Худшиносӣ – 1

145

Ҳар касе к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгоре васли хеш.

Бештари мо инсонҳо бо ин савол даргир ҳастем, ки худшиносӣ чист ва чӣ гуна бояд ба он расид. Расидан ба худшиносӣ гоҳе душвор аст, аммо бо расидан ба он зиндагии шумо тағйир хоҳад кард. Далоили бисёре нишон додаанд, ки дастёбӣ ба худшиносӣ барои доштани сабки зиндагии дуруст бисёр заруӣ аст.

Ҳоло худшиносӣ чист? Чӣ гуна ба он бирасем? Барои расидан ба посухи ин суол ба чанд нукта бояд таваҷҷӯҳ намоем:

1) Нуктаи аввал ин ки: худшиносӣ яъне шинохтани “хештан”, огоҳӣ пайдо кардан ба “хештан” ва ин ки ман ба унвони инсон, бидонам чистаму кистам. Албатта, “худшиносӣ” ба маънои огоҳӣ пайдо кардан ба “худам” ба унвони ин ки номам чист, насабам чист, падару модарам кистанд, дар куҷо таваллуд шудаам, дар куҷо зиндагӣ мекунам, вазнам чанд кило аст, масалан қаддам чанд метр аст ва ғайра… намебошад. Манзур аз “худшиносӣ” ҳаргиз инҳо нест. Ва агар рӯи ин умур унвони “худшиносӣ” ҳам ниҳоданд, ин як “худшиносии шиносномаӣ” аст, на худшиносие, ки мавриди назар аст.

2) Нуктаи муҳимми дигар дар ин мавзӯъ ин аст, ки: бояд донист, худшиносӣ – ки тавзеҳаш хоҳад омад – худаш ҳадаф нест, балки васила аст барои як ҳадафи дигар ва он ҳадаф, “худсозӣ” аст. Ба сухани дигар, инсон бояд “худаш”-ро бишносад ва ба худаш огоҳӣ пайдо кунад, то бар асоси ин огоҳӣ ва шинохт, худро “бисозад.” Ба баёни беҳтар, худшиносӣ барои худсозӣ аст.

3) Нуктаи севвум ин ки: худшиносӣ, дар ду сатҳ матраҳ аст: сатҳи фардӣ ва сатҳи гурӯҳӣ. Ва ҳар ду муҳимманд. Яъне, ман ба унвони як инсон, аввалан худамро ҳамчун як фард бояд бишносам ва сониян, ба унвони ҷузъе аз як гурӯҳ (ҷомеаи инсонӣ), ба худам огоҳӣ дошта бошам.

4) Дар сатҳи фардӣ, бояд донист, ки инсон дорои ду ҷанба аст: ҷанбаи ҳайвонӣ ва ҷанбаи инсонӣ. Инсон, дар ҷанбаи ҳайвонии худ, фарқе бо дигар ҷонварон надорад. Яъне инсон ҳам, мисли соири ҷонварони рӯи замин, нафас мекашад, мехӯрад, мехобад, бо ҷуфташ омезиши ҷинсӣ мекунад ва ғайра… Дар ҷанбаи ҳайвонии инсон, аслан баҳси “худшиносӣ” (ба унвони як истилоҳ ва термин) матраҳ нест. Ва агар баҳсе дар ин ҷанба бошад, ӯҳдадори он, илми зистшиносӣ ва равоншиносии моддӣ ва то ҳадде пизишкӣ аст. Равоншиносӣ ва равонковии ҷадид, баҳсҳои бисёр ҷолибе — ба хусус дар қарнҳои 20 ва 21 — дар бораи инсон ба унвони як модда, анҷом додаанд ва то ҳадде, ба баъзе аз пурсишҳое дар бораи инсон, ки дар қадим матраҳ буд ва гумон мерафт, ки ӯҳдадори он, фалсафа (баҳси инсоншиносии фалсафа) мебошад, посух додааст. Аммо бо ин ҳама, боз ҳам мавзӯи “худшиносӣ” аз қаламрави ин илмҳо, ки сару кораш бо модда аст, берун аст.

Бинобар ин, баҳси “худшиносӣ” марбут ба “ҷанбаи инсонӣ”-и инсон аст. Ва дар ин ҷиҳат, нахуст бояд донист, ки “ман”-и инсон кадом аст; оё ҷасади ӯст ё чизе дигар.

5) Инсон мавҷудест таркибёфта аз ҷисм ва руҳ. Албатта, ин таркиб, як таркиби шимиёӣ нест, ки қисмате аз инсон ҷасад ва ҷисм бошад ва қисмати дигараш руҳ. Чунин нест.

Ҷисм, ки медонед чист. Ҳамин бадани мост бо аъзояш, аз дасту пову сару гардану соири аъзо. Ва аммо руҳ чист? Руҳ, аслан аз синхи модда ва энержӣ нест. Ва ҳатто ин ҳам нест, ки руҳ як чизи бисёр латиф бошад, ки агарчӣ дида намешавад, вале ба ҳар ҳол дар олами модда (яъне ҳамин ҷаҳоне, ки дар он зиндагӣ мекунем) бошад. Балки руҳ мутаъаллиқ бо оламе дигар аст. Ин ҷаҳон бо ин ҳама густурдагияш – аз замину хуршеду манзумаи шамсӣ то ҳамаи каҳкашонҳо ва ситораҳо – инҳо ҳама моддӣ ва мутаъаллиқ ба олами модда ҳастанд. Як вежагии муҳимми олами модда ин аст, ки ҳамаи мавҷудоти моддӣ, дар ҳоли тағйир ва таҳаввули доимӣ ҳастанд. Дар олами модда, чизе ҳолати сукуну истоӣ надорад. Ҳеч чиз. Ҳамин ҷисме, ки мо инсонҳо дорем, дар тағйиру таҳаввули доимӣ аст. Яъне, бадани мо як соат пеш, ғайр аз бадани мо дар ин соат аст. Ва тамоми ҳуҷайраҳое, ки бадани мо аз онҳо ташкил шудаанд, дар ҳоли ҳаракати доим ҳастанд ва мураттаб ҳуҷайраҳое мемиранд ва ҷойи худро ба ҳуҷайраҳои ҷадид медиҳанд.

Ва аммо руҳ муҷаррад аст (муҷаррад яъне ғайри моддӣ) ва бар хилофи мавҷудоти моддӣ, дар тағйиру таҳаввул намебошад, ҳарчанд камолу нақс дорад, ки баҳсаш ҷудост. Барои исботи ин матлаб, як мисол бизанам, ки бештари фалосифа (аз ҷумла Ибни Сино) барои таҷарруди руҳ, ҳамин мисолро задаанд. Агар фарз бикунем, ки инсон фақат ҳамин ҷасад мебуд, дар ин сурат, мебоист мо ҳаргиз дар худамон, ваҳдат ва якпорчагӣ (яъне “ман”-и воҳид ва ягона)-ро эҳсос намекардем. Барои чӣ? Ба ин далел, ки ҷасаде, ки масалан дар синни 10-солагиам доштам, ғайр аз ҷасаде аст, ки алъон (масалан, дар синни 40-солагӣ) дорам. Зеро бадани ман, бо тамоми аъзояш, дар муддати 30 сол, чанд бор дигаргун шуда ба гунае ки аз чизҳое, ки 30 сол пеш буд, ҳеч чиз боқӣ намонда. Яъне, як бадани комилан дигар бо тамоми аъзояш — аз дилу ҷигару мағзу ғайраву ҳоказо — шуда. Аммо бо ин вуҷуд, эҳсос мекунам, ки “ман” дар ҳоли ҳозир, ҳамон “ман”-ам, ки 30 сол пеш будам. Бале, баданам бузург ва бар огоҳиҳоям афзуда шуда, вале “ман” манам, на касе дигар.

Ҳол, ин эҳсоси ваҳдат ва якпорчагӣ (ман манам), ношӣ аз чист? Чаро ман эҳсоси ваҳдат мекунам? Чаро бо дигаргун шудани тамоми аъзои баданам, боз ҳам эҳсос мекунам, ман манам?

Посух ин аст, ки ин эҳсоси ваҳдат (ман манам), рабте ба ҷасад ва колбади моддӣ надорад. “Ман”-и инсон, ҳамон руҳи ӯст. Асосан, асл, асос ва реша дар инсон, руҳи ӯст. Ҷасад ва колбад фақат як маркаб аст, ки дар ин дунё мо ночорем дар он бошем. Ҷасади инсон мисли як либос аст, ки иваз мешавад. Инсон вақте мемирад, на ин аст, ки ба куллӣ аз байн биравад, балки фақат ин либосро дур меандозад ва ин либос (ҷасад) мепӯсад ва аммо руҳи ӯ мунтақил мешавад ба олами дигар.

Пас, натиҷа он шуд, ки вақте сӯҳбат аз “худ”-и инсон меравад, сӯҳбат аз руҳи ӯст, сӯҳбат аз ҳамон чизест, ки аслу асоси инсон ба шумор меравад, на ҷасад ва колбади моддии ӯ.

Пас, манзур аз “худшиносӣ”, шинохти руҳамон аст. Ин нуктаро ҳам изофа кунам: ин ки мегӯем, аслу асос дар инсонҳо, руҳи онҳост, ин матлаб рабте ба диндор будан ва ё бедин будани мо надорад. Яъне чунин нест, ки чун мо диндор ҳастем ва ба Худо имон дорем ва дар манобеи динӣ сухан аз руҳ шудааст, пас мо эътиқод ба таркиби инсон аз руҳу ҷисм дошта бошем. Чунин нест. Зеро бисёре аз мактабҳои фикрӣ ҳатто мактабҳои ғайридинӣ низ, мӯътақиданд, аслу асос дар инсонҳо руҳи онҳост. Ин танҳо моддигароён ва атеистҳо ҳастанд, ки эътиқоде ба вуҷуди руҳ надоранд; зеро онҳо мӯътақиданд, чизе, ки дида намешавад ва ё ба таҷриба дарнамеояд, қобили бовар нест.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.