Ҳар моҳ дар Тоҷикистон 1000 оила вайрон мешавад

140

Ҳар рӯз дар Тоҷикистон 34 ҷуфт аз ҳам ҷудо мешаванд. Дахолати ҷониби сеюм, зӯроварӣ ба зан, вазъи иқтисодӣ, ҷудоии тӯлонии ҳамсарон, надоштани хонаи алоҳидаро аз омилҳое меноманд, ки “сутуни асосии ҷомеа” дар ҳар кишвар аз ҷумла Тоҷикистонро мешиканад.

Ҷомеашиносон мегӯянд, мушкилот дар оилаҳоро бояд ҷиддӣ гирифт, чун дар оянда барои кишвар оқибатҳои бад дорад. Фарзонаи 25-сола аз Душанбе бо як фарзанд дар хонаи пайвандон ба сар мебарад. Вай мегӯяд, гунаҳкори ҷудоиашон дахолат ва муносибати волидони ҳамсар ба зиндагиашон шуд.

Фарзона мегӯяд, умед дошт, баъди як муддати зиндагӣ дар хонаи волидон шавҳараш ӯро дубора ба хонаи худ мебарад, вале ним сол баъд оилаашон аз ҳам пошид. Фарзона зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ мегирист: “Мо бар пояи муҳаббат издивоҷ кардем. Вақте ҳомила будам, шавҳарамро артиш бурданд. Тифл ба дунё овардам, зиндагии мо хуб буд. Ҳарчанд волидони шавҳарам маро назди писарашон бад мекарданд. Ин ҳама билохира тавонист, ба зиндагии мо таъсир гузорад ва баъди се соли зиндагӣ ҷудо шудем.”

Фарзона бо ҳукми додгоҳ бояд дар хонаи шавҳари собиқ маскун мешуд, вале бо писари ягонааш ду соат онҷо монд ва аз тарсу таҳдиди хонаводаи шавҳар хонаро тарк кард. Ҳоло ба ҳайси ҳуруфчин кор мекунад ва рӯзгори худу яккаписарашро пеш мебарад.

Бар асоси омори расмӣ, ҳар рӯз дар Тоҷикистон, 34 зан мисли Фарзона аз шавҳар ҷудо мешаванд, ё талоқ мегиранд ва ҳамингуна ҳар рӯз даҳҳо тифл нимаятим мемонанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ҷудо шудани хонаводаҳо назар ба соли 2018 ҳудуди 11 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар 9 моҳ бештар аз 9 ҳазор оила вайрон шудааст. Ҳар моҳ ҳазор оила.

Мадина Тошова, масъули ҳуқуқии Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯяд, илова ба мушкилоти зиёд дар ҷомеаи Тоҷикистон, муҳоҷирати кории мардон ба Русия як сабаби ҷиддии талоқу ҷудоиҳо шудааст. Ба қавли ӯ, теъдоди афзояндаи мардон барои дарёфти шаҳрвандии Русия ақди никоҳи расмии худро дар Тоҷикистон беэътибор мекунанд. Издивоҷ бо зани рус барои онҳо як роҳи кӯтоҳ ва осони ба даст овардани шаҳрвандии кишварест, садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро мизбонӣ мекунад.

Ҳар сол аз Тоҷикистон ҳазорон нафар ба Русия барои кор мераванд ва аз ҳамсару фарзандон на камтар аз як сол дур мемонанд. Баъзе аз ҷавонон ҳамсари рус мегиранду ба зиндагии беҳтар одат мекунанд ва дигар намехоҳанд, ба зодгоҳ баргарданду бимонанд. Аз сӯи дигар ба гуфтаи хонум Тошова, баъзе аз мардон бо вуҷуди буридани ақди расмии никоҳ, бо ҳамсарони худ мемонанд ва бар асоси никоҳи мусалмонӣ зиндагӣ мекунанд, вале расман дар аснод хонаводаи ҷудошуда ба ҳисоб мераванд.

Мадина Тошова мегӯяд, дар сурати ҷудоии расмӣ, фақат занон ба мушкили зиёд дучор мешаванд“Дар ин ҷо масъалаи тақсими молу мулк пеш меояд ва ҳангоме, ки никоҳи расмӣ набошад, зан ҳақ надорад, даъвои молу мулк дошта бошад ва ба додгоҳ муроҷиат кунад”. Бо гирифтани талоқ мушкилоти зиндагӣ барои занон дучанд мешавад. Бештар занон ва кӯдакон танҳову нодор мешаванд. Қонуни асосии Тоҷикистон оиларо асоси давлат эътироф кардааст ва ду моддаи Сарқонун ба модар, кӯдак ва оила бахшида шудааст. Аммо то куҷо давлат шиори худро, ки оиларо дастгирӣ ва муҳофизат мекунанд, амалӣ менамояд?

Мадина Тошова, масъули ҳуқуқии Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯяд: “Кумита барои баланд бардоштани ҳуқуқу маърифати оиладорӣ бо дигар вазорату идораҳо миёни ҷавонон барномаҳо амалӣ мекунад. Аз ҷумла давлат “Қонун дар бораи мубориза бо зӯроварӣ дар оила” – ро қабул кардааст ва Барномаи давлатии пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 вуҷуд дорад”.

Барномаҳое, ки ҳомиёни ҳуқуқ нокофӣ медонанд. Чанд сол пеш ба сабаби зиёд шудани талоқ дар Тоҷикистон, ҳукумат соли 2015-ро соли оила эълон кард ва маъракаҳои тарғиботие барои ҳифзи оилаву оиладорӣ ба роҳ монд. Аммо зоҳиран Соли оила ва барномаҳои баъди он ҳам натиҷаи зиёд надодаанд, ки вайрон шудани “сутуни асосии ҷомеа” дар Тоҷикистон суръат гирифтааст.

Ба нақл аз сомонаи “Озодӣ”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.