам – камол мешуморам ва дӯст дорам, ки чунон бошам. Ҳеч як аз мо инсонҳо ба хӯрдану хобидану омезиш бо ҷуфташ ифтихор намекунад ва асосан дӯст надорад, ӯро ба ин авсоф бихонанд, балки дӯст дорад, ӯро азхудгузашта, мутавозеъ, ростгӯ, содиқ ва ғайра аз арзишҳо бихонанд, ва на танҳо дӯст дорад, ки дигарон ӯро ба ин хислатҳо бихонанд, балки воқеан мехоҳад ба ин хислатҳо ороста шавад. Хулоса, мо одамҳо “инсони комил”-ро касе медонем, ки ба ин хислатҳо ороста аст, на касе, ки хуб мехӯрад, хуб мехобад, хуб бо ҷуфташ омезиш мекунад. Ва ин дар ҳоле аст, ки бештари ин хислатҳо на ин ки камоли ҷисм маҳсуб намеоянд, балки ба зарару зиёни он ҳастанд мисли хислати азхудгузаштагӣ. Масалан, ҳам шиками ту гурусна аст ва ҳам шиками ҳамсояат ва ту як бурида нон ба ҳамроҳ дорӣ ва ҷисмат шадидан ба он ниёз дорад, вале ту он нонро намехӯрӣ ва ба ҳамсояат медиҳӣ. Ин аст исор ва азхудгузаштагӣ. Мо инсонҳо фитратан ин хислатро дӯст дорем, ва баръакс касеро, ки худхоҳ аст, накӯҳиш мекунем.

Вуҷуди ин майл дар ниҳоди мо, худ ҳикоят аз ин мекунад, ки пас мо фақат ҷисм набудаем? Балки асли мо руҳамон будааст, ки камолдӯстӣ ва камолхоҳӣ мутаъаллиқ ба ӯ будааст? Аммо ин ки чаро руҳамон чунин аст ва саодату хушбахтии худро дар расидан ба ин камолот медонад, розаш дар ин аст, ки руҳи мо моддӣ ва мутаъаллиқ ба ҷаҳони модда нест, балки сарчашма дар олами боло дорад. Ӯ болоро мехоҳад, на пойинро. Ӯ мехоҳад боло равад, на ба пойин. Ӯ мехоҳад ба аслаш бипайвандад, ва саодат ва хушбахтӣ ва оромиши худро фақат ва фақат дар пайвастан ба аслаш медонад. Мавлоно Маснавии худро бо абёте шурӯъ кардааст, ки дақиқан ба ҳамин ҳақиқат ишора доранд. Ин китоб беш аз ҳар чизе дигар, як китоби худшиносӣ аст. Мавлоно Маснавияшро чунин шурӯъ карда:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

Най яъне ҳақиқати инсон, руҳи инсон, ҳамон чизе, ки мо аз он ба “ман” таъбир мекунем. Руҳе, ки ватанаш ҷаҳони хокӣ нест, балки ҷаҳоне дигар аст, ҷаҳони болост ва аз он ҷудо шуда ва мехоҳад ба он баргардад. Ӯ, ки аз он олам ҷудо шудааст, аз ин ҷудоӣ шикоят мекунад, ки:

К-аз найистон то маро бубридаанд,

Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Яъне вақте ки руҳи одамӣ аз мартибаи ҷаҳони боло ба ин ҷаҳони моддӣ оварда шуд, сахт ғамгин гардид ва иштиёқ дорад, ки ба асли худ баргардад. Аммо, бо ин ки аз он олам ба ин олам оварда шуд, вале мехоҳад ба он баргардад, ба асли худ бипайвандад. Рози камолҷӯӣ ва камолхоҳии мо инсонҳо ҷуз ин нест.

Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Албатта дар ин ҳақиқат, ки одамизод камолхоҳ ва камолҷӯст (ва ба таъбири Мавлоно, ба дунболи асли худ аст ва мехоҳад ба ӯ бипайвандад), ҳеч кас ҳатто фалосифаи моддигаро ва материалист ҳам тардид надоранд, ва асосан наметавонад касе мункири ин ҳақиқат шавад, зеро як амри бадеҳист.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.