Тақвияти эътимод ба нафс ва худбоварӣ

77

Эътимод ба нафс ва худбоварӣ

Афроде, ки эътимод ба нафси болое доранд (худбоварӣ доранд), барои худ арзиш қоиланд. Хешро лоиқи таваҷҷӯҳ медонанд ва дигаронро ҳам мавриди таваҷҷӯҳ қарор медиҳанд. Сӯҳбатҳо ва суханони дигаронро мешунаванд ва арзиши худро барои шинохти хеш ва атрофиён ҳифз мекунанд.

Агар мехоҳем эътимод ба нафс ва худбоварӣ дошта бошем, хуб аст нукоти зерро риоят кунем.

1 – Нахустин қадам дар муваффақият худшиносӣ аст. Бинобар ин, аввал бояд талош кунем шинохти дурусте аз худ ва хусусиёти ахлоқӣ ва шахсиятии хеш ҳосил кунем. Ёдамон наравад, ки ҳеч кас комил нест ва мо ҳам эроде ва ё мушкиле дорем, ки шояд худамон аз он огоҳӣ надорем. Барои огоҳӣ ёфтан аз мушкилот ва эродоти худ, метавонем аз ашхоси босалоҳит ва ё аз мушовир ва мутахассисон кӯмак бигирем.

2 – Барои ин ки аз худамон берун биёем, аз ҳамсар ё дӯсти самимиамон суол кунем, ки имрӯз чӣ коре метавонем барояш анҷом диҳем.

3 – Бештар аз он ки ба натиҷаи кор фикр кунем, беҳтар аст тамоми неруи хешро ба кор гирем то масъулияте, ки ба ӯҳдаи мост, ба бартарин наҳв анҷом диҳем. Дар воқеъ аввалин ҳадаф дар анҷоми вазоифаамон бояд доштани виҷдони корӣ, диққату кӯшиш бошад. Бо интихоби ин улгу, ҳатто дар сурате ки ба муваффақият ҳам ноил нашавем, виҷдони осуда хоҳем дошт ва латмае ба эътимод ба нафси мо ворид нахоҳад шуд.

4 – Варзиш. Барои доштани эътимод ба нафс, нақши варзишро набояд фаромӯш кунем. Асароти равонии варзиш боиси эҳсоси хубе дар мо мешавад.

5 – Дар замони ҳол зиндагӣ кунем. Агар дар замони ҳол зиндагӣ кунем ва тамоми энержии худро ба лаҳза мутамаркиз намоем, фардои мо ҳам тазмин хоҳад гардид, зеро фардои мо маҳсули амалкарди дурусти имрӯзи мост. Дар сурате ки умри хешро дар ҳасрати рӯзи гузашта ё нигаронии фардо сипарӣ кунем, лаҳзаҳоро аз даст хоҳем дод ва ин ба маънои аз даст додани фардо низ хоҳад буд.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.