Ҷойгоҳи илмомӯзӣ дар ривоёт

42

Фарз будани донишомӯзӣ

Паёмбари Акрам(с) фармудаанд: “Донишомӯзӣ бар ҳар инсоне фарз аст. Худованд илмомӯзонро дӯст медорад”.

***

Фазилати донишомӯзӣ

Расули Акрам(с) фармудаанд: Ҷӯяндаи дониш дар паноҳи инояти Худованд аст”.

***

Осори илми бидуни амал

Паёмбари Акрам(с) фармудаанд: “Ҳар кас бидуни шинохт ва дониш кореро анҷом диҳад, харобкории ӯ бештар аст то ончи сомон медиҳад”.

***

Камоли дин

Аз Имом Алӣ(а) нақл шудааст: “Эй мардум, бидонед, ки камоли дин дар омӯхтани дониш ва амал кардан ба он аст. Огоҳ бошед, ки донишомӯзӣ бар шумо фарзтар аз касби мол аст”.

***

Фазилати олим

Аз Имом Боқир(а) нақл шудааст: “Олиме, ки аз илми ӯ баҳра баранд, аз ҳафтод ҳазор обид бартар аст”.

***

Арзиши илм

Дар ривояте аз Имом Содиқ(а) дар мавриди арзиши илм нақл шудааст: “Ё донишманд бош, ё доноишҷӯ, ё дӯстдори донишмандон. Ва душмани дониш ва аҳли он мабош, ки ҳалок шавӣ!”

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.