Гулчине аз аҳодиси Набии Гиромӣ(с)

46

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

“Моле судмандтар аз ақл нест”.

“Ҳеч ибодате чун фикр кардан нест”.

“То ақли касеро насанҷед, ба исломаш хушдил набошед”.

“Мабодо чун шиддате рӯ овард, таманнои марг кунӣ!”

“Вафо ба аҳд аз имон аст”.

“Ҳар кӣ шукри мардум накунад, шукри Худо накардааст”.

“Фақре сахттар аз нодонӣ нест”.

“Мӯъмин аз як сӯрох ду бор газида намешавад”.

“Ҳеч танҳоӣ аз худписандӣ ваҳшатзотар нест”.

“Ҳеч парҳезгорӣ чун худдорӣ аз гуноҳ нест”.

“Беш аз се рӯз қаҳр ҷоиз нест”.

“Модоме ки бандае дар интизори намоз аст, савоби намоз дорад”.

“Ба бародарат шамотат накун, ки мумкин аст Худо ӯро офият бахшад ва туро гирифтор кунад”.

“Соилро маҳрум макун, агарчӣ ба як нисфи хурмо”.

“Ғайбати мусалмононро накунед, ва дар ҷустуҷӯи айбҳои онҳо набошед”.

“Пардаи асрори касеро надаред”.

“Ҳеч амали некеро кучак машмор”.

“Мабодо маҳобати касе шуморо аз амал ба ҳақ боздорад, ки ҳақро бишносед ва амал накунед”.

“Мабодо касе бо зани бегона дар маҳалли хилват бимонад, ки нафари севвум шайтон аст”.

“Хушгумонӣ ибодати хуше аст”.

“Дини Худо саҳлу сода аст”.

“Дини Худо мустақим ва осон аст”.

“Савоби силаи раҳм, аз ҳар ибодате зудтар мерасад”.

“Он ки ҳалоли Худоро ҳаром кунад, мисли касе аст, ки ҳаромро ҳалол намояд”.

“Соҳиби ҳақ ҳаққи сухан дорад”.

“Беҳтарин некиҳо, хӯйи нек аст”.

“Худо бандагоне дорад, ки бо фиросат мардумро мешиносанд”.

“Амали андак бо илм зиёд аст ва амали бисёр бо ҷаҳл андак”.

“Банда бо хӯйи хуш ба дараҷаи рӯзадорони шабзиндадор мерасад”.

“Ҳар дине ахлоқи хоссе дорад, ва хӯйи махсуси дини ман ҳаёст”.

“Ҳар раҳраве мақсаде дорад, ва мақсади ниҳоии ҳама марг аст”.

“Ҳасад аъмоли некро мехӯрад чунон ки оташ ҳезумро”.

“Беҳтарин чизе ки мардумонро ба биҳишт мерасонад, тақво ва хӯйи хуш аст”.

“Қазоро ҷуз дуо барнагардонад”.

“Умрро ҷуз эҳсон чизе дароз накунад”.

“Шокиртарини мардум нисбат ба Худо, ҳақшиностарини онҳо нисбат ба бандагон аст”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.