Зи гаҳвора то гӯр, дониш биҷӯй

309

Зарурати омӯхтан бар ҳамаи мусулмонон

  1. Паёмбари Худо (с): “Ҷустани дониш бар ҳар марду зани мусулмон фарз аст.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Ҷустани дониш бар ҳар мусулмоне фарз аст. Огоҳ бошед, ки Худованд ҷӯяндагони донишро дӯст дорад!”
  3. Паёмбари Худо (с): “Донишро биҷӯед, ҳарчанд дар Чин бошад, зеро ҷустани дониш бар ҳар мусулмоне фарз аст.”
  4. Паёмбари Худо (с): “Донишро биҷӯед, ки риштаи миёни шумо ва Худованди азза ва ҷалла аст.

Дар бораи «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй»

Ин ҷумлаи маъруф мансуб ба Паёмбари Худо (с) аст, ки фармуд: “Утлубул-илма минал маҳди илал лаҳд”, яъне аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯед. (Одоб-ул-мутааллимин, саҳ. 111).

Фирдавсӣ низ ин каломро чунин ба шеър дароварда:

Чунин гуфт пайғамбари ростгӯй

Зи гаҳвора то гӯр, дониш биҷӯй.

Фазилати толиби илм

  1. Паёмбари Худо (с): “Толиби илм дар миёни нодонон, монанди зинда дар миёни мурдагон аст.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас дар талаби илм берун равад, дар роҳи Худо аст, то он гоҳ ки баргардад.”
  3. Паёмбари Худо (с): “Агар марги толиби илм дар ҳоле расад, ки ӯ дар талаби илм бошад, шаҳид мурдааст.”

Бартарии талаби илм бар ибодат

  1. Паёмбари Худо (с): “Касе ки дар пайи бобе аз дониш берун меравад, то бо он ботилеро ба ҳақ ё гумроҳиеро ба ҳидоят баргардонад, кирдораш монанди чиҳил сол ибодати обид аст.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Эй Абӯзар! Агар бархеӣ ва ояте аз китоби Худоро фаро гирӣ, бароят беҳтар аз сад ракъат намоз аст, ва агар бархезӣ ва бобе аз донишро фаро гирӣ, хоҳ ба он амал шавад ва хоҳ нашавад, беҳтар аз он аст, ки ҳазор ракъат намоз бихонӣ.”
  3. Паёмбари Худо (с): “Бобе аз донишро, ки инсон фаро мегирад, барояш беҳтар аз ҳазор ракъат намози мустаҳаббӣ аст.”

Фоидаҳои талаби илм

а) Дӯстии Худо:

  1. Паёмбари Худо (с): “Толиби илмро Худованд дӯст медорад ва фариштагону паёмбарон низ ӯро дӯст медоранд.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Инояти Худованд толиби илмро фаро гирифтааст.”

б) Эҳтироми фариштагон:

  1. Паёмбари Худо (с): “Фариштагон болҳояшонро аз сари хушнудӣ барои толиби илм мегустаронанд.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Ҳангоме ки касе дар талаби илм берун равад, Худованд барои қадамҳои ӯ подош менависад ва ҳангоме ки ӯ ва олиме мулоқот кунанд ва аз амри Худованди Мутаол сухан ба миён оваранд, фариштагон бар онҳо соя меафкананд ва аз болои сарашон нидо дода мешаванд, ки «Ман шуморо омурзидам».

в) Тазмини ризқу рӯзӣ:

Паёмбари Худо (с): “Ҳамоно Худованди Мутаол рӯзии толиби илмро махсусан, афзун бар он ки барои дигарон тазмин кардааст, ба ӯҳда гирифтааст.”

Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас дар дини Худо тафаққуҳ кунад, Худованд ҳамму ғаммашро кифоят мекунад ва аз ҷое ки худаш ҳам гумон намебарад, рӯзияшро мерасонад.” (Тафаққуҳ ба маънои фаҳми амиқ аст).

г) Омурзишталабии ҳама чиз:

  1. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас ки дар осмону замин аст, ҳатто моҳиёни дарё, барои толиби илм омурзиш металабанд.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Толиби илм дар назди Худо аз ҷиҳодгарону марздорон ва ҳоҷиёну умрагузорон ва мӯътакифону муҷовирони хонаи Худо бартар аст ва дарахтону бодҳо ва абрҳову дарёҳо ва ситорагону гиёҳон ва ҳар ончи офтоб бар он метобад, барои вай омурзиш талаб мекунанд.”

д) Осон шудани роҳи биҳишт:

  1. Паёмбари Худо (с): “Ҳеҷ кас роҳеро дар талаби илм напаймуд, магар он ки Худованд роҳи биҳиштро барояш ҳамвор намуд.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Ҳар кас роҳеро дар талаби илм бипаймояд, Худованд роҳеро ба сӯи биҳишт барояш мекушояд.”

Ҳушдор дар бораи тарки омӯхтан

  1. Паёмбари Худо (с): “Мардум ду гунаанд: донишманд ё донишҷӯ, ва дар ғайри ин ду даста хайре нест.”
  2. Паёмбари Худо (с): “Хайре дар зиндагонӣ нест, магар барои ду кас: донишманди пайравишуда ё шунавандаи фарогиранда.”
  3. Паёмбари Худо (с): “Ё донишманд бош ё донишҷӯ ва ё донишмандонро дӯст бидор ва чаҳорумӣ (душмани донишмандон) мабош, ки бо душманиашон ҳалок мегардӣ.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.