Ҷавон ва масъулият

96

Ҷавон ва масъулиятшиносӣ

Саволи аслӣ дар мавзӯи масъулиятпазирӣ ин аст, ки ман ба унвони як фард, як шахси оддӣ, дар масоили шахсиам, дар кадом заминаҳо бояд масъулиятпазир бошам?

Дар ин ҷо бояд ба ин нукта ишора намоем, ки масъулиятпазирӣ дар мавриди худамон – ахлоқамон, рафторамон, афкор, боварҳо ва нигаришҳоямон хеле муҳим аст.

Агар ба ин масъалаи диққат дошта бошем, ки ҳамаи мо як масъулияти шахсӣ дар баробари худамон ва дигарон дорем, дар ин сурат камтар пеш меояд, ки бо рафторҳо ва одатҳои иштибоҳи худамон боиси озору азияти касе бишавем.

***

Достони писари танбал

Марде писари танбале дошт, ки ҳамеша аз кору масъулият мегурехт ва ҳама чизро ба шӯхӣ мегирифт, ҳеч чиз барояш ҷиддӣ набуд. Рӯзе падар писарашро назди Шивоно бурд. Шивоно марди ҳакиме буд, ки дар рустое, дар Ҳинд зиндагӣ мекард ва шогирдони зиёдеро дар мактаби худ парвариш медод ва ба онҳо дарси зиндагӣ, бузургворӣ, эҳтиром ба табиат ва ғайраро меомӯхт.

Мард ба Шивоно  гуфт: Эй ҳакими бузург, аз шумо мехоҳам, ба ин писари ман чизе бигӯед, насиҳате кунед, ки даст аз ин танбалию бетафовутӣ бардорад ва мисли бачаҳои дигар ба кору талош бипардозад.

Ҳаким Шивоно бо лабханде ба писар нигоҳ кард ва гуфт: Писарам, агар ту ҳамин бошӣ, ки падарат мегӯяд, зиндагии сахту душворе дар оянда туро интизор аст. Оё инро медонӣ?

Писари танбал дар ҷавоб, фақат шонаҳояшро боло кашид ва гуфт: Муҳим нест.

Шивоно бо табассум гуфт: Офарин ба ту, ки чизе барои гуфтан дорӣ. Акнун ман хоҳиш мекунам, ҳаминро, ки мегӯӣ, бо ҳарфҳои калон рӯи ин тахта бинавис. Ва барои истироҳат бо падарат чанд рӯзе меҳмони мо бошед.

Субҳи рӯзи баъд, вақте ҳамаи шогирдон барои хӯрдани субҳона ҷамъ шуданд, Шивоно ба ошпаз гуфт, ки барои писари танбал хӯрокро бисёр кам бирезад. Хӯрок ба ҳадде кам буд, ки писар метавонист фақат рӯи пояш биистад.

Писар таоми камро хӯрд ва бо нороҳатӣ назди Шивоно омад ва ба эътироз гуфт: Ин ошпази мактаби шумо барои ман хӯроки бисёр каме дод.

Шивоно бе он ки сухане бигӯяд, ба навиштае, ки шаби гузашта писар рӯи тахта навишта буд, ишора кард ва гуфт: Ин навиштаро бо садои баланд бихон! Чизе, ки худат навишта будӣ!

Рӯи тахта навишта шуда буд: Муҳим нест.

Ин барои писари танбал бисёр гарон афтод. Вақти хӯроки нисфирӯзӣ шуд. Дубора хӯроки бисёр каме насиби ӯ шуд. Ин дафъа писар ба ҳамроҳии падараш барои эътироз назди ҳаким омад ва гуфт: Агар ман ин тавр хӯрок хӯрам, мемирам!

Шивоно дубора ба тахта ишора кард ва гуфт: Ҷавоби ту ҳамин аст, ки ҳамеша мегӯӣ, муҳим нест!…

Рӯзи севвум, писари танбал, зору гурусна назди Шивоно омад ва гуфт: Хоҳишмандам, ба ман бигӯед, ки агар бихоҳам хӯроки бештаре бихӯрам, чӣ кор бояд кунам?

Шивоно ӯро бо худаш ба ошхона бурд ва гуфт: То нисфирӯзӣ, ҳарчи ошпаз мегӯяд, анҷом бидеҳ!

Писари танбал то нисфирӯзӣ дар ошпазхона кор кард ва хӯроки нисфирӯзиро ба қадри кофӣ ва серӣ хӯрд. Ӯ хушҳолу хандон назди Шивоно омад ва гуфт: Чӣ хуб шуд! Барои наҷот аз гуруснагӣ дар мактаби шумо роҳе пайдо кардам! – Ва баъд хушҳолу хандон ба сӯи ошпазхона баргашт, то хӯроки шабашро таъмин кунад.

Падар бо тааҷҷуб ба Шивоно нигоҳ кард ва аз ӯ пурсид: Эй ҳаким, рози ба кор афтодани фарзандам дар чӣ буд?

Шивоно бо ханда ҷавоб дод: Ӯ ҳақ дошт бигӯяд, муҳим нест, чун ки ҳамеша шумо бори масъулияти ӯро бар дӯш мекашидед. Бинобар ин барои ӯ ҳеч чиз муҳим набуд. Аммо вақте ки мавзӯи гуруснагии худаш пеш омад, фаҳмид, ки масъала ҷиддӣ аст ва ин ҷо дигар ҷои бозӣ нест. Барояш муҳим шуд ва маънои муҳим буданро фаҳмид.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.